Морхӯр: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
[[Image:Markhor.jpg|thumb|right|Морхӯр]]
 
'''Морхӯр''', бузи [[кӯҳ]]ӣ, бузи пармашох (Capra falconeri (Orthaegoceros), [[хайвони чуфтсуми]] [[вахши]]-ест аз чинси [[буз]]. Дар [[Тоҷикистон]] як зернамуди Морхӯр маълум аст. Морхӯр калонҷусса, дарозиаш 175-190 см ва кадаш 90-115 см, пойхои дарозу пуркувват ва шохи парма дорад. Вазни Морхури нар 86-109кг109 кг ва модааш 32-41кг41 кг мебошад. Морхури нар риши дароз (то 30 см) дорад.
 
[[Image:Gorges du Verdon Goat-Rove-brown 0255-1.jpg|thumb|Морхӯр]]
 
Морхур - пармашох, дакки Capra (Orthaegoceroc) falconery], хайвони чуфтсуми вахши. Чуссааш калон (дарозии наринааш 155–170155-170 см, вазанаш 80–10980-109 кг; модинааш 140–150140-150 см, вазнаш 32–4132-41 кг), пойхои дарози пурқувват, шохи пармашакли вазнин (3735 г) дорад (хачм ва шакли шохи Морхур хар хел аст). Рангаш бури малла, ашхаби ё хокистарранги [[сафед]]. Морхури нар «риш» (дарозиаш то 30 см) дорад. Пашми Морхур вобаста ба фасли сол тагйир меёбад ([[зимистон]] дарози махин ва тобистон нисбатан кутохи тунук мешавад). Даври хамлааш 5–65-6 мох; 1–21-2 бача (апрел ё июн) мезояд. Морхур хайвони хоси кухистон (баландихои 2000–28002000-2800 м аз с. б.) аст. Дар Точикистон факат дар чанубу гарби каторкуххои Дарвоз ва Хазратишох сукунат дорад. Хурокаш [[алаф]] ва шоху [[барг]]и баъзе [[дарахт]]он мебошад. Мувофики баъзе маълумотхо саршумори Морхур дар чумхури аз 1000 сар бештар нест. Солхои охир саршумори Морхур боз хам камтар шудааст. Бино ба маълумоти идораи шикор, хочагии [[шикор]] ва курукхои Комитети давлатии хочагии ҷангали ҷумҳурӣ саршумори Морхур ҳамаги 400 сар аст (1984). Сабаби асосии кам шудани Морхур шикори ғайриконуни, сохтани роҳҳои мошингард, хуҷуми даррандагон ва ғайра мебошад. Бо мақсади муҳофизати Морхӯр дар [[Тоҷикистон]] куруки «Даштичум» бунёд карда шудааст, ки дар он кариб 150 сар Морхӯр зиндагӣ мекунад. Морхӯр ба «Китоби сурхи байналхалқӣ», «Китоби сурхи СССР» ва «Китоби сурхи РСС Точикистон» дохил шудааст. Шикори Морхӯр дар ҷумҳурӣ аз соли [[1956]] манъ мебошад.
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Морхӯр"