Фарқият байни намунаҳои "Омударё"

х (робот ҳaвз карда истодааст: da:Amu Darja)
== Решашиносии ном ==
 
Куҳантарин номи торихии ОмударёАмударё Вахш буда, ки бархоста аз вожаи «vaxšu-» дар эронии бостон аст ва маънояш «боланда, фазоянда» аст. Ҳамин номро юнониён «Ὄξος» навиштанд ва румиён онро лотинӣ карданду «Oxus» нигоштанд. Ин вожа дар номи рӯдҳои Вахшу Вахон (ва эҳтимолан дар номҳои Вахиё ва Ахшу ё Кӯлобдарё, ки туркона Оқсуяш хонем) боз мондааст.
 
Дар даврони бостон рӯди Вахшро сарчашмаи аслии ОмударёАмударё мешумурдаанд, аз ин рӯ номи бостонияш бар ин рӯд боз мондааст.
 
Гетинигорони даврони исломӣ Ҷарёбро сарчашма медонистанд, ки акнун [[Панҷ (рӯд)|Панҷ]] номида мешавад ва саргаҳи он Вахоб хонда мешавад, ки аз Вахон ояд. Чунончи, нависандаи гумноми «'''Ҳудуд-ул-олам'''» дар фасли ''«Сухан андар рӯдҳо»'' мегӯяд: «Ва дигар рӯдест ӯро '''Харноб''' хонанд, аз мағриби кӯҳи '''Қасак''' биравад ва миёни [[вилояти Бадахшон|Бадахшон]] ва [[Ноҳияи Фархор|Порғар]] андар [[Дарёи Аму|Ҷайҳун]] афтад. Ва ин Харноб аз Ҷайҳун меҳтар аст, валекин ҳама ба Ҷайҳун бозхонанд аз баҳри он, ки Ҷайҳун аз раҳе дуртар равад»<ref>«Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. – Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ҳ.ш. / 1983 м. саҳ. 40</ref>.
Ҷарёб бояд таҳрифе бошад аз вожаи Харвоб, ки онро Харбобу Харноб низ овардаанд: ({{lang-fa|'''جریاب <- خرناب <- خرباب <- خروآب'''}}). Аммо росту дурусташ бояд «Харвоб» ({{lang-fa|'''خروآب'''}}) бошад, зеро вожаи «харв» ва гунаҳои дигари он - «шарв», «шорв» ва «шор» - ба маънои «чашма, чашмасор; рӯди кӯҳӣ ё даргов» - ҳамакнун низ дар ҷойномҳои Муҷихарв дар [[Ноҳияи Нуробод|Дарбанд]], Сабзихарв, Ушхарв, Харвундо, Ҳидошор, Висхарв, Вишхарв, Пшихарв дар [[Ноҳияи Дарвоз|Дарвоз]], Вишхарвак, Пошхарв, Рохарв, Техарв дар [[Ноҳияи Ванҷ|Ванҷ]], Рошорву Ҳидошарв дар [[Ноҳияи Рӯшон|Рӯшон]], Сохчарв, Миденшор, Пашор, Тишор, Дишор дар [[Ноҳияи Шуғнон|Шуғнон]] ва Абхарву Шитхарв дар [[Ноҳияи Ишкошим|Вахон]] зинда аст. Рӯди Панҷро дар Дарвозу Ванҷ «Оби Панҷ» ва дар Рӯшону Шуғнон «Панҷдарё» меноманд.
 
ОмударёАмударё дар «[[Авесто]]» «'''vanhuyā daityayā'''» хонда шуда ва «'''daityayā'''» баргирифта аз «'''dātya'''» дар эронии бостон (имрӯз «'''дод'''» гӯем ба маънии «'''адл'''») ва баргардонаш «'''бар пояи доду адл'''» аст. «'''vanhuyā'''» лақабест сифатгуна ва имрӯз «'''беҳ'''» гӯем. Ин рӯдро дар «Авесто» «'''airyanǝm vaējō vanhuyā daityayā'''» номидаанд, ки дар порсии миёна ба «'''Эронвеҷ веҳ дод рӯд'''» баргардон шудааст ва сипас эрониён онро '''Веҳрӯд''' (Беҳрӯд) гуфтанд.
 
Аммо ОмуАму бархоста аз номи амардҳо – бумиёнест, ки пеш аз кӯчидани ариёҳо дар канораҳои рӯди Вахш зиндагонӣ мекарданд ва сарзаминашонро Амард мехонданд, ки сипас ОмуйАмуй гашт: порсии бостон «Amard» => [[порсии миёна]] «Amol» => [[Забони Форсӣ|порсии нав]] «آموی» (бар асари қоъидаиқоидаи табдили rd => l ва d => y дар забони порсӣ. Чунончӣ, ПБ «θard» => [[Порсии миёна|ПМ]] «sāl» => [[Забони Форсӣ|ПН]] «сол»; ПБ *baudah- => [[Порсии миёна|ПМ]] «bōy» => [[Забони Форсӣ|ПН]] «бӯй»).
 
ОмуйАмуй муҳимтарин гузаргоҳи Вахш дар роҳи [[Марв]] ба [[Бухоро]] буд ва аз ин рӯ номаш бар рӯду регзори гирду канораш низ гузашт. Аз инҷост ки Одам-уш-шуаро [[Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ]] ин рӯдро «Оби Ому» ва Қароқумро «Реги Ому» хондааст.
 
Арабҳо Вахшро «'''наҳр'''» ва «'''ҷайҳун'''» хонданд, ки ҳамон «[[рӯд]]» аст. Аз инҷост, ки Фарорӯдро «[[Мовароуннаҳр]]» ({{lang-fa|'''«ماوراءالنهر»'''}}) ва Вахшро «Ҷайҳун» ({{lang-fa|'''«جیحون»'''}}) ва ОмуйроАмуйро «ОмулАмул» ({{lang-fa|'''«آمل»'''}}) номиданд ва барои бозшинохтанаш аз ОмулиАмули Табаристон онро ОмулиАмули Ҷайҳун ({{lang-fa|«'''آمل جیحون'''»}}) ва ОмулиАмули Шатт ({{lang-fa|«'''آمل الشط'''»}}) низ навиштанд. Ногуфта намонад, ки Варазрӯд худ бозмонда аз «'''paradraya'''» дар порсии бостон аст.
 
ОмулроАмулро муғулҳо вайрон карданд ва чанде пас вайронаҳояш '''Чаҳорҷӯй''' ном гирифт то ин ки туркманҳо [[Туркманобод]]аш ном гузоштанд.
 
== Пайнавиштҳо ==
Anonymous user