Вологда: Тафовут байни таҳрирҳо
Ivanpopoff (баҳс | ҳисса) Саҳифаи нав: {{Шаҳр |Номи тоҷикӣ= Вологда |Номи аслӣ = Вологда |Акс= Sophia panorama 2.jpg |Парчам = Flag of Vologda.png |Нишон = Coat o... |
(бе тафовут)
|
Нусха 09:22, 25 марти 2011
Вологда — шаҳри Руссия, соли 1147 таъсис шудааст, маркази маъмури, мадани ва илмии вилояти Вологда. Дар соҳили дарёи Вологда ҷойгир шудааст ва муҳимтарин ҷузъи шабакаи нақлиёти минтақаи Шимолу Ғарби Руссия ба ҳисоб меравад. Ба гурўҳи шаҳрҳои шомил аст, ки мероси гаронбароси таърихи дорад ва дар ҳудуди шаҳр 224 муҷассамаҳои таърихи-мадани ёфта шудаанд, аз онҳо 128 дар зери ҳимояи давлатанд.
Маҳалли аҳолинишин | |||||
русӣ: Вологда | |||||
|
|||||
Кишвар | [[|]] | ||||
Роҳбар | Yury Sapozhnikov[d][1] | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таъсис | 1147[2] | ||||
Аввалин номбарӣ | 1147 | ||||
Масоҳат |
|
||||
Баландии марказ | 120 м | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC+03:00 | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Пешшумораи телефон | 8172 | ||||
Нишонаи почта | 160000, 160001, 160002, 160004, 160009, 160010, 160011, 160012, 160013, 160014, 160015, 160017, 160019, 160020, 160021, 160022, 160023, 160024, 160025, 160026, 160028, 160029, 160031, 160032, 160033, 160034, 160035, 160555, 160901 ва 160999 | ||||
vologda-portal.ru(рус.)(англ.) | |||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Таърихи таъсиси шаҳр
Дар ҳоли ҳозир доир ба таърихи таъсиси шаҳр ду фарзия ҷой дорад.
- Мувофиқи фарзияи якум шаҳри Вологда соли 1147 таъсис ёфтааст. Ин сана аввалин маротиба соли 1780 аз ҷониби А.А.Засетский дар китоби «Повестҳо дар бораи мўҷизоти Герасими Вологдаги» сабт шудааст. Дар китоб омадааст, ки авлиёи руҳони Герасим соли 1147 дар соҳили дарёи Вологда колесои Троискро бунёд намуд ва ин ба таъсиси шаҳр иптидо гузошт, лекин мувофиқи тадқиқоти илмии муосир фарзияи мазкур ривоятест, ки соли 1666 бо фармони рўҳони Маркел аз ҷониби шахсе бо номе Фома навишта шудааст. Аз ин рў дар китоб бисёр тазод ва номувафиқи во мехурад. Дар санаи қайдшуда ҳанўз дар шимол ва шимолу шарқи Руссия ягон колесо бунёд нашудабуд. Аввалин колесоҳо дар Владимир – соли 1152, Ростов – соли 1212, Белозерск – соли 1251 бунёд шудаанд. Кофтуковҳои археологӣ ба он далолат мекунад, ки шаҳри Вологда асри XIII бунёд шудааст.
- Мувофиқи дигар шаҳри Вологда соли 1264 бунёд шудааст. Ин фарзия ба кофтуковҳои археологи такеа менамояд ва маҳз соли 1264 шаҳри Вологда дар дастхатҳои таърихии Новгороди Бузург во мехурад. Дар он Вологда ҳамчун минтақаи тобеи Новгород зикр шудааст.
Аввалин ҷои бунёди шаҳри Вологда назди колесои «Воскресенье» ба ҳисоб меравад. Ин ҷой то соли 1565 маркази шаҳр буд. Биноҳои шаҳр ҳама аз чўб сохта будаанд.
Таърихи номи шаҳр
Номи шаҳри Вологда чи гуна пайдо шудааст аниқ маълум нест. Аз ин рў доир ба таърихи номи шаҳр ду нуқтаи назари асоси ҷой дорад: Назари фину угори ва назари словяни. Мувофиқи назари аввал дар Вологда дар заминҳои қадим қабилаҳои фину угор зиндаги мекарданд.
- Бинобарон номи шаҳр фину угори аст
- Номи фину угории шаҳри Вологда бо тахминҳои зерин шаҳр дода мешаванд: тахмини Чайкина Никитинский ва тахмини монанди ба калимаҳои фину угори. Соли 1988 забоншинос Ю.И.Чайкина тахмин намуд, ки номи Вологда яке аз калимаҳои забони вепси буда маънояш сафед, тоза аст. Пас Вологда ҳамчун дарёи тоза ва шафоф маъно дорад. Археолог И.Ф.Никитинский тахмини Чайкинаро бо он тасдиқ менамояд, ки ба дарёи Вологда наздики шаҳр дарёи Содема пайваст мешуд. Калимаи «содема» ба забони эстони нисбат дода мешавад ва ҳамчун «ифлоси», «сиёҳи» тарҷума мешавад. Бо муқоиса бо дарёи Содема онро дарёи сафед ва шафоф – Вологда номидаанд.
- Мувофиқи тахмини монанди ба калимаҳои фино угори дар забони қабилаи зырёни минтақаи Коми калимаи «волок» ҳамчун «ҷангали калон», ва калимаи «волоква» - дарёи ҷангал тарҷума мешавад
- дар забони халқи марий калимаи «волгидо» ҳамчун равшани тарҷума мешавад.
- Аз нуқтаи назари словни истилоҳи «Вологда» решаи словяни дошта, се тахмин ҷой дорад:
- Аз рўи тахмини якум Вологда аз калимаи «волок» пайдо шудааст. Волок гуфта роҳи хушкигарди байни ду ҳавзҳои обиро меноманд. Таввасути ин роҳ аз ҳавзаи дарёи Сухан ба ҳавзаи дарёи Двинаи шимоли мегузоштанд.
- Тибқи тахмини дуюм номи шаҳр аз номи ҳокиме, ки ин шаҳрро сохтааст пайдо шудааст – ҳоким Рогвологда.
- Тибқи тахмини сеюм номи шаҳр аз номи махлуқҳои авсонави ба номи «волотҳо» пайдо шудаанд. Гўё дар заминҳои қадим паҳлавонҳои словянҳои шарқиро волотҳо меномиданд.
Ду тахмини охирин асоси илми надоранд.
Таърихи
Таърихи Вологда то соли 1533
Дар асрҳои XIII-XV Вологда ҳадафи ҳокимони Новгород, Твер ва Маскав буд, аз сабаби он, ки дар мобайни роҳҳои оби мавкеъ дошт. Соли 1371 руҳони Дмитрий Прилутский се километр дуртар аз Вологда колесои Спасо-Прилутскиро бунёд намуд, ки ин аввалин колисои бузург дар шимоли Рус буд. Сохтумони ин колесоро князи Маскав Дмитрий Донской низ дастгири намуд, ҳамчун такиягоҳи мубориза бар зидди ҳокимони Новгород. Соли 1397 князи Маскав Василий I кўшиши тасаруфи Вологдаро намуд вале дучори ҳамлаҳои Новгородиҳо шуд. Соли 1147 бади шикаст аз Дмитрий Шимяка аз ҷониби Маскав князи Василий II фиристода шуд. Василий II ба колесои Ферапонтов ҳозир Дмитрий Шимяка ба Вологда ҳуҷум намуд вале онро запт карда натавонист. Баъди вафоти Василий II соли 1462 писари ў Андрей Менший дар Вологда ҳукумрони намуд. Соли 1481 баъди вафоти Андрей ҳукумронии Вологда ба ихтиёри Ивани III гузашт ва бо ҳамин ҳукумронии масквагиҳо дар Вологда устувори гашт.
Вологда дар давраи Иван Грозный (солҳои 1533-1584)
Дар солҳои ҳукумронии Ивани IV – Иван Грозный Вологда ба маркази муҳими тиҷорати байни Руссия ва Англия, Голандия ва дигар кишварҳои гарби мубадал гашт. Тавасути Вологда тоҷирон ба самтҳои баҳри сафед ва Сибир равона мешудаанд. Дар Вологда хазинаи давлати сохта шуда буд. Соли 1553 ба Вологда баҳрнаварди англис Ричард Ченслор ташриф овард ва робитаи дипломатиро байни Руссия ва Англия ташкил намуд. Тоҷирони англис аз мавқеъи хуби ҷуғрофии Вологда ва ҳаёти осоиштаи он таввасути тоҷир Джон Гасс ба зидди хабардор гаштанд. Минбат тиҷорат бо Англия хеле ривоҷ ёфт. Барои гуфтушунид ба Англия зоддаи Вологда Осип Непея ҳамчун сафир фиристода шуд. Соли 1565 Иван Грозный тасмин гирифт, ки Вологда пойтахти давлат шавад. Бо амри ў сохтумони қалъаи нав оғоз гирифт. Ин қалъа аз як ҷониб бо дарё маҳдуд шуда аз ҷонибҳои дигар бо чуқуриҳо ҷудо шуда буд. Ҳозир дар ҷои ин чуқуриҳо қисмати кўчаҳои ҳозираҳои Ленинградская, Октябрская ва Мира ҷой гирифтаанд. Хишти аввали қалъаро шахсан худи Иван Грозный 28 апрели соли 1566 дар ҳузури авлиёҳои руҳони Насон ва Сосипатр гузоштааст. Аз ин рў минбат ин ҷойро шаҳри Насон ном мебурданд. Шаҳри Насон ин ҷои кремли Вологда аст. Соли 1568 дар ҳудуди қалъа бунёди аввалин бинои сангини ибодаткуни Собори Софийский оғоз гардид ва то соли 1570 давом кард. Онро монанди собори Успенскии Маскав бунёд карданд. Иван Грозный бо маслиҳати меъмор Размисл Петров кўшиш намуд то Вологда симои пойтахтро гирад. Соли 1571 шаҳри Вологда маркази епархии Вологдаю Перм гардид. Бо ҳамин Вологда на танҳо маркази тиҷорати сиёсиву ҳарби, инчунин маркази дину колесо гардид. Лекин соли 1571 Иван Грозный сохтумонро дар Вологда қатъ намуд. Ривояд мекунанд, ки ин қарори шоҳ бо ҳодисаи зерин вобастааст: вақте, ки шоҳ дар сохтумони собори Софийский ҳузур дошт, аз боме санге ба сари ў афтод. Шоҳ аз ин ба хашм омада инро ҳамчун нишонаи бад ҳисобид. Сохтумони Собори Софийский танҳо соли 1587 ҳангоми ҳукумронии писари Иван Грозный – Федор Иоанович пурра ба анҷом расид. Як қисмати сохтанашудаи қалъа дар асри XVII бо деворҳои чўбин пурра карда шуд. Сипас дар аввали асри XIX деворҳои чўбинро ба сангин иваз намуданд.
Вологда дар замони мушкилот (солҳои 1605-1613)
Дар замони мушкилот соли 1605 Вологдаро касалии сирояткунанда фаро гирифт. Соли 1608 сокинони Вологда ба Лжедмирий II тобеъ гардидинд. Лжедмирий II аз ин истифода бурда қисмати шимоли Руссияро ба зери тасааруфи худ даровард. Маъмурони ҳукумат аз мансабаҳои худ истеъмол намуда норозигии мардумро нисбат ба ҳукумат зиёд намуданд. Феврали соли 1609 ошўби мардуми таҳти роҳбарии Никита Вячеславсев сар зад. Онҳо ба ҳаракати мардумии Минин ва Пожарский ба муқобили истилогарони поляку литови пайвастанд. Аз сабаби он, ки дар шаҳр мувофизони халқи хеле кам буданд, бинобаро 29 сентябри соли 1613 гурўҳои ғоратгари поляку литови шаҳрро забт намуданд, шаҳрро оташ заданд қисми зиёди аҳолиро асир гирифта ва нобуд намуданд.
Вологда дар замони Романовҳо (1613-1917)
Баъд аз соли 1613 шаҳри Вологда барқарор шуд ва ба маркази тиҷорат бо кишварҳои гарби мубадал гардид. Дар давраи Петр I дар шаҳр яке аз базаҳои асосии ҳарбии Руссия ташкил гардид, ки дар он таъҷизоти ҳарбии техникӣ барои қалъаҳо ва киштиҳои ҳарби нигоҳ дошта мешуд. Ҳамчунин дар шаҳр воситаи нақлиёти обӣ барои кашонидани борҳо ба Архангелск сохта мешуд. Дар кўли Кубинск, ки 30км Вологда шимолтар дорад, Петри I ният дошт маркази таълими барои қувваҳои баҳрии ҳарби ташкил кунад. Петри I камаш 10 маротиба аз Вологда гузар намуда, 6 маротиба ба шаҳр ташриф намудааст. Ҷои ташрифи шоҳ дар Вологда хоначаи тоҷири голанди Гоутман будааст. Ин хоначаро ҳокимони шаҳр соли 1872 хариданд ва 1885 дар онҷо осорхонаи Петри I ташкил шуд. Бо баробари ташкилшудани шаҳри Петербург эътибори Вологда ҳамчун маркази тиҷорат бо мамлакатҳои ғарб кам гардид. Соли 1708 Вологда ба тобеъи губернияи Архангелск шуд. Дар давраи Екатеринаи II боз шаҳр эътибор намуд. Соли 1780 воҳиди мустақили маъмурии Вологда ташкил шуд. Он соли 1798 ба губернияи Вологда Соли 1781 нақшаи сохтумони шаҳр қабул шуд ва он минбат амали гардид. Қисмати таърихии Вологдаи имрўза натиҷаи амалшудани ин нақша аст. Соли 1872 байни Вологда ва Ярославу Маскав роҳи оҳан сохта шуд. Соли 1898 бо Архангелск, соли 1905 бо Петербург ва Виатка. Соли 1871 дар мавзеи Фоминское, ки 13км дуртар аз Вологда қарор дорад, корчалони аврупои Бурман заводи равғанбарориро ба истифода дод. Аз ҳамон вақт сар карда Вологда ба яке аз марказҳои равғанбарори мибадал гашт. Дертар маҳз дар ҳамин завод Н.В.Верещагин технологияи махсуси истеҳсоли равғани Вологдаро кор карда баромад. Аз рўи ин технологияи равғани Вологда то ҳол машҳур аст. Соли 1911 дар заминаи заводи равғанбарори донишкадаи ширу равғани Вологда ташкил шуд. Дар асрҳои XIX ва XX Вологда ҷои бадаргаи ракибони сиёсии ҳукумати подшоҳии Руссия ба монанди И.В.Сталин, В.М.Молотов, Н.А.Бердяев, Б.В.Савинков, М.И.Улянова, А.В.Луначарский буд.
Вологда дар давраи ҳокимияти Совети (соли 1917-1991)
Ҳокимияти Совети дар Вологда декабри соли 1917 барпо шуд. Феврали соли 1918 бо сабаби ҷанги граждани як қатор сафортахонаҳои хориҷи ба Вологда кўчонида шуда буданд. Солҳои ҷанги граждани штаби армияи VI сурх дар Вологда ҷой гирифта буд. Соли 1929 Вологда ба ҳайати Кишвари Шимоли ба вилояти Шимолои мубадал гашт, сипас соли 1937 ба вилоятҳои Архангелску Вологда тақсим шуд. Дар ҳамин аём ноҳияи Череповеси вилояти Ленинград бо минтақаҳои гирду атрофаш ба Вологда ҳамроҳ шуд. Солҳои 30-юм дар Вологда комбинати зағирбарори, заводи таъмири вагонҳо ва заводи чўби тахтаи «Северный комунар» сохта шуданд. Солҳои ҷанги 2-юми ҷаҳонӣ муасисаҳои саноатии Вологда барои истеҳсоли таъҷизоти ҳарби истифода мешуданд. Вологда дар наздикаҳои минтақаҳои ҷанги қарор дошт. Бинобарон як қатор чорабиниҳо барои мудофияи шаҳр аз ҳуҷуми эҳтимолии душманон гузаронида шуд. Дар шаҳр базе госпиталҳои ҳарбӣ ҷой гирифта будунд. Солҳои 60-ум таҳти роҳбарии А.С.Дрыгин дар Вологда дар ҳамаи соҳаҳо дигарбуняҳои кулли ба вуҷуд омаданд. Аз ҷумла чунин корхонаҳои саноати сохта шудаанд: заводи падшибникбарорӣ, заволи оптики-механикӣ, заводи таҷизоти саноатӣ, фабрикаи парандапарварӣ. Солҳои 70-ум донишкадаи политехникӣ таъсис ёфт. Биноҳои бисёрошёна сохта шудаанд ва шаҳракҳои Бивалово, ГПЗ, 5-ум ва 6-ум пайдо шуданд. Соли 1976 аввалин тролейбусҳо «душохаҳои барқӣ» сар дода шудаанд.
Вологда баъд аз пошхурии СССР (баъд аз соли 1992)
Октябри соли 1993 сохторҳои совети барҳам хўрда ба ҷои он сохторҳои ҳокимияти имрўза таъсис шудаанд. Аз ҷумла 20 марти соли 1994 аввалин интихоботи ба Думаи Давлатии Вилояти Вологода барпо шуд. Соли 1995 ба ҳаяти Думаи Давлати 30-нафар шомил буданд. Соли 1996 аввалин маротиба ба тариқи овоздиҳии умумихалқӣ Алексей Якуничев, мири шаҳри Вологда интихоб шуд. Ў дар ин вазифа то соли 2008 кор кард. Аз соли 2003 ин ҷониб дар атрофии Вологда корҳои сохтумони барои васеъ намудани роҳҳои аҳмияти умумуми давлати дошта оғоз шуд. Ин роҳҳои Вологда-Ладагаи нав, Вологда-Медвежегорск, Вологда-Архангелск. Аз 12 декабри соли 2008 то ин ҷониб роҳбарии шаҳри Вологдаро Е.Шулепов ба ўҳда гирифтааст.
Аҳолӣ
Аксарияти аҳолии Вологда русҳо мебошанд. Қариб 50 ҳазори аҳолии шаҳрро мансабдорон ташкил медиҳанд, зеро Вологда маркази вилоят мебошад.
Ҷойҳои таърихи
Вологда яке аз шаҳрҳои таърихии Руссия ба ҳисоб меравад. Дар он қариб 193 осори таърихи аҳмияти давлати дошта ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла кремли Вологда, колесои Софийский, мавзеи Спасо-Прилутск, силсилаи колесоҳои Владимирски, Константин ва Елена, Иоан Предтечий, Дмитрий Прилутский, майдони революция, кўпруки сангин.
Армуғони Вологда
Армуғони Вологда иборат аст аз кружево-бофтагии махсус, равғани зарди Вологда ва зағири Вологда.
Осорхонаҳои Вологда
Аввалин осорхонаи Вологда хоначаи тоҷири голанди Гоутман ҳисоб мешавад, ки он соли 1885 ташкил шудааст. Ҳоло дар Вологда 10-осорхона ва 4-намоишгоҳ мавҷуд аст. Калонтарин ва маъшҳуртарин он осорхонаи Давлатии таърихи мемори ва бадеии Вологда мебошад, ки он иборат аст аз қисматҳои зерин:
- Кремли Вологда (Архиерейский двор)
- Осорхонаи Петри l (хоначаи Петр)
- Намоишгоҳи «Вологда дар остонаи асрҳо»
- Осорхонаи «Олами чизҳои фаромўш шуда»
- Осорхонаи шоир К.Н.Батюшков
- Осорхонаи «адабиёт ва санъати асри XX»
- Осорхонаи А.Ф.Можайский
- Осорхонаи «бадарга дар Вологда»
- Осорхонаи маъмори-этнографи
Инчунин дар Вологда осорхонаи хусуси амал мекунад, ки он осорхонаи Софирон ном дорад. Ин осорхона бо таърихи кўчбастани софирони хориҷӣ ба Вологда соли 1918 вобастаги дорад.
Театрҳо
Имрўз дар Вологда Театрҳои зерин амал мекунанд: театри драмаи Вологда, театри бачагон ва ҷавонон, театри лўхтаки «Теремок», театри камерави, филармонияи ба номи В.Гаврилин, театри мусиқи бачагона.
Фестевалҳо
Ҳарсол дар Вологда фестивали театрии «садоҳои таърих», фестивали «байналхалқии мусиқии Гаврилин» ва лоиҳаи театрию мусиқии «тобистон дар кремл» барпо мешавад.
Намоишҳо-ярмаркаҳо
Намоишҳо-ярмаркаҳо: «Зағири Руссия», «ҷангали Руссия», «Дарвозаи Шимол», «хонаи худ».
Алоқаи телефонӣ
Дар Вологда алоқаи телефонии доими тавасути корхонаи «Телекоми шимолу ғарб» таъмин мегардад. Инчунин алоқаи телефонҳои мобилӣ: «Билайн», «Мегафон», «МТС», «Sky Link», «Теле-2» амал мекунанд.
Телевизион
Дар Вологда 10 шабакаи телевизионии давлати паҳн мешавад: «Якўм канал», «Россия», «ТВЦ», «НТВ», «РЕН ТВ», «МУЗ ТВ», «Культура», «ТНТ», «ТРК Петербург 5-канал», «7 ТВ» Телевизиони маҳали тавасути шабакаҳои зерин амал мекунад: «7 канал», «РЕН ТВ» (Русский север), «Россия», «ТНТ», «Домашний»
Рўзномаҳо
Дар Вологда рўзномаҳои зерин паҳн мешаванд: «Городокъ», «Вологодская неделя», «Красный Север», «Премьер», «Вологодские новости», «Наша Вологда», «Хронометр-Вологда», «Комсомольская правда-Вологда», «Местная газета – Вологодской области», «Комунальная газета»
Радио
Дар Вологда 1-радио шабакави бо номи «Радио Россия» ва 7-радиои мавҷи FM бо номҳои зерин паҳн мешавад: «Европа плюс - Вологда», «РОС-Радио», «DFM-Вологда», «Трансмит», «Русское радио - Вологда», «Эхо Вологды», «Премьер».
Иқлим
Иқлими Вологда мўтадил аст. Зимистонаш 5-моҳ тўл мекашад. Моҳҳои хунуктарин декабр ва январ. Баҳор, тирамоҳ ва тобистон ҳаво на он қадар гарм аст. Гармтарин моҳи июл. Тобистон ва тирамоҳ бештар борон меборад. Ҳарорати миёнаи солона +2 - +8®С. Суръати миёнаи солона вазиши шамол 3,5м/с. Намии миёнаи солонаи ҳаво – 80%.
Муасисаҳои маълумоти олӣ
- «Донишгоҳи давлатии техникӣ Вологда»
- «Донишгоҳи давлати омўзгории Вологда»
- «Академияи давлатии хоҷагии ширӣ Вологда»
- «Донишкадаи ҳуқуқ ва иқтидосиёти Вологда»
- «Шўъбаи Вологдагии академияи Давлатии ҳуқуқшиносии Маскав»
- «Шўъбаи Вологдагии академияи байнахалқии бизнес ва технологияҳои нав»
- «Шўъбаи Вологдагии академияи хизмати Давлати Шимолу Гарб»
- «Донишкадаи Бизнеси Вологда»
- «Шўъбаи донишгоҳи Давлатии муҳандисию иқтисодии Санкт-Петербург»
Нақлиёт
Вологда дар буриши роҳҳои муҳими мошингард, оҳан ва обӣ ҷой гирифта аст. Дар шаҳр шабакаи мукамали нақлиё амал мекунад. Аз ҷумла 2-кўпруки мошингард аз болои дарёи Вологда ва 2-кўпруки мошингард аз болои оҳангард, кўпруки пиёдагардандонд «красный мост» амал мегарданд.
Нақлиёти роҳи оҳан
Дар минтақаи Вологда стансияҳои зерини шабакаи роҳҳои оҳани минтақаи Шимоли Руссия мавҷуд аст: «Вологда-I», «Вологда-II», «Лоста-Сортировочная», «Рыбкино». Аз стансияи Вологда-I тавасути электропоездҳо то стансияҳои: Череповец, Грязовец, Данилов, Буй, Галич, Сокол, Коноша, Бабаев роҳсипар шудан мункин аст. Тавасути поездҳои мусофиркаш ба шаҳрҳои зерин сафар кардан мункин аст: Маскав, Санкт-Петербург, Архангелск, Мурманск, Ярославл, Тула, Орёл, Курск, Белгород, Харков, Запороже, Симферопол, Сиктифкар, Воркута, Киров, Перм, Екатеринбург, Новокузнеск, Челябинск, Новосибирск, Алма-Ато, Остона.
Нақлиёти ҳавои
Аэропорти Вологда 10км дуртар аз маркази шаҳр ҷой гирифтааст. Аз аэропорти Вологда тавасути ҳавопаймоҳои Як-40 ба шаҳрҳои: Маскав, Санкт-Петербург, Великий Устюг, Ухта парвоз кардан мункин аст. Дар аэропорт ин чунин чархболҳои Ми-2, Ми-8 барои таъмини хизматрасонии шабакаҳои газ ва нафт истифода мешавад.
Саноат
Имрўз дар Вологда корхонаҳои саноатии зерин амал мекунанд.
- «Заводи подшипникбарории Вологда»
- Корхонаи шарроббарории «Вагрон»
- Заводи истеҳсоли таъчизоти комплекси агро-саноатӣ
- Заводи оптики механикӣ Вологда
- Заводи таъмири вагонҳои Вологда
- Заводи истеҳсоли таъчизоти сохтумони
- Заводи истеҳсоли таъчизоти барқи
- Муасисаи лоиякаши сохтумон ва идоракунии биноҳои истиқоматкуни
- Заводи истеҳсоли тролейбусҳо ва автобусҳо
- Заводи истеҳсоли таъчизоти роҳҳо
- Заводи истеҳсоли таъчизоти коркарди чўб.
Варзиш
Дар Вологда варзишгоҳҳои «Динамо», «Локомотив», «Витяз», ҳавзҳои шиноварии «Динамо», «Лагуна», комплекси варзишии «Спектр» ва шумораи зиёти марказҳои саломати ва майдончаҳои варзиши амал мекунанд. Дар Вологда тими футболи «Динамо» ва тими баскетболи «Чеваката» машқ мекунанд.
Бародаршаҳрҳои Вологда
- Зволла (Нидерланд)
- Мишколс (Венгрия)
- Лондондерри (ШМА)
- Коувола (Финляндия).