Осоишгоҳи Зумрад: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 14:
Осоишгоҳи «Зумрад» дар ҳудуди ноҳия [[Исфара]], дар қисмими ҷанубу ғарбии водии Фарғона ва дар доманаи каторкуҳҳои Туркистон, дар баландии назди 900 метр ҷойгир шудааст. Осоишгоҳ дар ҳудуди музеи табии, дар қисми зеботарини ноҳия бунёд ёфтааст.
 
Ин ҷо ҳама сарватҳои зеризаминию кӯҳӣ, олами ноботот ва меҳнати боғбони моҳиру устои гулдаст бо ҳам муҷассам гардидаанд. Хама якчоя чун як симфонияи нозуки табиату табобат садо медиҳанд. Аз шаҳри [[Исфара]] то деҳаи [[Ворух]], дар масофаи наздик 50 километр дарёчаи шухи он аз баландии ҳазор метр нишеб ҷорӣ мешавад. Аз қуллаи баланди барфпуши куҳҳои Туркистон (гиреҳи яхбандии Мастчоҳ, сароби дарёи Исфара) то деҳаи Равот паси ҳам сохти геологӣ, таркиби ҷинсҳои куҳӣ, иқлиму наботот ва дигар элементҳои табиат тағйир меёбад. Вақто ки дар резишгоҳи дарёчаи куҳӣ киштукори баҳорӣ оғоз меёбад, дар Ворух куҳҳо барфпӯш меистад, дар Исфара зардолу мепазад, дар мавзеи Беди Каҷ он гул мекунад, дарё сероб мегардад. Дар масофаи наздик 60—70 километр дар резишгоҳ тобистону дар куҳсор — зимистон!
 
Мардуми [[Исфара]]и бостонӣ аз қадимулайём бо касби боғбонӣ машғуланд, ки мавқеи асосиро дар ин води зардолу ишғол менамояд. Дар ҳудуди ноҳияи [[Исфара]] 63 навъи зардолу пар-вариш карда мешавад, ки баъзеи онхо шӯҳрати умумиҷаҳонӣ пайдо карданд.