Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 3:
 
== Тарҷумаи ҳол ==
''На-з он Ҳамадонам, кӣ надонанд Алӣ кист,
 
Ман з-он Ҳамадонам, кӣ Алиро ҳама донанд.
''
Дар таълими хуб гирифтан ва рушду камоли ӯ муҳити оила ва мавкеи ду олими забардасти Ҳамадон, хешони наздикаш Шарофуддин Маҳмуд ибни Абдуллоҳи Маздаконӣ ва Таққиддин Алии Дӯстӣ хеле бузург аст. Вай дар чунин муҳити солим таълими хуби маънавӣ ва ахлоқи дарёфт ва дар сини 16-18 солагӣ аз илмҳои мавҷудаи замонаш комилан бархурдор гашт. Ҳамин шароити мусоид ва гуворо ӯро таскин набахшид, паи ҷустуҷуи илму маърифат ва ҳақӣқати
асил ин муҳити барояш азизро дар синни 19 солагӣ тарк кард. Аммо дар ҷавонӣ бахти нокому тақдири носозгор ин зоти шарифро овораю саргардон кард. Бештари умри азизи хешро дар ғурбат сафарҳои пай дар пай гузаронид. Ба ҳар сарзамине, ки пои муборакашро мениҳод, он манзилу макон аз файзи қудуми бобаракаташон ободу зебо ва мӯҳташам мегашт. Ба бечораю бенавоёон, заифону беморон дасти тараҳҳум ва сахо дароз мекард. Дар воқеъ, Сайид Алии Ҳамадонӣ , бо вуҷуди он ки дар сафарҳояш ӯро баъзе хешону аҳли ақрабояш, дӯстон ва муридонаш ҳамроҳи мекарданд, марди ғариб буд.
Line 28 ⟶ 30:
:«Бисмиллоҳир -раҳмони-раҳим».
 
Мисраи охири порчаи шеъри боло ба 786 ҳиҷрй мутобиқи 1386-и мелодй рост меояд. Соли вафоти Сайид Алли Ҳамадониро баъзе муҳаққиқон 1384, қисми дигар1385 мелодй гуфтаанд ва дар ин хусус баҳсу муназираҳои зиёде ҳаст . Алҳол мо ба ақидаи Саида Ашраф Зафар ҳамроҳ шуда, соли 1386 мелодиро ҳамчун соли вафоти Сайид Алии Ҳамадонй дуруст меҳисобем. Аз ин лиҳоз Алии Ҳамадонй 70, не балки 73 сол умр дидааст, ки дар ин хусус муридашон Мавлоно Нуриддини Бадахшонй (ваф. 1393 ҳ.) дар «хулосат-ул-маноқиб « маъ лумоти саҳеҳ додаст.
 
== Эҷодиёт ==