Ҳандаса: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х r2.7.1) (робот илова карда истодааст: hif:Geometry
хNo edit summary
Сатри 3:
== ОЧЕРКИ ТАЪРИХИИ ГЕОМЕТРИЯ ==
 
'''Геометрия''' ё '''Ҳандаса''', мисли илмҳои дигари табиӣ , аз талаботи амалии одамон пайдо шудааст. Масалан, ҳангоми сохтани олоти меҳнат ва манзил зарурияти муайян кардани шакл ва андозаҳои предмет ба миён меояд. Манбаҳои то замони мо расида гувоҳй медиҳанд, ки мисриён ва бобулиён ҳанӯз 4000 сол пеш маълумоти васеи геометрӣ доштанд. Пирамидаҳои мисрӣ (қабрҳои фараонҳо) бо шаклҳои мунтазами ҳайратангез аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Бе донишҳои геометрӣ сохтани чунин пирамидаҳо мумкин набуд. Дар папирусҳои мисриёни қадим (папирус - номи растанӣ аз ҷинси най. Масолеҳи хатнависӣ, ки мисриён ва дигар халқҳои қадим аз ин растанӣ тайёр мекарданд.), ки ба солҳои 2000-1700 то милод мутааллиқанд, ҳалли чандин масъалаҳои геометрӣ оварда шудаанд.
 
Баъд аз Миср маркази ғункунӣ, системакунонӣ ва тадқиқоти геометрӣ ба Юнони Қадим мекӯчад. Исботи аввалин натиҷаҳои геометрӣ ба Фалес (639-548 то милод) аз Милетск тааллуқ доранд. Чунин теоремаҳо ба монанди «диаметр доираро ба ду қисми баробар ҷудо мекунад», «кунҷҳои амудй баробаранд», «кунҷҳои назди асоси се-кунҷаи баробарпаҳлу баробаранд» ба ӯ мансубанд. Инчунин ҳисоб карда мешавад, ки исботи нишонаҳои баробарии секунҷаҳо, исботи теорема дар бораи баробарии порчаҳое, ки хатҳои рости параллел онҳоро дар ду хат ҷудо менамояпд, низ азони Фалес мебошанд.