Дук: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
New page: Дук, асбоби чӯбин ё фулузӣ барои ресидани пахта ва пашм. Ду хелаш маъмул аст: дуки дастӣ ва дуки чархӣ. Д...
(бе тафовут)

Нусха 07:47, 3 Январ 2007

Дук, асбоби чӯбин ё фулузӣ барои ресидани пахта ва пашм. Ду хелаш маъмул аст: дуки дастӣ ва дуки чархӣ. Дарозии дуки чархӣ 20-30 см аст. Дуки чархиро дар байни халқ дуки борик низ меноманд. Дуки дастӣ навъҳои гуногун дорад (ҷаврезӣ, чилик, орҷуқ ва ғ.) ва онро дуки ғафс меноманд.