Абдусамеъ Абдуқуддусзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
No edit summary
Сатри 6:
Маҷмӯаҳои ашъораш «Хоки сабз» (бо сарсухани Г.Сафиева, 1987), «Сапедаҳои рeзангез» (бо сарсухани В.Самад ва С.Аъзамзод, 1997), «Сангпайванд» (2001), «Ману устод» (2002) ба табъ расидаанд.
Узви ИЖ [[Тоҷикистон]] (1990), ИН Тоҷикистон (1997).
 
Намунаи ашъори шоир:
 
АШКИ ТОҶИК
Қисмати тоҷикро аз арши аъло бозпурс,
Кулфати тоҷикро аз ҷабри дунё бозпурс.
Ҷӯяи обе, ки бинӣ дар заминаш, ашки ӯст,
Ҳасрати тоҷикро аз оби дарё бозпурс.
Устухонаш орд шуд дар осиёби рӯзгор,
Заҳмати тоҷикро аз санги хоро бозпурс.
Бо лаби ноне қаноат кардаву ҷон медиҳад,
Тоқати тоҷикро аз кӯҳи барҷо бозпурс.
Пора-пора мекунад худро ба дасти хештан,
Ваҳдати тоҷикро з-имрӯзу фардо бозпурс.
Ҷаннати имони ӯ бӯи ҷаҳаннам мекунад,
Ҷаннати тоҷикро аз Моми Ҳавво бозпурс...