Абдумалик Баҳорӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 11:
'''Баҳорӣ Абдумалик''' (насабаш Раҳмонов; таваллуд [[22 Март]], [[1927]] [[Хуҷанд]] - [[4 декабр]], [[2010]], [[Душанбе]]), шоир, драматург, ва насрнависи шуравӣ-тоҷик. Аз оилаи бофанда. [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров|Донишкадаи педагогии Ленинобод]]ро соли [[1946]] хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро чун омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти ин донишкада оғоз намуда, аз соли 1951 дар рӯзномаи "Пионери Тоҷикистон" чун муҳаррир, дар рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" чун мудири шӯъба ва ҷонишини муҳаррир кор карда, солҳои 1961-1965 муҳаррири маҷаллаи "Садои Шарқ" буд. Баъдтар дар Вазорати фарҳанг, нашриёти "Ирфон" ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият дошт. Баҳорӣ асосгузори жанри фантастикии адабиёти муосири тоҷик буда, дар ҷодаи назм низ комёб гардид. Муаллифи китобҳои "Сарахбори зиндагӣ", "Дили беқарор", "Дӯстон", "Қарзи дӯст", "Ватани Манас", "Гирдоб", "Сунбула", "Занбӯри айнакдор", "Аҷоиботи Нодар", "Бозгашт", "Сандуқи пӯлодин", "Ҷасорати доктор Минур" ва ғайраҳо мебошад. Баҳорӣ дар песаҳои эҷодкардаи худ тавонист, масъалаҳои ҳалталаби рӯзро мавриди тасвир қарор диҳад ва қисми зиёди песаҳояш дар театрҳои ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузошта шудаанд. А.Баҳорӣ бо эҷоди асарҳои фантастикии худ тавонист, дар пешрафти ин жанри адабӣ ҳиссаи муносиб гузорад ва барои хонандаи тоҷик асарҳои дорои ғояи инсонпарварӣ, ватандӯстӣ ва баландмазмун офарад. Абдумалик Баҳорӣ дорандаи Мукофоти давлатии ба номи Рӯдакӣ буда, бо унвони фахрии Нависандаи Халқии Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Аз соли 1950 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
 
Намунаи ашъори Абдумалик Баҳорӣ
Хавотир буд доим модари ман,
 
Зи номафҳум тақдири сари ман.
 
Ба ман мегуфт танҳову ғарибӣ,
 
Зи иқболу саодат бенасабӣ.
 
Дадоят бармаҳал рафт, эй писарҷон,
 
Акоят баҳри кишвар гашт қурбон.
 
Хазон шуд бо азоб умри ҷавонам,
 
Мани муштипар акнун нотавонам.
 
Агар ғалтӣ, кӣ мебардорад аз хок?
 
В-агар гирйӣ, кӣ чашмат мекунад пок?
 
Надорам ақрабои бонуфузе,
 
Ки кор ояд ба рӯзеву ба сӯзе.
 
Аз он тарсам, ки хору зор гардӣ,
 
Ҳубобе дар кафи анҳор гардӣ.
 
Дар олам бекасӣ ҳоли табоҳ аст,
 
Ҳақир аст он, ки бепушту паноҳ аст…
 
Маро ҳизби ленинӣ пуштибон шуд,
 
Тамоми давлатам аз лутфи он шуд.
 
Бале, сӣ сол шуд, ки узви ӯям,
 
Худамро бекасу танҳо нагӯям.
 
 
Вай нависандае буд, ки пеш аз зуҳурашон телефонҳои ҳамроҳ ва эҳтимоли "клон" кардани инсонро пешгӯӣ кард<ref>http://www.ozodi.org/content/article/2238187.html Даргузашти нависандаи фантаст Абдумалик Баҳорӣ - Озодӣ 03.12.2010</ref>.