Кундал: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
New page: '''Кундал''', ки ба таври дигар нақшу нигори возеҳ мехонандаш, намунаи санъати анъанавии Осиёи Марказӣ а...
 
No edit summary
Сатри 1:
'''Кундал'''[[Акс:Kundal3х3.jpg]], ки ба таври дигар нақшу нигори возеҳ мехонандаш, намунаи санъати анъанавии Осиёи Марказӣ аст, ки танҳо дар Тоҷикистон боқӣ монда, ривоҷ меёбад. Мувофиқи тахмини олимон замони пайдоиши ин санъати нодир ба асри ХV рост меояд. Замоне, ки дар як қатор ёдгориҳои маркази қадимаи тоҷикон - Самарқанд (Шоҳи Зинда, Гӯри Амир, Оқсарой) усули нави ороиш рӯи кор омад. Қисмҳои ҷудогонаи сақф ва деворҳои дохили биноҳоро нақшу нигори аҷибе бо истифодаи миқдори зиёди тилло оро медод, ки ба дебо шабоҳат дошт. Зебоии кундал дар асоси ба ҳам пайвастани тимсолҳои мураккаб, омехтани шаклҳои табииву ҳандасӣ, бозии тахайюл бо рангҳо асос гирифта, ҳар намунаи он ҳунари хондан ва дарк карданро талаб мекард.
Охирин ёдгориҳои кундалро дар Осиёи Марказӣ муҳаққиқон ба асри XIX нисбат медиҳанд. Гарчанде дар Тоҷикистон кундал ҳеҷ гоҳ аз байн нарафта буд. Зиёда аз ин, дар асри XX кундал дубора натанҳо дар шакли маъмул, балки дар шакли нави ғайрианъанавӣ низ эҳё гардид. Махсусияти дигари кундали муосири тоҷик дар он аст, ки аз охири садаи XX сар карда, дар ин ҷода рассомони ҷавон (М. Рақибова, Д. Аҳмадова ва диг.) қадам гузошта, наққошиҳои дар зебоӣ тасхиркунандаро бо нақшу нигори табиӣ офариданд.
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Кундал"