Кундал: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''Кундал'''
'''Кундал''',- ки ба таври дигар нақшу нигори возеҳ мехонандаш, намунаи санъати анъанавии Осиёи Марказӣ аст, ки танҳо дар Тоҷикистон боқӣ монда, ривоҷ меёбад. Мувофиқи тахмини олимон замони пайдоиши ин санъати нодир ба асри ХV рост меояд. Замоне, ки дар як қатор ёдгориҳои маркази қадимаи тоҷикон - Самарқанд (Шоҳи Зинда, Гӯри Амир, Оқсарой) усули нави ороиш рӯи кор омад. Қисмҳои ҷудогонаи сақф ва деворҳои дохили биноҳоро нақшу нигори аҷибе бо истифодаи миқдори зиёди тилло оро медод, ки ба дебо шабоҳат дошт. Зебоии кундал дар асоси ба ҳам пайвастани тимсолҳои мураккаб, омехтани шаклҳои табииву ҳандасӣ, бозии тахайюл бо рангҳо асос гирифта, ҳар намунаи он ҳунари хондан ва дарк карданро талаб мекард.
Охирин ёдгориҳои кундалро дар Осиёи Марказӣ муҳаққиқон ба асри XIX нисбат медиҳанд. Гарчанде дар Тоҷикистон кундал ҳеҷ гоҳ аз байн нарафта буд. Зиёда аз ин, дар асри XX кундал дубора натанҳо дар шакли маъмул, балки дар шакли нави ғайрианъанавӣ низ эҳё гардид. Махсусияти дигари кундали муосири тоҷик дар он аст, ки аз охири садаи XX сар карда, дар ин ҷода рассомони ҷавон (М. Рақибова, Д. Аҳмадова ва диг.) қадам гузошта, наққошиҳои дар зебоӣ тасхиркунандаро бо нақшу нигори табиӣ офариданд.
 
Барои офаридани кундал асоси чӯбини бо гаҷ суфтакардашуда лозим аст, ки ба рӯи он аз гил нақш партофта мешавад. Вақтҳои охир устоҳо бештар маводи пурқувват - сементро кор мефармоянд. Аз рӯи анъанаи қадима, ҷӯяк, пеш аз наққошӣ шуданаш, бояд бо қабати тунуки тилло пӯшонида мешуд ва заминаи он ранги кабуд медошт, аммо дар айни ҳол аксарияти рассомон аз ин таҷриба даст мекашанд. Пас аз он мусаввара бо рангҳои гуногуни табиӣ наққошӣ мешавад. Дар айни замон рассомон ба рангҳои равғандор ҳусни таваҷҷӯҳи бештар доранд. Тилло (баъзан онро бо биринҷӣ иваз мекунанд) дар офаридани кундал нақши махсуси муқаддас ва рӯҳониро иҷро мекард, чунки аз қадимулайём таҷассумгари бузургӣ ва нури илоҳӣ буд. Ҷилои оҳанин ба тарҳҳои нақши интихобшуда сареҳӣ бахшида, ҷузъҳои хурдтарини нақшро дар мусаввараи бузург баръало намудор мекард.
 
Ин усули анъанавиро дар Тоҷикистон қариб то охири садаи XX кор мебурданд. Баъдан, зери таъсири мактаби нақшунигори аврупоӣ, ки дар Осиёи Марказӣ ба тезӣ паҳн гардид, ҳунармандон тадриҷан усули сохтани кундалро тағйир доданд. Ҷои сатҳҳои бошукӯҳро лавҳаҳо дар шакли мусаввараҳои дастгоҳии бо нақшу нигор ва ё ашё, баъзан ҳатто бо тасвирҳои ашхоси гуногун орододашуда гирифтанд, ки усулан ба мактаби рассомии Ғарб қаробат дорад.
 
Устодони барҷастаи кундал намояндагони Хуҷанд Ҳамроқул Шарифов ва Мирзораҳмат Олимов ҳисоб мешаванд. М.Олимов асосгузори мактаби миллии кундал буда, анъанаҳои онро дар Душанбе фаъолона паҳн мекард. Аз пайравони ӯ дар Душанбе мебояд Кароматулло Ғаюров ва Тошқувват Ҳаитовро ном бурд.
 
Муддати дароз дар қолаби анъанавии кундал Ёқуб Бегимов низ кор кард, аммо як қадар маҳдудияти онро эҳсос карда, хост қолаби анъанаро васеътар ва муҳтаворо (сюжетро) дар кундал дохил кунад. Шояд яке аз сабабҳои ба ин амал даст задани ӯ пурқувват гардидани муҳтаво дар асарҳои санъати ороишӣ - дастии шӯравии солҳои 70-ум буд. Ворид гардидани тасвирҳо дар сатҳи пурнақшу нигори кундал ба ин мусаввараҳо тобиши нав бахшида, тимсолҳои тоза эҷод кард. Гузариш аз нақшу нигор ба тасвир натанҳо рангубори анъанавиро тағйир дод, балки имконоти васеъро дар интихоби ранг пеш овард. Ёқуб Бегимов дар Изроил ҳам «кундали гӯё», яъне бомуҳтаво эҷод мекунад. Санъати ба худ хоси тоҷикӣ барои бисёриҳо дар Изроил писанд омадааст, ки фармоишҳои давлатии расмии бузург ва ҳам асарҳои кӯчаки дастгоҳӣ далели ин гуфтаҳоянд.
 
Аз наққошони муосир месазад аз асарҳои устодони душанбегӣ Раҳим Аҳмадов, Раҳматулло ва Фирдавс Абдураҳмоновҳо, Маҳмадкарим Рақибов, Зоир Мирзоев, Зоир Алиқулов, Қурбон Раҳимов ва устои истаравшанӣ Мирсобит Обидов ёдовар шуд. Устодони мазбур равияи анъанавиро пайгирӣ карда дар асарҳояшон печутоби тааҷҷубовари нақшу нигорро нигоҳ доштаанд, ки мисоли хатти шикастаи арабӣ рӯи мусаввараҳо паҳно гирифтааст.
 
Соли 2003 рассоми маъруфи тоҷик Анваршо Сайфудинов кушиш кард рисолати нави кундали анъанавиро пайдо намояд. Зери роҳбарии ӯ гурӯҳи донишҷӯёни Коллеҷи рассомии ба номи М.Олимов ба сифати корҳои дипломиашон «кундали алтернативӣ»-ро муаррифӣ карданд, ки асоси онро таҷриба бо шаклҳои гуногуни ҳандаси (геометрӣ) ташкил медод. Гурӯҳи мазкур рангорангии ҷузъҳои нақшҳоро низ инкор мекард. Гулобии паст, хокистарӣ ва каҳваранг ба миқдори ниҳоят ками шаклҳои интихобшуда мутаносиб буд. Таҷрибаи мазкур нахустин гоме буд барои ворид кардани навовариҳо дар анъана ва тимсолофарии кундал. Дар натиҷа, таҷрибаи ҳунармандӣ нигоҳ дошта шуда, ҷиҳати тасвирӣ хеле пурқувват гардид. Бешак, муроҷиат ба «кундали алтернативӣ» бо роҳ ёфтани постмодернизм ба фарҳанги маҳаллӣ алоқа дошт, ки дар он мафҳумҳои гусастану тозагӣ, таровату ҷузъиёт ботадриҷ шабакасози муҳими диди муосири наққошӣ мегарданд.
Равияҳои гуногуни иҷрои кундал ба мо имконият медиҳанд ҳаракати фавқулоддаи он, забони гӯёи муқаддасот, равзанаҳои гуногуни диди эҷодӣ ва усулҳои мухталифи ҷараёни офариниш, тобишҳои анъанаву авангардро дар фарҳанги миллии Тоҷикистон мушоҳида кунем.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Кундал"