Пайрав Сулаймонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
New page: ---- '''ОСОРИ ПАЙРАВ СУЛАЙМОНӢ ВА НАШРИ ИЛМИИ КУЛЛИЁТИ Ӯ''' ---- Пайрав Сулаймонӣ умри хеле кӯтоҳ дид, ҳамаг...
 
No edit summary
Сатри 1:
 
----
'''ОСОРИ ПАЙРАВ СУЛАЙМОНӢ
Line 32 ⟶ 31:
Дуруст будани ин мисраъро мисраи аввали ҳамин байт тасдиқ мекунад:
----
'''''Шоҳини асорат сари ҳар кӯй нанишинад,
Дил бурдаӣ, дил додани худро нигарон бош.'''''
----
Яъне, шоҳини ишқ дар сари ҳай кӯй наменишинад. Модом ки ту дили касеро рабудаӣ, худат ҳам дил хоҳӣ аз даст дод.
Line 40 ⟶ 39:
2. Дар мисраи 14-ум, яъне мисраи 5-уми ғазали Ризоӣ, ки Пайрав овардааст, иваз шудани як ҳарф боиси осеб дидани матн гардидааст.
----
'''''Ҳазор ғам ба дилам ҳасту ин ҳам аз ҳама бадтар.'''''
----
Ин мисраъ ҳам дар дастнависи Пайрав ва ҳам дар ғазали Ризоӣ ба тариқи зер аст:
----
'''Ҳазор ғам ба дилам ҳасту ин ҳам аз ҳама бадтар.
Ки кас зи хешу зи бегона ғамгусор надорам.'''
----
3. Дар банди охирини ин мухаммас дар мисраи 32-юм ба ҷои калимаи «эъҷоз» эъзоз омадааст, ки мазмунро ароб кардааст.
Line 51 ⟶ 50:
Асли ин мисраъ дар дастнависи шоир чунин аст:
----
'''''Ба авҷи шеъри ту эъҷознорас аси, Ризоӣ.'''''
----
Сабаби дуввуми чунин матни асосӣ истифода шудани дастнависи шоир аз тарафи муҳаррир ва ё корманди нашриёт ё ин ки худи муаллиф дидаю дониста партофта шудани баъзе мисраъ ва байтҳо мебошад.
Ғазали «Парешон»-ро нахустин бор Расул Ҳодизода аз ҳошияи девони қасоиди Файзи Даканӣ пайдо намуда, дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» (1956, №6) ба табъ расонидааст ва дар ин бора мақолае низ навиштааст. Ин ғазал баъд аз он дар «Маҷмӯаи осор»-и соли 1959 ворид гардид. Маълум мешавад, ки мураттиби «Маҷмӯаи осор» онро аз мақолаи Расул Ҳодизода гирифтааст. Зеро ҳар ду матн як хел буда, дар онҳо байти зерин дохил нагардидааст:
----
'''''Рӯз парешонтар аз шабу шабам аз рӯз,
Зиндагим гашта тиру тор парешон.'''''
----
Дар маҷмӯаҳои баъдинаи шоир, аз ҷумла дар «Девон»-и соли 1971 мисраи охири ин ғазал «Аз қадами бахти нобакор парешон» рафтааст. Ҳол он ки ҳам дар матни Расул Ҳодизода ва ҳам дар дастнависи шоир «қадам» набуда, «адам» аст:
'''----
''Гашт парешон килку дафтари пайрав,
Аз адами бахти нобакор парешон.'''''
----
Аз ин рӯ матни архивро матни асосии ин шеър қарор додем. Дар зери сарлавҳаи шеъри дигари ӯ бо унвони «Маснавӣ» «ба духтур – ба ҳакими дӯст» навишта шудааст.
Ба аҳли илму адаб кайҳо маълум аст, ки ин шеърро Пайрав ба дӯсти худ – духтури чех Йозеф Авл бахшидааст. Вале номи ӯ дар ягон маҷмӯаи шоир зикр наёфтааст. Танҳо дар як дастнависи Пайрав баъд аз сарлавҳа «Ба Юсуф Авли австриягӣ» омадааст. Дар ин дастнавис байте мавҷуд аст, ки аз тамоми маҷмӯаҳо шоир партофта шудааст:
----
'''''Австрия ӯрост мулку ватан,
Шабу рӯз дар иштиёқи ватан.'''''
----
Ин шеър нахустин бор баъд аз вафоти Пайрав дар «маҷмӯаи шеърҳо»-и соли 1949 ба табъ расидааст. Дар ин маҷмӯа партофта шудани он таъкид гардида, баъд аз мисраи 8-ум се нуқта гузошта шудааст.
Line 98 ⟶ 97:
Аз як тараф, мазмуни қисми аввали шеър ва тарҷумаи ҳоли шоир ҷоиз будани чунин ақида, яъне пеш аз инқилоби Бухоро навишта шудани онро тасдиқ мекунад. Шеър ҳасби ҳоли Пайрав, оҳу нола ва фарёди ҷонгудози ӯро «дар чордевори беэътиборӣ» аз ҷаври фалак ва бахти рамида ифода намудааст.
----
'''''Дилам боз аз дасти беғамгусорӣ
Гирифтаст расму раҳи беқарорӣ.
Зи ҷаври фалак балки дар гиря ҳастам,
Зи хар дидаам гашта наҳрест ҷорӣ.
Ҷаҳаннам шавад меҳмони ман имшаб,
Гар оҳам бад-ин сон кунад шӯълаборӣ…'''''
----
Ё ин ки:
----
'''''Аҷал, охир аз ман чаро мегурезӣ?!
Ту ҳам дар дил оё мурувват надорӣ?
На бо душманон қуввати пешдастӣ,
Line 115 ⟶ 114:
Шоир ба ин пурсиши худ чунин ҷавоб мегӯяд:
Ҷуз ин казя дигар гуноҳе надорам,
Ки фикри халоси ватан шуд шиорам.'''''
----
Баъд аз ин ҷои яъсу ноумедиро изҳори муҳаббати самимона нисбат ба ватан, изҳори садқати фарзандӣ, тайёр будан ба шуҷоату мардонагӣ дар роҳи халосии ватан, боварӣ ба ояндаи он мегирад:
----
'''''Бухоро, ватан, эй ба як қабза хокат
Фидо ҷони мискину ҷисми фигорам.
Туӣ маъдани ҷуду файзи улум (ам),
Line 126 ⟶ 125:
Ки ман аз ҳаёти ту уммедворам.
Кушо дидаи хобу бингар, ки ҷонро
Барои вафои ту чун месупорам.'''''
----
Пас саволе пеш меояд, ки Пайрав ватани азизаш Бухороро аз дасти кӣ халос карданӣ? Аз истибдоди феодалӣ, зулму ситами амир ва амалдорони вай, рӯҳониёни муттаассиб ё истилои хориҷиён.
Line 136 ⟶ 135:
Шояд Пайрав шеъри худро баъд аз ҳамин воқеаҳо навишта бошад, яъне соли таълифи он на то Инқилоб, балки баъд аз он бошад. Ба ин як порча шеъри нотамоми ӯ, ки санаи таълифаш номаълум аст, низ далолат мекунад:
----
'''''Мо ба худ кандаем гӯри сиёҳ,
Гӯри торику танг, гӯри табоҳ.
Роси истодаем бар лаби он гӯр,
Line 151 ⟶ 150:
Марг ку, то ба доди ман бирасад?
Неши ғам мехалад ба синаи реш,
На зи бегонагон умеду на хеш.'''''
----
Пайрав Инқилоби Бухороро бо шеъри «Ба муносибати Инқилоби Бухоро» (2 сентябр 1920) пешвоз гирифт. Дар ин шеър ӯ аз озодии ҷумҳурӣ, партавафшон шудани байрақи сурх изҳори шодмонӣ кардааст. Дастнависи ин шер дар архиви шоир маҳфуз аст. Оё шеъри «Ба муносибати Инқилоби Бухоро», дар вақташ дар ягон маҷалла ё рӯзнома чоп шуда буд ё не? Мо имкони тадқиқи ин масъаларо надоштем, зеро маводи заруриро ба даст оварда натавонистем. Тадқиқотчиёни эҷодиёти Пайрав низ дар ин бора чизе нагуфтаанд. Пайрав онро ба ягон маҷмӯаи худ ворид накардааст. Фақат баъд аз вафоти ӯ Раҳим Ҳошим ин шеърро ба «Маҷмӯаи шеърҳо»-и ӯ дохил кардааст.
Line 158 ⟶ 157:
Шеъри Пайрав «Дилам боз дасти беғамгусорӣ» дар пайравии ғазали Абдурауфи Фитрат «Эй модари азизи ман, эй хиттаи Бухоро» навишта шудааст. Шеъри Фитрат бо мисраъҳои зерин шурӯъ мешавад:
----
'''''Эй модари азизи ман, эй хиттаи Бухоро!
Эй бо ту ифтихорам, в-эй бо ту эътибор!
Эй кӯҳи илм, баҳри шаҳомат, фазои файз,
Саҳрои маҷд, боғи ҳунар, соҳаи виқор…'''''
----
Устод Айнӣ дар «Таърихи иқилоби Бухоро» дар бораи маҷмӯаи «Сайҳа»-и Фитрат, ки соли 1392 ҳиҷрӣ (соли 1911-и мелодӣ) дар Истанбул нашр шудааст, сухан ронда, аз ҷумла навиштааст: «Маҷмӯаи шеърҳо ба форсӣ «Сайҳа» дар ҳаҷми хурд чоп шуда буд. Шоир дар ин маҷмӯа аз ҷабру зулме сухан меронд, ки олами ҷаҳонгирон дар ҳаққи олами олами Шарқ ва ислом мекарданд. Агар бигӯем, ки ин асар ба хонандагон чун қувваи электр таъсири сареъ ва қавӣ дошт, ҳаргиз муболиға накардаем «Сайҳа» чунон ки ба Бухоро дар кисаҳо пинҳон оварда шуда буд, дар Бухоро низ пинҳонӣ паҳн карда шуд».
Line 178 ⟶ 177:
«Бале, ана ҳамин тавр ба мо муомила мекарданд, ана ҳамин тавр буд зиндагии мо. Ба мо офарин, ки ҳамон рӯзҳои сахтро аз сар гузаронида намурдем, кору эҷод намудем». Пайрав сӯзу гудоз ва дарду аламҳои солҳои тӯлонӣ дар дил ниҳонашро дар шеъри «Нишони бенишонӣ» чунин ифшо намудааст:
----
'''''Дил сӯхт, ҷигар хун шуду хушкид равонам,
Боз аз чӣ сабаб ин ҳама саргарми ҷаҳонам?
Дар фасли баҳорон гули уммед начидам,
Line 187 ⟶ 186:
Ҷуз нақши надомат намуданд нишонам,
Ҷон бар кафу сар дар бағал омодаи маргам,
Дар роҳи адам бо қадами тунд равонам.'''''
----
Инак, мо дар тайини санаи таълифи ин шеър бо Лола Сулаймонӣ мувофиқем ва ин шеърро бо ҳамин санаи таълиф, яъне соли 1930-1931 ба Куллиёти илмӣ ворид намудем.
Line 194 ⟶ 193:
Шеъри ба устод Лоҳутӣ бахшида Пайрав, ки «Ба адиби сурхи инқилобӣ рафиқ Лоҳути» ном дорад, дар шакли аввал оҳанги ҳазлу мутойибаро доро буда, Лоҳутӣ ҳамчун инсони шодидӯст ва базму тарабпарвар сифат шудааст. Вале дар нусхаи охирин шояд бо маслиҳати дӯстонаш-нахустин хонандагони ин шеър бошад, ҷиҳати сиёсӣ ва ӣҷтимоии он пурқувват гардида, Пайрав Лоҳутиро ҳамчун шоири мубориз, тарғибгари ғояҳои коммунистӣ васф намудааст.Шеър дар шакли аввал бо чунин мисраъҳо ба охир мерасад:
----
'''''Эй дида ба рӯи маҳвашон боз
В-эй гӯш ба савти тори дамсоз.
Эй бӯсазани лаби зарифон
Line 200 ⟶ 199:
Дар ҳини нишоти базми пурҷӯш.
Моро накунӣ, дило фаромӯш.
'''''
----
Мо нусхаи охиринро ба Куллиёти шоир дохил намудем, зеро маҳз ҳамин нусхаро Пайрав ба Лоҳутӣ ирсол доштааст ва Лоҳутӣ ҳам ба ҳамин нусха посух гуфтааст: Дар архив се дастнависи шеър «Кай гуфтаамат?!» бо матлаи Кай гуфтаамат, партави базмидигарон бош?