Пайрав Сулаймонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 3:
'''ВА НАШРИ ИЛМИИ КУЛЛИЁТИ Ӯ'''
----
[[Акс:Pairav2.jpg]]Пайрав Сулаймонӣ умри хеле кӯтоҳ дид, ҳамагӣ 34 сол. Ӯ дар осмони назми тоҷик чун ситораи тобноке дурахшиду нопадид гашт. Вале шеъри ӯ имрӯз ҳам, фардо ҳам ва қарнҳои оянда ҳам дилҳоро тасхир хоҳад кард, ҳисро сайқал хоҳад дод, дар комилтар гардидани инсон саҳм хоҳад гузошт.
Беҳуда нест, ки устод Айнӣ аз арзи вуҷуд кардани ӯ дар майдони адабиёт изҳори шодмонӣ карда, навишта буд: «Пайрав соҳиби истеъдоди комил аст, бӯстони нави адабиёти тоҷик аз оби равони табъи ин ҷавон бисёр сарсабзиҳо умед дорад».
Пайрав аз худ осори на он қадар зиёд, вале пурарзише ба мерос гузошт. Куллиёти илмии ӯ, ки дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакӣ таҳия гардид, аз як ҷилд иборат буда, 16 ҷ.ч.-ро ташкил мекунад.
Сатри 32:
----
'''''Шоҳини асорат сари ҳар кӯй нанишинад,
: Дил бурдаӣ, дил додани худро нигарон бош.'''''
----
Яъне, шоҳини ишқ дар сари ҳай кӯй наменишинад. Модом ки ту дили касеро рабудаӣ, худат ҳам дил хоҳӣ аз даст дод.