Пайрав Сулаймонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Сатри 16:
Пайрав аз худ осори на он қадар зиёд, вале пурарзише ба мерос гузошт. Куллиёти илмии ӯ, ки дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакӣ таҳия гардид, аз як ҷилд иборат буда, 16 ҷ.ч.-ро ташкил мекунад.
 
==Эҷодиёт==
Соли таълифи нахустин шеъри Пайрав, ки то имрӯз ба дасти мо расидааст, 1916 аст. Ӯ дар давоми эҷодиёти 17 -солаи худ ҳамагӣ се китоб, дурусташ, се китобчаи худро дид ва даст гирифт.
 
Line 25 ⟶ 26:
 
Китоби дигари Пайрав «Қадам ба панҷсолаи дуввум» баъд аз вафоти ӯ соли 1934-ум нашр гардид. Дар архиви шоир чопи мошинкаи ин маҷмӯа маҳфуз аст. Ин ба мо ҳуқуқ медиҳад, ки таҳия маҷмӯаи «Қадам ба панҷсолаи дуввум» -ро ба худи муаллиф нисбат диҳем.
 
== Маҷмӯаи шеърҳо ==
 
Инак, он маҷмӯаҳое, ки аз тарафи Пайрав ба чоп омода шудаанд ва ба табъ расидаанд ва мо ҳангоми таҳияи Куллиёти илмии шоир ба онҳо такя намудем. Яке аз мӯътабартарин маҷмӯаҳое, ки мо матни онро дар бештарин мавридҳо чун матни асосӣ истифода бурдем, «Маҷмӯаи шеърҳо» - и нашри соли 1934 мебошад. Ин нахустин китоби Пайрав аст, ки баъд аз вафоти шоир дар таҳияи Раҳим Ҳошим аз чоп баромадааст. Ба ҳайати таҳририяти он устод Айнӣ низ шомил буданд. Маълум аст, Раҳим Ҳошим бо роҳбарӣ ва маслиҳати устод Айнӣ ин корро анҷом додааст. Баъд аз зикри ҳайати таҳририя дар ҳошияи ҳамон варақ навишта шудааст: «Бо ташаббуси шӯъбаи Самарқандии Союзи нависандагони Шӯрои Ӯзбекистон ҷамъ карда шудааст».
Line 47 ⟶ 50:
# Нодуруст хондани калима боиси тағйир ёфтани он ва дигар шудани мазмуни мисраъ гардидааст.
Масалан, дар шеъри «Кай гуфтаамат?» мисраи 16 дар ҳамаи маҷмӯаҳои шоир ба тарзи зер навишта шудааст:
 
:Дилбурдаи дилдодаи худро нигарон бош.
:Мо аз дастнависи шоир ин масраъро чунин хондем
Line 53 ⟶ 57:
Дар ин мисраъ «дил» дар ҳар ду калима алоҳида навишташуда, «и» -и калимаи аввал «ӣ» -и дароз, на «додаи».
Дуруст будани ин мисраъро мисраи аввали ҳамин байт тасдиқ мекунад:
 
:Шоҳини асорат сари ҳар кӯй нанишинад,
:Дил бурдаӣ, дил додани худро нигарон бош.
Line 59 ⟶ 64:
 
Дар матни «Мухаммас бар ғазали Ризоӣ» ҳангоми муқоиасаи ҳамаи нашрҳо бо дастнависи Пайрав се нуқсон ба назар расид.
# Банди дуюм ва сеюм пешу қафо омадааст. Ин нуқсон ҳангоми аз назар гузаронидани таркиби мисраъҳои ғазали Ризоӣ равшан падидор гардид.
# Дар мисраи 14-ум, яъне мисраи 5-уми ғазали Ризоӣ, ки Пайрав овардааст, иваз шудани як ҳарф боиси осеб дидани матн гардидааст.
 
:Ҳазор ғам ба дилам ҳасту ин ҳам аз ҳама бадтар.
Line 66 ⟶ 71:
:Ҳазор ғам ба дилам ҳасту ин ҳам аз ҳама бадтар.
:Ки кас зи хешу зи бегона ғамгусор надорам.
 
# Дар банди охирини ин мухаммас дар мисраи 32-юм ба ҷои калимаи «эъҷоз» эъзоз омадааст, ки мазмунро ароб кардааст.
Маънои калимаи «эъҷоз» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» «кори ҳайратовар ва аз одат берун, мӯъҷиза», «эъзоз» бошад, «ҳурмат, иззат, эҳтиром» эзоҳ ёфтааст.
Асли ин мисраъ дар дастнависи шоир чунин аст:
''':Ба авҷи шеъри ту эъҷознорас аси, Ризоӣ.'''
 
:Сабаби дуввуми чунин матни асосӣ истифода шудани дастнависи шоир аз тарафи муҳаррир ва ё корманди нашриёт ё ин ки худи муаллиф дидаю дониста партофта шудани баъзе мисраъ ва байтҳо мебошад.
:Ғазали «Парешон»-ро нахустин бор Расул Ҳодизода аз ҳошияи девони қасоиди Файзи Даканӣ пайдо намуда, дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» (1956, №6) ба табъ расонидааст ва дар ин бора мақолае низ навиштааст. Ин ғазал баъд аз он дар «Маҷмӯаи осор»-и соли 1959 ворид гардид. Маълум мешавад, ки мураттиби «Маҷмӯаи осор» онро аз мақолаи Расул Ҳодизода гирифтааст. Зеро ҳар ду матн як хел буда, дар онҳо байти зерин дохил нагардидааст:
----
 
''''':Рӯз парешонтар аз шабу шабам аз рӯз,
:Зиндагим гашта тиру тор парешон.'''''
----
 
Дар маҷмӯаҳои баъдинаи шоир, аз ҷумла дар «Девон»-и соли 1971 мисраи охири ин ғазал «Аз қадами бахти нобакор парешон» рафтааст. Ҳол он ки ҳам дар матни Расул Ҳодизода ва ҳам дар дастнависи шоир «қадам» набуда, «адам» аст:
 
'''----
'':Гашт парешон килку дафтари пайрав,
:Аз адами бахти нобакор парешон.'''''
 
----
Аз ин рӯ матни архивро матни асосии ин шеър қарор додем. Дар зери сарлавҳаи шеъри дигари ӯ бо унвони «Маснавӣ» «ба духтур – ба ҳакими дӯст» навишта шудааст.
Ба аҳли илму адаб кайҳо маълум аст, ки ин шеърро Пайрав ба дӯсти худ – духтури чех Йозеф Авл бахшидааст. Вале номи ӯ дар ягон маҷмӯаи шоир зикр наёфтааст. Танҳо дар як дастнависи Пайрав баъд аз сарлавҳа «Ба Юсуф Авли австриягӣ» омадааст. Дар ин дастнавис байте мавҷуд аст, ки аз тамоми маҷмӯаҳо шоир партофта шудааст:
 
----
''''':Австрия ӯрост мулку ватан,
:Шабу рӯз дар иштиёқи ватан.'''''
 
----
Ин шеър нахустин бор баъд аз вафоти Пайрав дар «маҷмӯаи шеърҳо»-и соли 1949 ба табъ расидааст. Дар ин маҷмӯа партофта шудани он таъкид гардида, баъд аз мисраи 8-ум се нуқта гузошта шудааст.
Маълум мешавад, ки мураттибон танҳо ба хотири сиёсати Ҳокимияти Шӯравӣ нисбат ба шахсони хориҷӣ, аз тарси он ки мабодо ба гардани Пайрав ягон гуноҳеро бор накунанд, зерсарлавҳа ва байтеро, ки номи Йозеф Авлро ошкор месозад, партофтаанд.
 
== Тадқиқи архиви адиб ==
 
Тадқиқи архиви адиб, омӯхтани вариантҳои гуногуни матни ҳар як асари ӯ имкон медиҳад, ки санаи таълифи асарҳое, ки таърихи навишта шуданашон номаъълум аст, муайян гардад. Агар дар зери дастнависи шоир санаи таълиф гузошта шуда бошад, кори матншинос осон аст. Масалан, санаи таълифи ғазали «парешон» на дар матни Р. Ҳодизода ва на дар «Девон»-и 1971 вуҷуд надорад. Лола Сулаймонӣ онро 1918-1919 тахмин кардааст. Вале дар архиви институт – дар воҳиди ҳифзи 91 зери шеър «Бухоро, 1927» сабт ёфтааст.
Шеъри «Мактуб ба рафиқам» дар ҳамаи маҷмӯаҳои шоир бесана омадааст. Дар архив се нусхаи сиёҳнавис ва як нусхаи покнавис мавҷуд аст. Дар зери нусхаи покнавис, ки рақами 1-ро гирифтааст, «Самарқанд, 1933» навишта шудааст. Мо ин санаро ҳамчун санаи саҳеҳ қабул кардем.
Line 97 ⟶ 107:
Аз ин рӯ, мехоҳем барои исботи ақидаи худ далели боэътимодтаре орем.
Аввал ин ки дар нахустин маҷмӯаи пайрав «Шукуфаи адабиёт», ки худи ӯ таҳия кардааст, санаи таълифи ин шеър октябри 1928 аст.
 
Дар архив дастнависи шеъри «Қалам» маҳфуз намондааст. Вале дар «Маҷмӯаи шеърҳо» -и соли 1934 дар саҳифаи аввал баъд аз сурати Пайрав акси дастхати ӯ бо ҳуруфи ниёгон оварда шудааст, ки дар зери он «Бухоро – 1928» зикр ёфтааст. Бинобар ин мо бидуни шакку шубҳа дар Куллиёти пайрав санаи таълифи шеъри «Қалам» -ро «Октябри 1928» зикр намудем.
Дар архиви Пайрав шеърҳое ҳастанд, ки санаи таълифи онҳоро тахмин кардан ниҳоят душвор аст.
Чунон ки маълум аст, аз солҳои панҷоҳум сар карда, ҳамаи маҷмӯаҳои Пайравро духтари шоир, номзади илми филология шодравон Лола Сулаймонӣ мураттаб сохтааст. Лола Сулаймонӣ солҳои тӯлони бо архивипадар сару кор дошт, онро ба тартиб овард, таҳқиқ намуд ва аз рӯи имконият ва тақозои замон баъзе асарҳои ба чоп нарасидаро интишор сохт. Ӯ орзу дошт, ки Куллиёти илмии Пайравро таҳия кунад ва ба ҳамин ният архивро ба Институти забон ва адабиёт, яъне ба ҳимояи давлат супорид ва худаш ҳам ба шӯъбаи мероси адабии ҳамин Институт ба кор омад. Вале афсӯс, ки марги беамон барои ҷомаи амал пӯшидани ин орзуяш имкон надод.
 
Он шеърҳое, ки дар солҳои охир дар натиҷаи кӯшишҳои Лола Сулаймонӣ дар саҳифаҳои маҷалла ва рӯзномҳои ҷумҳурӣ ба табъ расиданд ва он пораҳои нотамоме, ки аз байни қоғазпораҳои архиви Пайрав пайдо шудаанд, тасаввуроти моро дар бораи ӯ, шеъри ӯ, зиндагии ӯ, андешаҳои ин шоири дардошно тағйир медиҳанд.
 
Лола Сулаймонӣ дар сарсухани худ навиштааст: «Амакам Яҳёҷон Сулайсонӣ чанде пеш аз вафоташ ба ман як ҷузвдон дастхатҳоро супорида хоҳиш намуд, ки онҳоро ба касе иншон надиҳам. «Аксари ин шеърҳо ба ҷуз яктоаш дар Эрон навишта шудааст. Фаҳмидӣ? Мабодо номи бародарам сиёҳ нашавад…»
Мувофиқи хоҳиши ӯ ман ин ҷузвдонро солҳои зиёд маҳфуз доштам. Ҳоло ки замони ошкоргӯист, ин шеърҳо низ бояд чоп шаванд, зеро ҳеҷ иллате надошта, балки аз сӯзи дили як ҷавони биступанҷсолаи ошиқи раҳдур дарак медиҳанд. Дар дафтаре, ки амакам супорида буданд, ба ғайр аз дастнависи шеърҳои мунташир чанд дастхати шеърҳои номатбӯи Пайрав маҳфуз аст».
Line 113 ⟶ 126:
«Падари рафиқ Сулаймонӣ Абдукаримҷон гарчи ба ҳаракати ҷадидӣ ба сифати як инқилобпеша фаъолона иштирок накарда бошад ҳам, вале равшанфикр, газетахон ва ғайри мутаассиб будани вай аз тарафи ҳукумати Бухоро нисбат ба ӯ ба пайдо шудани сӯизан сабаб шуда буд.
Дар авохир аз тарафи рабоби ҳукумати Бухоро ва муллоёни муттаассиб аз худи Абдукаримҷон зиёдтар ба писари ӯ Отаҷон Сулаймонӣ сӯизан ҳосил мешавад. Сахтии таъқибот Пайрав Сулаймониро маҷбур мекунад, ки дар либоси занона чанд вақт дар хона пинҳон шуда биистад».
Аз як тараф, мазмуни қисми аввали шеър ва тарҷумаи ҳоли шоир ҷоиз будани чунин ақида, яъне пеш аз инқилоби [[Бухоро]] навишта шудани онро тасдиқ мекунад. Шеър ҳасби ҳоли Пайрав, оҳу нола ва фарёди ҷонгудози ӯро «дар чордевори беэътиборӣ» аз ҷаври фалак ва бахти рамида ифода намудааст.
 
----
''''':Дилам боз аз дасти беғамгусорӣ
:Гирифтаст расму раҳи беқарорӣ.
:Зи ҷаври фалак балки дар гиря ҳастам,
:Зи хар дидаам гашта наҳрест ҷорӣ.
:Ҷаҳаннам шавад меҳмони ман имшаб,
:Гар оҳам бад-ин сон кунад шӯълаборӣ…'''''
 
----
Ё ин ки:
 
----
''''':Аҷал, охир аз ман чаро мегурезӣ?!
:Ту ҳам дар дил оё мурувват надорӣ?
:На бо душманон қуввати пешдастӣ,
:На аз дӯстон чашми уммедворӣ.
:Дило, чист охир ба гетӣ гуноҳам,
:Ба ҷо монда з-ин сон низору табоҳам.
 
Шоир ба ин пурсиши худ чунин ҷавоб мегӯяд:
:Ҷуз ин казя дигар гуноҳе надорам,
:Ки фикри халоси ватан шуд шиорам.'''''
 
----
Баъд аз ин ҷои яъсу ноумедиро изҳори муҳаббати самимона нисбат ба ватан, изҳори садқати фарзандӣ, тайёр будан ба шуҷоату мардонагӣ дар роҳи халосии ватан, боварӣ ба ояндаи он мегирад:
 
----
''''':Бухоро, ватан, эй ба як қабза хокат
:Фидо ҷони мискину ҷисми фигорам.
:Туӣ маъдани ҷуду файзи улум (ам),
:Туӣ маҳди осоишу эътиборам.
:Ватан, ноумедӣ нашояд кунунат,
:Ки ман аз ҳаёти ту уммедворам.
:Кушо дидаи хобу бингар, ки ҷонро
:Барои вафои ту чун месупорам.'''''
 
----
Пас саволе пеш меояд, ки Пайрав ватани азизаш Бухороро аз дасти кӣ халос карданӣ? Аз истибдоди феодалӣ, зулму ситами амир ва амалдорони вай, рӯҳониёни муттаассиб ё истилои хориҷиён.
Аз рӯи адабиёти мавҷуда маълум аст, ки Пайрав ба ягон созмони зидди аморати бухоро шомил набуд. Пас ӯ ба кӣ ва ба чӣ уммед бастааст?
Line 151 ⟶ 165:
Вақто ки лашкари руссия ба насаф (Қаршӣ) ҳуҷум мекунад, Садри Зиё қозии онҷо буд. ӯ дар ин порчаи «Рӯзнома» ҳодисаҳои дар роҳ-аз Қаршӣ то Бухоро руҳ додаро аз охири августи соли 1920 то оғози сентябри ҳамон сол чун шоҳид тасвир намудааст. Масалан, ӯ навиштааст: «Ҳама аҳли қишлоқ аз бими саллот (сарбоз) –ҳои Руссия фирор карда буданд. ҲӣҲо тамоман холӣ аз одам буд. Аҳолӣ ҷумлатан дарак надоштанд. Аз як тараф хавфи саллот буд, ки ба қишлоқ мегаштанд, зирӯҳе (ҷонзоте), ки ба назарашон медаромад, билотаваққуф ба милтиқ мепаррониданд, чизе, ки дошта бошад, мегирифтанд».
Садри Зиё инчунин ба воситаи овардани хобҳои даҳшатбори худ «аз зарбати тӯби қалъакӯб» хароб шудани Бухоро, ба замин яксон шудани қасру кӯшкҳо, ба горат ва яғмо рафтани молу амволи халқ, ба қатл расидани мардуми бегуноҳро нишон додааст, ки ҳама моҳияти «Инқилоби Бухоро»-ро хеле равшан падидор месозад.
 
Шояд Пайрав шеъри худро баъд аз ҳамин воқеаҳо навишта бошад, яъне соли таълифи он на то Инқилоб, балки баъд аз он бошад. Ба ин як порча шеъри нотамоми ӯ, ки санаи таълифаш номаълум аст, низ далолат мекунад:
 
----
''''':Мо ба худ кандаем гӯри сиёҳ,
:Гӯри торику танг, гӯри табоҳ.
:Роси истодаем бар лаби он гӯр,
:Синаҳо бозу чашмҳо дар роҳ.
:Теғи худро занед, эй қотил!
:Эй шитобон паи ҳалокати мо.
:Мо нагӯем ба ҳеҷ ки нафрат,
:Гарчи бошем куштаи нафрат…
:Ё ин ки пораи дигари нотамом:
:Ту дигар аз ман сару дил маталаб,
:Дил забун гашт, сабр шуд помол.
:Орзу тира гашту мақсуд ҳеҷ,
:Муддао маҳву нест шуд омол.
:Марг ку, то ба доди ман бирасад?
:Неши ғам мехалад ба синаи реш,
:На зи бегонагон умеду на хеш.'''''
 
----
Пайрав Инқилоби Бухороро бо шеъри «Ба муносибати Инқилоби Бухоро» (2 сентябр 1920) пешвоз гирифт. Дар ин шеър ӯ аз озодии ҷумҳурӣ, партавафшон шудани байрақи сурх изҳори шодмонӣ кардааст. Дастнависи ин шер дар архиви шоир маҳфуз аст. Оё шеъри «Ба муносибати Инқилоби Бухоро», дар вақташ дар ягон маҷалла ё рӯзнома чоп шуда буд ё не? Мо имкони тадқиқи ин масъаларо надоштем, зеро маводи заруриро ба даст оварда натавонистем. Тадқиқотчиёни эҷодиёти Пайрав низ дар ин бора чизе нагуфтаанд. Пайрав онро ба ягон маҷмӯаи худ ворид накардааст. Фақат баъд аз вафоти ӯ Раҳим Ҳошим ин шеърро ба «Маҷмӯаи шеърҳо»-и ӯ дохил кардааст.
Тадқиқи шаҳри ҳоли Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ – дар мақолаҳои Расул Ҳодизода «Маҳмуд Хоҷа Беҳбудӣ – тарихи зиндагӣ ва тақдири таърихии ӯ», Муҳаммадҷон Шакурӣ «Нигоҳе ба поёни умри Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ» («Гули мурод», 1997, 1998, 10-12(4)), хулосаҳои ин муаллифон моро ба чунин андеша водор сохт, ки шояд Пайрав низ Инқилоби Бухороро бо хушнудӣ пешвоз гирифта, гумон карда бошад, ки акнун Осиёи Миёна аз ҷавру зулми ҳукумати амирӣ ва муллоёни мутаассиб раҳои ёфта, ҷумҳурии мустақил хоҳад шуд ва адлу инсоф ғалаба хоҳад кард. Вале асорати миллӣ, бесару сомониҳо, харобӣ ва куштору ғорат, ҳабскуниҳо ӯро аз нав ба кӯи яъсу ноумедӣ андохт.
Шояд муҳоҷирати Пайрав ба Афғонистону Эрон ба ҷуз гурехтан аз иқи духтари Чингиз, ки муҳаққиқони эҷодиёти ӯ таъкид кардаанд, минбаъд дигар хел маънидод шавад?
Шеъри Пайрав «Дилам боз дасти беғамгусорӣ» дар пайравии ғазали Абдурауфи Фитрат «Эй модари азизи ман, эй хиттаи Бухоро» навишта шудааст. Шеъри Фитрат бо мисраъҳои зерин шурӯъ мешавад:
 
----
''''':Эй модари азизи ман, эй хиттаи Бухоро!
:Эй бо ту ифтихорам, в-эй бо ту эътибор!
:Эй кӯҳи илм, баҳри шаҳомат, фазои файз,
:Саҳрои маҷд, боғи ҳунар, соҳаи виқор…'''''
----
Устод Айнӣ дар «Таърихи иқилоби Бухоро» дар бораи маҷмӯаи «Сайҳа»-и Фитрат, ки соли 1392 ҳиҷрӣ (соли 1911-и мелодӣ) дар Истанбул нашр шудааст, сухан ронда, аз ҷумла навиштааст: «Маҷмӯаи шеърҳо ба форсӣ «Сайҳа» дар ҳаҷми хурд чоп шуда буд. Шоир дар ин маҷмӯа аз ҷабру зулме сухан меронд, ки олами ҷаҳонгирон дар ҳаққи олами олами Шарқ ва ислом мекарданд. Агар бигӯем, ки ин асар ба хонандагон чун қувваи электр таъсири сареъ ва қавӣ дошт, ҳаргиз муболиға накардаем «Сайҳа» чунон ки ба Бухоро дар кисаҳо пинҳон оварда шуда буд, дар Бухоро низ пинҳонӣ паҳн карда шуд».
Line 192 ⟶ 207:
Устод Ҷалол Икромӣ гӯё барои тасдиқи ин суханони Раҳим Ҳошим дар мақолаи худ «Душанбе ватанам, Бухоро зодгоҳам» чунин воқеаро ба хотир оварданд:
«Охири тирамоҳи соли 1930, як руз дар хонаи аскарони сурх якумин анҷумани комсомолони Тоҷикистон барпо шуд. Дар қатори дигар нависанда ва зиёиёни тоҷик ману айравро ҳам хабар карда буданд. Аз ин илтифоти болоиҳо мамнуну фараҳманд шудем. Сари вақт ба маҷлиси анҷуман рафта, дар толори калони хонаи аскарони сурх хурсанду шод нишастем, бо ҳам сӯҳбату хушгӯиҳо мекардем. Вале ҳанӯз анҷуман сар нашуда, Бектош ба ману Пайрав омада гуфт, ки оҳиста бархоста, аз зал баромада раветон. Гап ҳаст, ки Ғуломризо Ализода пеш аз сар шудани маҷлис аз минбар баромада мегӯяд, ки фарзандони бойҳо ва қозиҳо, ки дар ин ҷо ҳастанд, зали маҷлисро холӣ кунанд. Мо намехоҳем, ки дар ин маҷлиси ботантанаи мо унсурҳои бегона бошанд».
 
Ҷалол Икромӣ ҳолати рӯҳии ҳар дуяшонро тасвир намуда, чунин хулоса кардаанд:
«Бале, ана ҳамин тавр ба мо муомила мекарданд, ана ҳамин тавр буд зиндагии мо. Ба мо офарин, ки ҳамон рӯзҳои сахтро аз сар гузаронида намурдем, кору эҷод намудем». Пайрав сӯзу гудоз ва дарду аламҳои солҳои тӯлонӣ дар дил ниҳонашро дар шеъри «Нишони бенишонӣ» чунин ифшо намудааст:
----
''''':Дил сӯхт, ҷигар хун шуду хушкид равонам,
:Боз аз чӣ сабаб ин ҳама саргарми ҷаҳонам?
:Дар фасли баҳорон гули уммед начидам,
:Афсурдаву пажмурдаву помоли хазонам.
:Нуре, ки яқин доштаму ҷаҳд намудам,
:Норе шуду дар кӯраи гам сӯхт чунонам.
:Ҳарчанд ҳақиқат зи ҳақиқат талабидам,
:Ҷуз нақши надомат намуданд нишонам,
:Ҷон бар кафу сар дар бағал омодаи маргам,
:Дар роҳи адам бо қадами тунд равонам.'''''
 
----
Инак, мо дар тайини санаи таълифи ин шеър бо Лола Сулаймонӣ мувофиқем ва ин шеърро бо ҳамин санаи таълиф, яъне соли 1930-1931 ба Куллиёти илмӣ ворид намудем.
Тадқиқи архиви адиб, омӯхтани нусхаҳои гуногуни дастнависи ҳар як асар ба мо имконият медиҳад, ки таърихи эҷоди он, ба кӣ бахшида шудан, сабаби пайдоиш, дар кадом шароит ба вуҷуд омадани онро муайян намоем.
Line 211 ⟶ 227:
Шеъри ба устод Лоҳутӣ бахшида Пайрав, ки «Ба адиби сурхи инқилобӣ рафиқ Лоҳути» ном дорад, дар шакли аввал оҳанги ҳазлу мутойибаро доро буда, Лоҳутӣ ҳамчун инсони шодидӯст ва базму тарабпарвар сифат шудааст. Вале дар нусхаи охирин шояд бо маслиҳати дӯстонаш-нахустин хонандагони ин шеър бошад, ҷиҳати сиёсӣ ва ӣҷтимоии он пурқувват гардида, Пайрав Лоҳутиро ҳамчун шоири мубориз, тарғибгари ғояҳои коммунистӣ васф намудааст.Шеър дар шакли аввал бо чунин мисраъҳо ба охир мерасад:
----
''''':Эй дида ба рӯи маҳвашон боз
:В-эй гӯш ба савти тори дамсоз.
:Эй бӯсазани лаби зарифон
:В-эй соқии маҳфили ҳарифон—
:Дар ҳини нишоти базми пурҷӯш.
:Моро накунӣ, дило фаромӯш.
 
'''''
----
Мо нусхаи охиринро ба Куллиёти шоир дохил намудем, зеро маҳз ҳамин нусхаро Пайрав ба Лоҳутӣ ирсол доштааст ва Лоҳутӣ ҳам ба ҳамин нусха посух гуфтааст: Дар архив се дастнависи шеър «Кай гуфтаамат?!» бо матлаи Кай гуфтаамат, партави базмидигарон бош?