Кундал: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 9:
 
Устодони барҷастаи кундал намояндагони [[Хуҷанд]] [[Ҳамроқул Шарифов]] ва [[Мирзораҳмат Олимов]] ҳисоб мешаванд. М.Олимов асосгузори мактаби миллии кундал буда, анъанаҳои онро дар [[Душанбе]] фаъолона паҳн мекард. Аз пайравони ӯ дар [[Душанбе]] мебояд [[Кароматулло Ғаюров]] ва [[Тошқувват Ҳаитов]]ро ном бурд.
[[Акс:Kundal6.jpg|thumb|rightleft]]
Муддати дароз дар қолаби анъанавии кундал [[Ёқуб Бегимов]] низ кор кард, аммо як қадар маҳдудияти онро эҳсос карда, хост қолаби анъанаро васеътар ва муҳтаворо (сюжетро) дар кундал дохил кунад. Шояд яке аз сабабҳои ба ин амал даст задани ӯ пурқувват гардидани муҳтаво дар асарҳои санъати ороишӣ - дастии шӯравии солҳои 70-ум буд. Ворид гардидани тасвирҳо дар сатҳи пурнақшу нигори кундал ба ин мусаввараҳо тобиши нав бахшида, тимсолҳои тоза эҷод кард. Гузариш аз нақшу нигор ба тасвир натанҳо рангубори анъанавиро тағйир дод, балки имконоти васеъро дар интихоби ранг пеш овард. Ёқуб Бегимов дар Изроил ҳам «кундали гӯё», яъне бомуҳтаво эҷод мекунад. [[Санъат]]и ба худ хоси тоҷикӣ барои бисёриҳо дар Изроил писанд омадааст, ки фармоишҳои давлатии расмии бузург ва ҳам асарҳои кӯчаки дастгоҳӣ далели ин гуфтаҳоянд.
 
[[Акс:Kundal6.jpg|thumb|right]]
Аз наққошони муосир месазад аз асарҳои устодони душанбегӣ [[Раҳим Аҳмадов]], Раҳматулло ва Фирдавс Абдураҳмоновҳо, [[Маҳмадкарим Рақибов]], [[Зоир Мирзоев]], [[Зоир Алиқулов]], [[Қурбон Раҳимов]] ва устои истаравшанӣ Мирсобит Обидов ёдовар шуд. Устодони мазбур равияи анъанавиро пайгирӣ карда дар асарҳояшон печутоби тааҷҷубовари нақшу нигорро нигоҳ доштаанд, ки мисоли хатти шикастаи арабӣ рӯи мусаввараҳо паҳно гирифтааст.
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Кундал"