Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
FoxBot (баҳс | ҳисса)
х r2.7.2) (робот илова карда истодааст: br:Impalaeriezh an Ac'haemenided
Xqbot (баҳс | ҳисса)
х r2.7.2) (робот ҳaвз карда истодааст: az:Əhəmənilər İmperiyası; косметические изменения
Сатри 1:
'''Давлати Ҳахоманишиҳо''' - дар замонҳои қадимтарин дар хоки [[Эрон]] қабилаҳои Ориёӣ зиндагӣ мекарданд. Баъдтар ба он ҷо баъзе қабилаҳои дигар низ омада сокин шуданд. Дар оянда аз онҳо халқҳои форсизабон ба вуҷуд омадаанд, Ориёӣ ба чорводорӣ ва зироатпарварӣ машғул буданд. Қабилаҳои ориёӣ аз се табақа – коҳинҳо, ашроф ва аҳли соҳибихтиёри ҷомеа, чорводорону зироатпарварон ва касибон иборат буданд.
Дар бораи ориёни Эрони Қадим дар китоби муқаддаси дини зардуштия «Авесто» маълумот дода шудааст. Роҳбарони қабилаҳои ориёӣ пешвоён ва подшоҳон буданд. Ҳокимияти онҳо хеле мустаҳкам буд. Қабилаҳо одатан аз байни худ раҳбаронро интихоб мекарданд. Мартабаи пешвои қабила ва шоҳ меросй ҳам буд. Пешвоён ва шоҳони қабилаҳо бо ҳамроҳии шӯрои қабила ҳамаи масъалаҳои қабиларо ҳаллу фасл мекарданд. Дар ҳазорсолаи II пеш аз милод бо мақсади ҳимоя аз ҳуҷумҳои сершумори қабилаҳои ҳамсоя қабилаҳои ориёии эронӣ иттифоқи қабилаҳоро ташкил намуданд. Дар баъзе минтақаҳои Эрон аз ин ҳам пештар иттифоқҳои қабилаҳои ориёӣ таъсис ёфта буданд, ки онҳо давлатҳои аввалини қадимтарини мардуми форсизабонро ташкил намуданд.
 
== Ташкилёбии Давлати Ҳахоманишиҳо ==
Ба иттифоқи қабилаҳои эронӣ на ҳама вақт муяссар мешуд, ки худро аз ҳуҷумҳои душманон муҳофизат карда тавонанд. Барои ҳамин, ба онҳо лозим меомад, ки иттифоқҳои қабилаҳояшонро калонтару мустаҳкамтар кунанд. Қабилаҳои сершумори хурд омада, бо ихтиёри худ ба иттифоқи қабилаҳои пурзӯртар якљоя шуда, онҳоро боз хам пурқувваттар мегардонанд. Сохти ин иттифоқҳои қабилаҳо ба сохти давлатӣ монанд мешуд.
 
Дар миёнаҳои асри VI пеш аз милод дар Форс давлате бо номи Ҳахоманишиён таъсис меёбад. Асосгузори ин давлат писари Куруши I Куруши II-ро мешуморанд, ки ӯ солҳои 550 -529 пеш аз милод ҳукумронй кардааст. Номи давлат аз номи сулолае, ки Куруш ба он он тааллуқ, гирифта шудааст. Куруш худро «шоҳи Ашан» ва «шоҳи Порсу», яъне шоҳи Форс меномид. Барои васеъ кардани давлати худ Куруши II бар зидди шоҳи Модҳо – Астиаг љанг карда ва пойтахти он шаҳри Экбатан (Ҳамадон)–ро забт карда, тобеи давлати худ мегардонад. Ғалабаи Куруши II бар шоҳи Модҳо аз он сабаб осон гардид, ки халқи он бар зидди шоҳ Астиаг шӯриш бардошта буд. Мувофиқи ривояте шӯришгардон шоҳи худ – Астиагро дастгир карда, ба Куруш месупоранд. Вале Куруши II ӯро қатл накарда, баръакс, ба мартабаи баланд мушарраф мегардонад. Баъди забти Модҳо Куруши II љангҳои истилогаронаи худро давом дода, Арманистон ва Каппадокияро забт мекунад. Баъд аз ин Куруш нияти ҳуљум ба Бобулро кард. Шоҳи Бобули нав дар давраи ҳукмронии Навуходоносори II ба давлати пуриқтидор табдил ёфта буд .
Барои ҳамин забти он кори осон набуд. Мушкилии забти Бобул дар он буд, ки шоҳи Лидиён Крез ва шоҳи Миср – фиръавн Яхмост II бо ҳамроҳии Бобул бар зидди давлати Форс иттифоқ баста буданд. Барои ҳамин Куруш аввал ҳокимияти худро дар Осиёи Ғарбӣ ва махсусан дар Осиёи Хурд мустаҳкам карда, одамон ва дороии давлатҳои ишғолкардаро барои мустаҳкам намудани давлат ва қӯшуни худ истифода бурд. Курши II аввал давлати заифтари ин иттифоқ – Лидиёнро торумор ва ба давлати худ ҳамроҳ мекунад. Баъд тамоми қувваро бар зидди Бобул равон кард. Миср ба Лидиён ва Бобул ёрӣ нарасонд. Дар ин ҳолат Куруш бо мушкилии зиёд Бобулро ҳам ишғол кард.
Куруш ба ин қаноат накарда мамлакатҳои зиёди дигарро ҳам забт карда, империияи бузурги Ҳахоманишиёнро ташкил намуд. Баъд аз Куруши II дар яке аз љангҳо ба тахти подшоҳии Ҳахоманишиён писари ӯ Камбиз менишинад. Дар давраи ҳукмронии ӯ дар мамлакат ошӯбҳои бисёре сар мезананд. Баъзе вилояту давлатҳои забткардашуда аз ҳайати давлати Ҳахоманишиён мебароянд. Ба Камбиз лозим омад, ки барои пахш кардани шӯришҳои сершумор вақти тулонӣ ва қувваи зиёд сарф кунад. ӯ ба мақсад ноил шуданаш қувва љамъ карда, соли 526 пеш аз милод ба Миср лашкар мекашад. Ҳангоме, ки лашкари Ҳахоманишиён ба Миср наздик мешуд, шоҳи Яхмоси II ногаҳон вафот мекунад. Ба тахти фиръавнии Миср Псамтики III менишинад, вале ба ӯ муяссар намешавад, ки Мисрро аз истилои форсҳо наљот бидиҳад. Лашкари мисриҳо дар наздикии Полузия ва Мемфис аз форсҳо сахт шикаст мехӯрад.
Ҳамин тариқ, Камбиз Мисрро истило мекунад. Баъди вафоти Камбиз ба тахти подшоҳии давлати Ҳахоманишиён Дорои I соли 522 пеш аз милод менишинад. ӯ барои пуриқтидор шудани давлати Ҳахоманишиён љидду љаҳди зиёд ба харљ медиҳад, лекин ин кор ба ӯ муяссар намешавад.
Давлати қадими Эрон – Ҳахоманишиёнро солҳои 334–327 Искандари Мақдунӣ истило мекунад.
 
== Сохтор ==
Тамоми '''Давлати Ҳахоманишӣ''' ба вилоятҳои молиётдиҳандаи ҳарби, яъне сатрапиҳо таксим гардида буд, ки онҳоро волиҳо (сатрапҳо) идора мекарданд. Чи навъе, ки Геродот хабар медиҳад (lll,89-94), дар аҳди Дорои-l (522-486 пеш аз милод) шумораи ин қабил вилоятҳо ба 20 мерасид. Волиҳо, ки бевосита ба подшоҳ итоат мекарданд аксаран аз байни форсҳо таъин карда мешуданд. Вазифаи воли асосан аз ҷамъоварии андоз ва нигаҳдории қӯшун иборат буд. Вай инчунин ҳақ дошт бо ҳамсоягони итоат накарда, муносибат намояд ва бо ризоияти подшоҳ метавонист, ҳатто бар зидди онҳо лашкар кашад. Мансаби воли бештар мероси буд.
 
Сатри 20:
Ахолӣ аз ин кабил андозу хироҷҳои зиёд ба азобу кулфатҳои тоқатшикан дучор мегардид. Вай барои додани молиёт аксар вақт замини худро ба судхурҳо гарав мегузошт ва ё ҳатто фарзандони худро ба ғуломӣ мефурухт.
 
Осиё Миёна ба чор сатрапӣ тақсим шуда буд. Қабилаҳои кӯчманчии сокини канораҳои баҳри Каспӣ, ба қавли Геродот, ба таркиби сатрапии ХI дохил шуда, солона ба маблағи 200 таланти нуқраи бобулӣ хироҷ медоданд. Хоразм, Суғд ва Порт сатрапии XVI буда, 300 талант андоз мепардохтанд. Бохтар сатрапии XII ба шумор рафта, 360 талант андоз мепардохтанд. Ниҳоят сакоиҳои вилояти XV-ро ташкил намуда, ба маблағи 250 талант андоз медоданд.
 
Яке аз воситаҳое, ки Ҳахоманишиҳо аз аҳолии [[Осиёи Миёна]] андозҳои иловаги мегирифтанд, бастани дарғот буд. Ахолӣ аз беоби ба танг омада, маҷбур мешуд, ки барои кушодани дарғот хироҷи иловагӣ бидиҳад. Геродот дар ин бора менависад:
Сатри 29:
Муайян кардани ин ҷои дарғот, ки аз рӯи суханони Геродот дар дарёи Акес вокеъ гардида будааст, кори хеле душвор аст. Ба тибқи ақидаи аксари муҳаққиқон, ин дарғот дар [[дарёи Теҷен]] - Ҳарируд аст, ки аҳъёнан дарёи Мурғоб меноманд. Кӯшишҳои боз ҳам аниқтар муайян кардан хам ба назар мерасад.
 
Зоҳиран, дар аҳди ҳукумронии ҳахоманишиҳо иншоотҳои калони объёрӣ дар дасти (ва ё таҳти назорати) маъмурони ҳахоманишӣ карор гирифта буданд. Вазъияти аҳолии меҳнатӣ дар давраи ҳукумронии ҳахоманишиҳо фавқулода вазнин буд. Қабилаву халқҳои озодихоҳи Осиёи Миёна муттасил ба муқобили ҷавру зулми подшоҳони форс шӯриш мебардоштанд.
Ҳанӯз аз нимаи дуввуми асри IV пеш аз милод хоразмиҳо давлати мустақили худро таъсис менамоянд. Дар ин вақт сакоиҳо ҳам аз тобеяти ҳахоманишиҳо берун меоянд.
 
Сатри 35:
== Осиёи Миёна ва Эрон дар ахди салтанати Хахоманишихо ==
 
Давлати бузурги Хахоманиши, ки яке аз пуриктидортарин империяи чахони ахди кадим хисоб меёфт, мавчудияти худро беш аз 200 сол нигох дошта, дар таърихи Шарки бостони мавкеи ба назар намоёне ишгол намуд. Созмонхои иктисодию сиёси ва анъанахои мадание, ки дар давраи Хахоманиши ба вучуд омада буданд, карнхо махфуз монда, дар
давлати императории Искандари Макдуни ,давлатхои Портхо Сосониён ва халкхои Осиёи Миёна низ давом карданд.
 
Сатри 42:
саёхат намуда, хамватанони худро бо комёбихои мадании халкхои Шарк шиносониданд.
 
Хамаи ин ба вусъати уфукхои маданияти тобеиёни давлати Хахоманиши боис гардида,ба инкишофи алокаи байни намояндагони халкхои гуногун мусоидат намуд.Дар замони Хахоманишихо дар дохили хар як кишвари тобеи онхо намояндагони халкхои мухталиф хамрох зиндаги ва кор мекарданд.
Чунончи, дар чазираи Элефантинаи назди сархади Нубия ва дар шахри Мемфиси Миср мисриён, форсхо,
яхудиён, финикихо ва гайра зиста, бо хам дар муомила буданд. Аксар вакт онхо урфу одатхои динии якдигарро пазируфта, на факат ба худоёни худ,балки ба худоёни дигар хам сачда меоварданд, хатто номхои худро иваз намуда, номхои дигаронро кабул мекарданд. Дар Нишопур ва дигар шахрхои Бобул бобулихо, мисрихо, карихо, лидихо,мидихо, яхудихо,хиндуихо,сакоихо,брохтарихо,хоразмихо ва гайра бо хам зиндаги ва кор мекарданд.Дар Шуш, Истахр ва шахрхои дигар садхо ва хазорхо ахли Миср,
Сатри 48:
Ба ин шахрхо аз Хиндустон сар карда,то Миср намояндагони халкхои гуногун доимо рафтуо менамуданд.Маданияти модди вамаънавии халкхои мухталиф ба хам омезиш ёфта, дар замони он тадричан маданияти давлати Хахоманиши, ки бештар аз синтези донишхои илми, хунару санъат ва акоиди мазхабии бисёр кишвархо иборат гардида буд, ба вучуд омад. Бисёр халкхо, аз чумла халкхои Осиёи Миёна хам, ба ин маданият сахми худро гузоштаанд.
 
Дар давлати Хахоманишихо, махсусан бохтарихо, хоразмихо, сугдихо, портхо, марвонихо,сакоихо ва дигар халкхои Осиёи Миёна роли бузурге бозидаанд.
Достони халкии эрони, ки аз фикрахои бокимондаи ,,Таърихи Форс” ном асари табиби дарбори Ардашери 2-Ктесий ба мо маълум аст, аслан дар вилояти Осиёи Миёна, бештар дар махалхои бохтарихова сакоихо офарида шудааст. Баъдтар вай ба тарафхои Гарб интишор ёфта, пас аз тагироту иловахо асоси хамосаи Миллии эрониро фарохам овард. Бисёр сюжетхои ин достон ба ,,Шохнома”-Фирдавси дохил гардидаанд.
Оини Зардушти,ки дар Осиёи Миёна ба зухур омада буд, дар замони Хахоманишихо ба Эрон ва боз дуртар ба тарафхои Гарб пахн шуда, баъдхо мазхаби давлатии эронихо карор гирифт. Хануз дар асри 5 дар шахри Мемфиси Миср маъбади худои эрони
Сатри 58:
Ин маълумот,инчунин ахбори муаллифони кадим ва хафриёти бостоншиноси аз дарачаи баланди тараккиёти кори маъдан дар Осиёи Миёна ва таъсири он ба пешрафти кори маъдан дар Эрон шаходат медиханд. Ногуфта намонад, ки лочуварди Осиёи Миёна ва Хиндустон, Бобул ва Миср хам мавриди истфода будааст.Вилояти Осиёи Миёна нахустин бор бо хат пас аз дохил шудан ба хайати давлати Хахоманиши ошнои пайдо карданд. Ин системаи хат дар Осиёи Миёна ва Эрон муддати чандин аср, то давраи истилои арбхо мавчудияти худро нигох доштанд.
 
Дар замони Хахоманишихо ба тавассути ривочи касбу хунар ва муносибатхои пулию моли тараккиёти босуръати шахрхои Осиёи Миёна хамчун марказхои маъмури ва хунарманди шуруъ гардид. Хаминро бояд хотирнишон кард, ки халкхои Осиёи Миёна дар давраи Хахоманишихо аввалин бор ба пули танга ошно шудаанд. Намунахои тангаи тилло ва дигар сиккахои системаи пули Хахоманиши аз хоки Осиёи Миёна пайдо карда шуд. Хамин тарика, ба хайати давлати Хахоманиши дохил шудани Осиёи Миёна
барои тараккиёти маданият ва муассисахои давлатии хам худи ин сарзмин ва хам хамсояхои Гарбии он ахамияти хеле калон дошт.
 
Давлати бузурги Хахоманишихо, хамчун яке аз пуриктидортарин империяи чахонии кадим беш аз 200 сол мавчудияти худро нигох дошт. Комёбихои сохаи хочаги ва анъанахои сиёси ва мадании он дар даврахои баъдина, дар ахди эллинизм ва мавчудияти давлатхои Портхо ва Сосониён низ хамоно дар таърихи халкхои Шарк роли мухим мебозиданд.
 
Баркароршави ва тамоми давраи мавчудияти давлати Хахоманишихобо авч гирифтани муборизаи синфии оммаи халк бар зидди истисморкунандагон алокаманд гардидааст. Давлати Хахоманишихо хам, мисли тамоми дигар империяхо, бо чангхои истилогарона
ва фуру нишондани шуришхои кавму тоифахои гуногуни дохили мамлакат ба вучуд омада, вусъат пайдо кардааст. Вале дар баробари ин, чунон ки зикр гардид, ба миён омадани иттиходияи чандин кишвархо ба тараккиёти тамаддуни Шарк ва тахкими робитахои мутакобили иктисодию мадании бисёр халкхо мусоидат намуд.
== Осиёи Миёна дар ҳайати давлати Ҳахоманишиҳо ==
Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо, кисмати муҳими Осиёи Миёна дар ҳайати давлати Ҳахоманишӣ қарор гирифта буд. Дар навиштаҷоти Тахти Ҷамшед қайд шудааст, ки давлати Ҳахоманишӣ аз сарзамини «сакоиҳои паси Суғд» то Кӯш (Эфиопия) масоҳати бузургеро ишғол мекард. Бо чунин ақида мумкин аст розӣ шуд, ки «сакоиҳои паси Суғд» ҳамон сакоиҳои он суӣ дарёи Сир мебошанд, яъне, онҳое, ки дар ҷараёнгоҳи боло қисман миёнаи ин дарьёи Осиёи Миёна зистаанд. Хоразм, Суғд, Бохтар, Порт, аксари вилоятҳое, ки сакоиҳои бодиянишин сукунат доштанд, - ҳама дар овони нашъунамои давлати Ҳахоманишӣ ба ҳайати он дохил мешуданд.
 
Бохтар то охирин лаҳзаҳои мавҷудияти давлати Ҳахоманишӣ дар тахти тасарруфи он буда, муҳимтарин маркази шарқии ин давлат ҳисоб меёфт. Нуфузи зиёд ва имкониятҳои фаровони иқтисодию ҳарбии Бохтар ва вилоятҳои тобеъи он мавқеи ин кишварро дар ҳаёти иқтисоди ва сиёсии тамоми қисмати шарқии давлати Ҳахоманишӣ муайян мекард. Аҳамияти Бохтар дар муборизаҳои сулолави барои тахти шоҳаншоҳи низ хеле бузург буд. Зоҳиран, аъёну ашрофи бохтарӣ сиёсати ҷудоиталабиро ҷорӣ карда, дар айни замон гоҳо тарафи ин ва ё он даъвогари тахтро мегирифтанд ва кӯшиш мекарданд, ки дар умури давлат баробари форсҳо мавқеи роҳбарикунанда дошта бошанд.
 
Тамоми давлати Ҳахоманишӣ ба вилоятҳои молиётдиҳандаи ҳарби, яъне сатрапиҳо таксим гардида буд, ки онҳоро волиҳо (сатрапҳо) идора мекарданд. Чи навъе, ки Геродот хабар медиҳад (lll,89-94), дар аҳди Дорои-l (522-486 пеш аз милод) шумораи ин қабил вилоятҳо ба 20 мерасид. Волиҳо, ки бевосита ба подшоҳ итоат мекарданд аксаран аз байни форсҳо таъин карда мешуданд. Вазифаи воли асосан аз ҷамъоварии андоз ва нигаҳдории қӯшун иборат буд. Вай инчунин ҳақ дошт бо ҳамсоягони итоат накарда, муносибат намояд ва бо ризоияти подшоҳ метавонист, ҳатто бар зидди онҳо лашкар кашад. Мансаби воли бештар мероси буд.
Сатри 77:
 
Ахолӣ аз ин кабил андозу хироҷҳои зиёд ба азобу кулфатҳои тоқатшикан дучор мегардид. Вай барои додани молиёт аксар вақт замини худро ба судхурҳо гарав мегузошт ва ё ҳатто фарзандони худро ба ғуломӣ мефурухт.
Осиё Миёна ба чор сатрапӣ тақсим шуда буд. Қабилаҳои кӯчманчии сокини канораҳои баҳри Каспӣ, ба қавли Геродот, ба таркиби сатрапии ХI дохил шуда, солона ба маблағи 200 таланти нуқраи бобулӣ хироҷ медоданд. Хоразм, Суғд ва Порт сатрапии XVI буда, 300 талант андоз мепардохтанд. Бохтар сатрапии XII ба шумор рафта, 360 талант андоз мепардохтанд. Ниҳоят сакоиҳои вилояти XV-ро ташкил намуда, ба маблағи 250 талант андоз медоданд.
 
Яке аз воситаҳое, ки Ҳахоманишиҳо аз аҳолии Осиёи Миёна андозҳои иловаги мегирифтанд, бастани дарғот буд. Ахолӣ аз беоби ба танг омада, маҷбур мешуд, ки барои кушодани дарғот хироҷи иловагӣ бидиҳад. Геродот дар ин бора менависад:
Сатри 85:
Муайян кардани ин ҷои дарғот, ки аз рӯи суханони Геродот дар дарёи Акес вокеъ гардида будааст, кори хеле душвор аст. Ба тибқи ақидаи аксари муҳаққиқон, ин дарғот дар дарёи Теҷен - Ҳарируд аст, ки аҳъёнан дарёи Мурғоб меноманд. Кӯшишҳои боз ҳам аниқтар муайян кардан хам ба назар мерасад.
 
Зоҳиран, дар аҳди ҳукумронии ҳахоманишиҳо иншоотҳои калони объёрӣ дар дасти (ва ё таҳти назорати) маъмурони ҳахоманишӣ карор гирифта буданд. Вазъияти аҳолии меҳнатӣ дар давраи ҳукумронии ҳахоманишиҳо фавқулода вазнин буд. Қабилаву халқҳои озодихоҳи Осиёи Миёна муттасил ба муқобили ҷавру зулми подшоҳони форс шӯриш мебардоштанд.
 
Ҳанӯз аз нимаи дуввуми асри IV пеш аз милод хоразмиҳо давлати мустақили худро таъсис менамоянд. Дар ин вақт сакоиҳо ҳам аз тобеяти ҳахоманишиҳо берун меоянд.
Сатри 93:
 
== Нигаред ==
* [[Портал:Таърих]]
 
[[Гурӯҳ:Таърих|*]]
 
 
{{Link FA|fr}}
 
[[ar:أخمينيون]]
[[az:Əhəmənilər imperiyasıİmperiyası]]
[[be:Дзяржава Ахеменідаў]]
[[be-x-old:Дзяржава Ахемэнідаў]]