Муъовия: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: Муовия ибни Абусуфиён аввалин халифаи Уммавиён аст. Таваллуди ӯ соли 15 қабл аз ҳиҷрӣ ва марги ...
(бе тафовут)

Нусха 12:51, 29 май 2012

Муовия ибни Абусуфиён аввалин халифаи Уммавиён аст. Таваллуди ӯ соли 15 қабл аз ҳиҷрӣ ва марги ӯ дар соли 60-и ҳиҷрӣ аст. Падараш Абусуфиён ва модараш Ҳинд.

Муовия пеш аз Ислом

Муовия дар биступанҷуми муҳаррами соли сиюҳафтуми омулфил баробар бо шашсади мелодӣ-се сол қабл аз биъсати Паёмбари Ислом (с) ва понздаҳ сол қабл аз ҳиҷрат, дар Макка таваллуд шуд. Падараш Абусуфиён азсаршининони Қурайш буд. Модараш Ҳинд духтари Атба буд. Насаби Муовия ба Ҳарб бини Умийя бини Абдушшамс бинни Абдуманнови Қаршӣ мерасид. Муовия ҳамроҳи падараш Абусуфиён дар бадр, Хандақ ва чанд ҷанги дигар бо Муҳаммад (с) ҷангиданд. Атба бинни Рабиъа гурӯҳе аҳ Қурайш дар ҷангҳои фуҷҷор буд.


Муовия аз Ислом то марги Муҳаммад бинни Абдуллоҳ

Муовия пас аз фатҳи Макка, дар бисту се солагӣ, ба ҳамроҳи падараш Абусуфиён ва бародараш Язид бинни Абусуфиён, дини исломро пазируфт. Гурӯҳе гуфтаанд Муовия ба мақоми китобати ваҳй расид, вале Муовия дар Макка сокин бул ва Муҳаммад баъд аз фатҳи Макка ба Мадина бозгашт ва то охири умр дар Мадина зиндагӣ кард.


Муовия дар замони хулафо

Пас аз вафоти Паёмбари Ислом дар соли шашсаду сивудуи мелодӣ, Муовия ба пайравии падараш аз байат бо Абубакр сарбоз зад. Баҳонаи Муовия ва Абусуфиён ин буд, ки Абубакр аз қабилаи Бани тайим аст ва хилофат бояд аз они бани Ҳошим ё бани Умайя бошад. Саранҷом бо исрори Ҳишом бинни Умру, Абусуфиён ва писараш розӣ ба байъат бо Абубакр шуданд. Абубакр, Язид бинни Абусуфиён ва Муовияро ба Шом гусел кард. Язид дар он ҷо муваффақият ба даст овард ва Димишқ фатҳ шуд. Язид низ баҳукмронӣ ва вилояти Димишқ баргузида шуд. Умар бинни Хаттоб, Язидро дар ҳукмронии Димишқ ибқо кард ва Фаластин ва навоҳии атрофи онро қаламрави вай афзуд. Дар соли 18-и ҳиҷрӣ-қамарӣ Язид даргузашт ва бародараш Муовия ҷойи ӯро гирифт. Бо марги Умар, Усмон низ Муовияро дар қойи худ ибқо кард. Бад-ин тартиб Муовия дар замони хилофати се халифаи нахуст, ба тадриҷ дар Шом қудрат ва маҳбубият касб кард. Дар ҷараёни муҳосираи Усмон бо ин ки аз тарафи Усмон аз Муовия хоста шуда буд, ки кумакаш биёяд ва фурсати чунин коре ҳам барои Муовия вуҷуд дошт дар айни ҳол таллул варзид.