Муъовия: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 19:
 
== Ташкили ҳукумати умавӣ ==
Муовия аз замони хилофати Алӣ ба хъилофат чашм духта буд ва баъд аз марги Алӣ, мавқеиятро муносиб дид. Мардум дар Ироқ бо Ҳасан бинни Алӣ байат карданд. Вале шомиён Муовияро халифа донистанд. Муовия ба Ироқ лашкар кашид ва Ҳасан бо дувоздаҳ ҳазор нафар ба муқобила бархост ва Қайс бинни Ибода, фармондеҳи лашкар буд ва Убайдуллоҳ бинни Аббос ҳам аз фармондеҳони сипоҳ. Пас аз муддате Ҳасан дарёфт, ки бо чунин лашкаре дигар ниёз ба душман нест. Ва идома додани ин ҷанг, муслиминро ба муслах бурдан аст. Сипоҳе, ки бо шоеъа мутафарриқ шаванд ва фармондеҳон ба чанд киса зар худро бифурушанд, барои шикаст хурдан ниёз ба душман надорад. Нақл аст, ки вақте сипоҳи Кӯфа ба Мадоин расид. Шоеъа шуд, ки Қайс бинни Ибода кушта шуд. Балвое дар лашкар бапо шуд ва мардум ба хаймаи Ҳасан рехтанд ва амволи ӯро ғорат карданд ва ҳатто гилеми зери пойи ӯро кашиданд. Ва пойи ӯро маҷрӯҳ карданд.
Барои Ҳасан мусаҷҷал шуд, ки ҷанг бо Муовия, ҷуз шикаст ва рехтани хуни муслимин натиҷае дар нахоҳад дошт. Бинобар ин бо Муовия сулҳ кард ва хилофати ӯро ба чунин шарт ба Муовия супурд.
Ин аввалин санги бинои силсилаи подшоҳии Умавиён дар торих буд. Силсилае, ки соли 91-и ҳиҷрӣ ва 89 мелодӣ дар тамоми мамолики исломӣ идома ёфт ва аз он пас беш аз 7 қарн дар Андалус ҷараён дошт.
 
== Хилофати Муовия ==
Кушта шудани Алӣ бинни Абитолиб ба дасти Ибни Мулҷами Муродӣ, хилофати Муовияро таҳким кард. Хилофати Ҳасан бинни Алӣ, ки Кӯфиён бо ӯ байат карданд, сарнагирифт ва Муовия Ҳасанро ба осонӣ канор зад. Ҳасан бинни Алӣ аҳдномаи сулҳ бо Муовия баст ва хилофати ӯро бо шароите пазируфт. Муовия ҳангоме ки авзоъ барои ӯ мустақар шуд дар миёни мардуми Кӯфа хутбае эод кард ва гуфт: "Эй мардуми Кӯфа ман барои намоз ва закот ва ҳаҷ, бо шумо наҷангидам, ки медонам худатон намоз мехонед ва закот медиҳед ваба ҳаҷ меравед, вале бо шумо ҷангидам то бар шумо ҳукумат кунам то он ҷо ки гуфт: ҳар шароите ки бастам ва ҳар чизеро, ки ба Ҳасан бинни Алӣ қавл додаам зери ин ду поям мебошад, ки ба он вафо нахоҳам кард".
Дар хилофати Муовия даҳҳоти араб чун Абрубни Ос, Муғайра бинни Шаъаба ва Зиёд ибни Абия нуфузи бисёре ёфтанд. Муовия ҳукумати Ироқро ба Муғайра, Мисрро ба Абру Ос ва Басра ва Кӯфаро ба зиёд дод. Ҳиҷоз ҳам ба Марвони Ҳакам дода шуд.
 
== Интисоби ҳоким аз тарафи Муовия ==
Муовия пас аз ба даст гирифтани хилофат аз машҳуртарин сиёсатмадорон ва сардорони араб барои насабияти хилофат истифода кард. Ӯ ҳамччунин қабоили қудратманди яманиро пуштибони худ қарор дод. Албатта ӯ саъй мекард муносиби муҳими ҳукуматиро дар инҳисори қурайш ва бахусус Бани Умайя нигаҳ дорад.
Муовия мардоне ҳамчун Амру Ос, Зиёд бинни Абия, Муғайра бинни Шаъаба, Буср бинни Арииртот, Марвон бинни Ҳакамро бо тамтиъ даври худаш ҷамъ кард.