Муъовия: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
Муовия ибни [[Абусуфиён]] аввалин халифаи [[Уммавиён]] аст. Таваллуди ӯ соли 15 қабл аз ҳиҷрӣ ва марги ӯ дар соли 60-и ҳиҷрӣ аст. Падараш Абусуфиён ва модараш Ҳинд.
 
== Муовия пеш аз Ислом ==
 
Муовия дар биступанҷуми муҳаррами соли сиюҳафтуми омулфил баробар бо шашсади мелодӣ-се сол қабл аз биъсати Паёмбари [[Ислом]] (с) ва понздаҳ сол қабл аз ҳиҷрат, дар Макка таваллуд шуд. Падараш Абусуфиён азсаршининониаз саршининони [[Қурайш]] буд. Модараш [[Ҳинд]] духтари Атба буд. Насаби Муовия ба Ҳарб бини Умийя бини Абдушшамс бинни Абдуманнови Қаршӣ мерасид. Муовия ҳамроҳи падараш Абусуфиён дар бадр, Хандақ ва чанд ҷанги дигар бо Муҳаммад (с) ҷангиданд. Атба бинни Рабиъа гурӯҳе аҳ Қурайш дар ҷангҳои фуҷҷор буд.
 
 
== Муовия аз Ислом то марги Муҳаммад бинни Абдуллоҳ ==
 
Муовия пас аз фатҳи Макка, дар бисту се солагӣ, ба ҳамроҳи падараш Абусуфиён ва бародараш Язид бинни Абусуфиён, дини исломро пазируфт. Гурӯҳе гуфтаанд Муовия ба мақоми китобати ваҳй расид, вале Муовия дар [[Макка]] сокин бул ва Муҳаммад баъд аз фатҳи Макка ба Мадина бозгашт ва то охири умр дар Мадина зиндагӣ кард.
 
 
== Муовия дар замони хулафо ==
 
Пас аз вафоти Паёмбари Ислом дар соли шашсаду сивудуи мелодӣ, Муовия ба пайравии падараш аз байат бо Абубакр сар боз зад. Баҳонаи Муовия ва Абусуфиён ин буд, ки Абубакр аз қабилаи Бани тайим аст ва хилофат бояд аз они бани Ҳошим ё бани Умайя бошад. Саранҷом бо исрори Ҳишом бинни Умру, Абусуфиён ва писараш розӣ ба байъат бо Абубакр шуданд. Абубакр, Язид бинни Абусуфиён ва Муовияро ба Шом гусел кард. Язид дар он ҷо муваффақият ба даст овард ва Димишқ фатҳ шуд. Язид низ баҳукмронӣ ва вилояти [[Димишқ]] баргузида шуд. Умар бинни Хаттоб, Язидро дар ҳукмронии Димишқ ибқо кард ва Фаластин ва навоҳии атрофи онро қаламрави вай афзуд. Дар соли 18-и ҳиҷрӣ-қамарӣ Язид даргузашт ва бародараш Муовия ҷойи ӯро гирифт. Бо марги Умар, Усмон низ Муовияро дар қойи худ ибқо кард. Бад-ин тартиб Муовия дар замони хилофати се халифаи нахуст, ба тадриҷ дар Шом қудрат ва маҳбубият касб кард. Дар ҷараёни муҳосираи Усмон бо ин ки аз тарафи Усмон аз Муовия хоста шуда буд, ки кумакаш биёяд ва фурсати чунин коре ҳам барои Муовия вуҷуд дошт дар айни ҳол тааллул варзид.
 
== Муовия дар замони хилофати Алӣ ==
Пас аз марги Усмон, Алӣ ибни Абитолиб ба хилофат расид. Алӣ пешниҳоди атрофиёнашро барои ибқои Муовия напазируфт ва ӯро аз оммат ва ҳукумати Шом азл кард. Муовия ба баҳонаи кушта шудани Усмон ва интиқоми хуни ӯ, вориди ҷанг бо Алӣ шуд. Мардуми [[Шом]] бо ӯ байат карданд ва бар алайҳи Алӣ ҳамдастон шуданд. Саранҷом ҷанги Сиффин дар гирифт. Дар ин ҷанг шикасти нахуст ба Муовия афтод. Аммо ба савобдиди Амруос Қуръон бар найза карданд ва ҳакамият матраҳ гашт. Натиҷаи ҳакамият халъиАлӣ ва таҳкими ҳукумати Муовия дар Шом буд.
 
== Ташкили ҳукумати умавӣ ==
Муовия аз замони хилофати Алӣ ба хъилофат чашм духта буд ва баъд аз марги Алӣ, мавқеиятро муносиб дид. Мардум дар [[Ироқ]] бо Ҳасан бинни Алӣ байат карданд. Вале шомиён Муовияро халифа донистанд. Муовия ба Ироқ лашкар кашид ва Ҳасан бо дувоздаҳ ҳазор нафар ба муқобила бархост ва Қайс бинни Ибода, фармондеҳи лашкар буд ва Убайдуллоҳ бинни Аббос ҳам аз фармондеҳони сипоҳ. Пас аз муддате [[Ҳасан]] дарёфт, ки бо чунин лашкаре дигар ниёз ба душман нест. Ва идома додани ин ҷанг, муслиминро ба муслах бурдан аст. Сипоҳе, ки бо шоеъа мутафарриқ шаванд ва фармондеҳон ба чанд киса зар худро бифурушанд, барои шикаст хурдан ниёз ба душман надорад. Нақл аст, ки вақте сипоҳи Кӯфа ба Мадоин расид. Шоеъа шуд, ки Қайс бинни Ибода кушта шуд. Балвое дар лашкар бапо шуд ва мардум ба хаймаи Ҳасан рехтанд ва амволи ӯро ғорат карданд ва ҳатто гилеми зери пойи ӯро кашиданд. Ва пойи ӯро маҷрӯҳ карданд.
Барои Ҳасан мусаҷҷал шуд, ки ҷанг бо Муовия, ҷуз шикаст ва рехтани хуни муслимин натиҷае дар нахоҳад дошт. Бинобар ин бо Муовия сулҳ кард ва хилофати ӯро ба чунин шарт ба Муовия супурд.
Ин аввалин санги бинои силсилаи подшоҳии Умавиён дар торих буд. Силсилае, ки соли 91-и ҳиҷрӣ ва 89 мелодӣ дар тамоми мамолики исломӣ идома ёфт ва аз он пас беш аз 7 қарн дар Андалус ҷараён дошт.
 
== Хилофати Муовия ==
Кушта шудани [[Алӣ]] бинни Абитолиб ба дасти Ибни Мулҷами Муродӣ, хилофати Муовияро таҳким кард. Хилофати Ҳасан бинни Алӣ, ки Кӯфиён бо ӯ байат карданд, сарнагирифт ва Муовия Ҳасанро ба осонӣ канор зад. Ҳасан бинни Алӣ аҳдномаи сулҳ бо Муовия баст ва хилофати ӯро бо шароите пазируфт. Муовия ҳангоме ки авзоъ барои ӯ мустақар шуд дар миёни мардуми Кӯфа хутбае эод кард ва гуфт: "Эй мардуми Кӯфа ман барои намоз ва закот ва ҳаҷ, бо шумо наҷангидам, ки медонам худатон намоз мехонед ва закот медиҳед ваба ҳаҷ меравед, вале бо шумо ҷангидам то бар шумо ҳукумат кунам то он ҷо ки гуфт: ҳар шароите ки бастам ва ҳар чизеро, ки ба Ҳасан бинни Алӣ қавл додаам зери ин ду поям мебошад, ки ба он вафо нахоҳам кард".
Дар хилофати Муовия даҳҳоти араб чун Абрубни Ос, Муғайра бинни Шаъаба ва Зиёд ибни Абия нуфузи бисёре ёфтанд. Муовия ҳукумати Ироқро ба Муғайра, Мисрро ба Абру Ос ва Басра ва Кӯфаро ба зиёд дод. Ҳиҷоз ҳам ба Марвони Ҳакам дода шуд.