Муъовия: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 30:
Муовия пас аз ба даст гирифтани хилофат аз машҳуртарин сиёсатмадорон ва сардорони араб барои насабияти хилофат истифода кард. Ӯ ҳамччунин қабоили қудратманди яманиро пуштибони худ қарор дод. Албатта ӯ саъй мекард муносиби муҳими ҳукуматиро дар инҳисори қурайш ва бахусус Бани Умайя нигаҳ дорад.
Муовия мардоне ҳамчун Амру Ос, Зиёд бинни Абия, Муғайра бинни Шаъаба, Буср бинни Арииртот, Марвон бинни Ҳакамро бо тамтиъ даври худаш ҷамъ кард.
Маврихин, Муовия, Амру Ос, Зиёд бинни Абия ва Муғайра бинни шӯбаро аз риҷоли боҳуши араб медонистанд. Ва яке аз таърихнависон дар бораи ин чаҳор тан мегӯяд:
"Бурдбортар ва сабуртар аз Муовия ва чобуктар ва сахитар аз Амруос ва якдил ва як забонтар аз Зиёд касеро надидам. Дарун ва беруни ин мард ахир аз ҳар ҷиҳат яксон буд. Аммо муғайра агар шаҳри ҳашт дарвозае бошад ва аз ҳеч дарвозаи он бидуни фиреб ва фусун касе берун омадан натавонад, Муғайра аз тамоми он ҳашт дарвоза берун меҷаҳад".
 
== Иқдомоти давраи хилофат ==
Дар аҳдизилофати Муовия футуҳоти хориҷӣ идомаёфт. Мусалмонон Қибрисро фатҳ карданд ва то наздики Қастантания пеш рафтанд. Муовия барои ихлофи худ лашкаре падид овард. Вай дар одоб ва тартиботи лашкарӣ аз таҷрибаҳои русиҳои Шом ҳам истифода кард. Ин лашкарро вай ба василаҳои ҷангҳои ҳарсола ва муҳоҷамотӣ, ки доим ба билоди муҷовир ва безонс мекард, ҳамеша тоза нафс нигоҳ медошт. Ин муҳоҷамоти мустамир боис мешуд, ки душман натавонад ба қаламрави муслимин таҷовуз кунад.
Як бор иддае аз тавоифи шимоли Сурия, ки ба Ҷароҷма шӯҳрат доштанд, ба таҳрики румиҳо ба Шом ҳуҷум оваранд ва аз Лубнон то Фаластин ба дасти Ҷароҷма афтод. Иддае аз Маволӣ ва исрои ин навоҳӣ, ки аз Муовия норозӣ буданд, ба Ҷароҷма пайвастанд. Муовия бо императори Безонс қароре баст, ки вай аз ҳимояти моҷароҷӯён дастбардорад ва дар иваз Исрои румиро бигирад. Муовия ҳамчунин тааҳуд кард, ки ҳар сола ба Безонс зироҷ бипардозад. Пас аз он Муовия, Ҷароҷмаро сари ҷои худ нишонд. Муовия чун ба лашкари Шом ҳамеша эҳтиёҷ дошт дар танзими кори лашкар диққати бисёре кард. Вай ҷайраи лашкариёнро ду баробар кард ва дар пардохти мавоҷиби онҳо кӯтоҳӣ накард. Ин бахшишҳо боис шуд, ки лашкариён аз Муовия итоат мекарданд ва дар ҷангҳо бо ӯ ҳамроҳ мешуданд.
Вай дар тӯли хилофаташ бо румиҳои Шом дарҳоли ситез ва ҷанг буд, аммо пешрафте дар он ҷо надошт. Нисба ба масеҳиёни Шом равиши мулоимтаре пеш гирифт, зеро онҳо метавонистанд дар идораи корҳо ва сомонбахшидан ба молиётҳо вайро ёрӣ диҳанд. Муовия аз русуми девони Безонс тақлид кард ва созмони муросалот ва иттилооти пешрафтае ба вуҷуд овард. Муовия дар танзими кори байтулмол аз як масеҳӣ ба номи Сарҷун бинни Мансур истифода кард. Муовия бо истифода аз амволи мусулмонон бахшишҳои беҳисобе ба руасои араб кард.
Муовия ҳамвора бо ду гурӯҳ Хавориҷ ва Шиаён дар душманӣ буд. У шиаёни Алиро мавриди озор ва азият қарор медод ва ҳатто баъзе шиаёни мӯътариз монанди Ҳаҷр бинни Адиро ба қатл расонид. Баъзе гуфтаанд Абузари Ғафорӣ ҳам ба ишорати ӯ кушта шуд.
Боризтарин иқдоми Муовия барои таӯйири хилофат ба салтанат, меросӣ кардани хилофат буд. Яке аз нукоти муҳими муоҳада сохта шуда байни Ҳасан ва Муовия, ин буд, ки Муовия ҳақ надорад касеро ба унвони ҷонишини худ баъд аз марг таъйин кунад ва тасмимгирӣ дар ин замина ба уммат вогузор шавад. Аммо пас аз марги Ҳасан ӯ ба иллати ин ки ҳеҷ кас ҷурати мухолифат бо вайро надошт, писараш Язидро ба унвони ҷонишини худ дар соли 680-и мелодӣ таъйин намуд ва ба маънои воқеии калима, паймоншиканӣ кард. Ҳар чанд ба навиштаи Лоровисё Вуглерӣ таъйини Ҳасан ба унвони ҷонишини Муовия дар аҳдномаи сулҳ бо Муовия эҳтимолан тавассути нависандагони мутахири шиа барои костани интиқодоте, ки ба Ҳасан бинни Алӣ мешуд матраҳ шудааст. Зеро аввалан таъйини валиаҳд дар ҷомеаи исломии он замон амре бидени собиқа буд ва худи Муовия низ ҳанӯз дар он замон дар вазъияти пойдоре барои таъйини ҷонишин қарор надошт.
Масъалаи хилофати Язид эътирозоти бисёреро ба дунбол дошт. Асҳоби Паёмбар, ансор ва муҳоҷирин онро написандиданд ва ба мухолифат бархостанд. Хавориҷ ва шиаёни Ироқ ҳам хилофати меъросиро рад мекарданд.