Соли 1992: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
TjBot (баҳс | ҳисса)
х r2.7.2) (робот илова карда истодааст: zea:1992
х Илова
Сатри 6:
 
== Воқеаҳо ==
* Моҳи май оғози [[ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон]].
* [[30 Апрел]] — [[2 Май]] — исёни [[сиёҳпустон]] дар [[Лос-Анҷелес]].
 
* 26 феврал – аъзои [[Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо]] (САҲА) гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон.
* 2 март – аъзои комилҳуқуқи [[Созмони Милали Муттаҳид]] (СММ) гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон.
* 5 март – қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти замин».
* 26 март – оғози гирдиҳамоии зиддиҳукуматӣ дар майдони «Шаҳидон» – и ш. [[Душанбе]] бо иштироки ҳизбу ҳаракатҳои мухолифин.
* 24 апрел – оғози гирдиҳамоии тарафдорони ҳукумати расмӣ (Президент [[Раҳмон Набиев]]) дар майдони «Озодӣ» – и ш.[[Душанбе]].
* 5 май – дар гардиши Олӣ Совет, роҳи [[Душанбе]] – Ёвон рӯй додани хунрезӣ байни ҷонибдорони ҳукумати расмӣ (Президент [[Раҳмон Набиев]]) ва мухолифин ва оғози [[ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон]].
* 10 май – ташкили «Ҳукумати муросои миллӣ»-и Тоҷикистон бо намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои мухолифин.
* 24 август – додситони генералии ҷумҳурӣ Нурулло Ҳувайдуллоев аз тарафи мухолифин кушта шуд.
* 31 август – ҷонибдорони силоҳбадасти мухолифин Қасри Президентро ишғол намуда якчанд нафар аъзои Ҳукумати [[Раҳмон Набиев]]ро гаравгон гирифтанд.
* 7 сентябр – дар фурудгоҳи ш. [[Душанбе]] тарафи мухолифин Президент [[Раҳмон Набиев]]ро маҷбур намуданд, ки ба истеъфо барояд. Минбаъд А. Искандаров, ки раиси Шӯрои Олӣ буд, вазифаи Президенти Тоҷикистонро низ иҷро мекард.
* 9 сентябр – барпо гардидани форуми аввалини тоҷикони ҷаҳон дар ш. Душанбе ба муносибати яксолагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон,
* 24 – 25 октябр – ҳуҷуми нерӯҳои силоҳбадасти Сафаралӣ Кенҷаев зидди мухолифин ба ш. [[Душанбе]] ва мағлуб гардидани он.
* 4 ноябр – 13 декабр – муҳосираи (блокадаи) иқтисодии шаҳри Душанбе (39 рўз давом кард), аз ҷониби нерӯҳои Фронти халқии Ҳисор.
* 16 ноябр – 2 декабр – Иҷлосияи XVI (Хуҷандии) Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
* 19 ноябр – [[Эмомалӣ Раҳмон]] раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
* 24 ноябр – дар [[Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон]] Парчами Миллии Тоҷикистон қабул гардид. Дар ҷумҳурӣ аз соли 2009 ин рӯзро ҳамчун «Рӯзи Парчам» ҷашн мегиранд.
* 10 декабр – ихтиёриёни ноҳияҳои Ҳисору Турсунзода, якҷоя бо қувваҳои Ёқуб Салимов дохили Душанбешаҳр гардиданд.
* Компанияи давлатии авиатсионии «Тоҷикистон» ташкил ёфт.
 
 
== Таваллуд ==