Кӯҳи ғурур: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
[[Акс:kuhi_gurur.jpg|thumb|160px|[http://paikon.files.wordpress.com/2012/09/d0bad183d185d0b8-d0b3d183d180d183d180.pdf Кӯҳи ғурур]]]
[http://paikon.files.wordpress.com/2012/09/d0bad183d185d0b8-d0b3d183d180d183d180.pdf Кӯҳи ғурур] - китобест, ки бахшида ба 100-солагии [[Иди матбуоти тоҷик]] шогирдони рӯзноманигори ҷасуру ҳақталош, марҳум [[Ҷумъаи Толиб]] дар ҳаҷми 248 саҳифа тартиб дода, дар матбааи «Шаҳпар» бо теъдоди 500 нусха ба табъ расониданд, ки оид ба фаъолияту эҷоди ин рӯзноманигори хушсалиқа нақл мекунад.
 
Ба гуфтаи муҳаррири «[http://paikon.files.wordpress.com/2012/09/d0bad183d185d0b8-d0b3d183d180d183d180.pdf Кӯҳи ғурур]» [[Фазлиддин Асозода]] - собиқ сармуҳаррири ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Пайкон», нақшаи чопи чунин як маҷмӯа аллакай баъди баргаштан аз ҷанозаи шодравон Ҷумъаи Толиб дар майнаҳо чарх мезад.
 
- Он рӯз барои мо шогирдон рӯзи мудҳиш буд. Охир, рӯзи наҳсе буд, ки устоди азизу беҳамтои худро аз даст додем. Онеро, ки мояи ифтихор буд бароямон. Чун беҳамто буд. Ҳаргиз аз мушкилӣ наметарсид ва дар роҳи пешгирифтаву ақидааш истодагарӣ мекард. Воқеан, мисли кӯҳ устувор буд. Ғурури мардонагӣ дошт ва онро бо касбият омезиш медод. Дар натиҷа андешаҳои боб, ноб ва мунсифонааш рӯи саҳифаҳо мерехт. Рӯи саҳифаҳои пароканда. Ба ҳамин хотир, он вақт, баъди бозгашт аз маросими дафни устод ману [[Аҳлиддин Салимов]] нияти чопи китоберо, ки тавонад нигоштаҳои парокандаи ӯро ҷамъ орад, ба ҳамсабақаш Пӯлод Нуров ва дӯсти азизаш Фаррухшо Ҷунайдов изҳор кардем. Ин тасмим писандашон афтод ва нек раъй доданд. Ҳамин тавр, барои чопи китоб тайёрии ҷиддӣ дидем,- мегӯяд Ф. Асозода.