Норак: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 16:
|Координатаҳо= с.ш.; в.д.
}}
'''Норак''' – [[шаҳр]]и энергетикҳо дорои таърихи тӯлонист. Дар китоби «[[Тоҷикон]]» ишора меравад, ки замони асри санг дар ин ҷо одамон умр ба сар мебурданд. Чил ҳазор бозёфтҳое, ки муаррихон аз хафриёти Норак пайдо кардаанд, интизори омӯзиш ва хулосаҳои мутахасисонанд. Бо барқарор гардидани ҳукумати [[Шӯравӣ]] солҳои бистум – сиюм дар ин гӯшаи диёрамон ҳам нишонаҳои ҳаёти нав пайдо шуданд. Ҳамон солҳо гидроэнергетикҳои ҷавони Шӯравӣ ба бунёди Нерӯгоҳи[[Нерӯгоҳ]]и оби-барқӣ мувофиқ будани Норак таваҷҷӯҳ зоҳир карда буданд. Маҳз бо ташаббуси сарвари хамонвақтаи ҳизби коммунисти Тоҷикистон [[Турсун Ӯлҷабоев]] сохтмони [[Нерӯгоҳи обии барқӣ Норак]] соли [[1960]] ҷомаи амал пӯшид. Охирҳои соли [[1990]] Совети Вазирони [[СССР]] дар бораи сохтмони Ноб-и Норак қабул кард ва сохтмони калонтарин дар [[Осиёи Марказӣ]] Нерӯгоҳи обии барқӣ Норак хамон сол дар ҷои деҳаҳои хурди Туткавул, Норак, Лангар ва деҳаи Сабур сар шуд. Сохтмони нерӯгоҳи обии барқӣ ба Норак ҳаёти тоза бахшид.
[[16 Декабр]]и соли [[1960]] дар асоси Укази [[Призидуми Совети Олии ССР Тоҷикистон]] Норак дорои статуси шаҳри гардид, ки соли [[2000]] – ум тамоми мардуми [[Тоҷикистон]], энергетикҳои шуҳратмандашон ин санаро тантанавор ҷашн гирифтанд.
 
Дар шаҳри Норак шакли нави ҳамкории иқтисодӣ – «[[Эстафетаи коргарӣ]]», ки сохтмон ва шаҳрҳо ба ҳама чизи зарури пурра ва сари вақт таъмин мекард, тавлид ёфт. Ба шарофати он агрегати аввалини Ноб-и Норак пеш аз муҳлат [[15 ноябр]]и соли [[1972]] ба кор андохта шуд ва декабри соли [[1978]] агрегати охирини нерӯгоҳ барои истеҳсоли қувваи барқи арзон ба истифода дода шуд. Бояд гуфт, ки Ноб-и Норак аз аввали ба кор даромаданаш 292,5 млрд киловат соат қувваи барқ истеҳсол кардааст. Танҳо дар ҳашт моҳи соли [[2004]] – ум зиёда аз 9,8 млрд киловатт соат қувваи барқ истеҳсол карда шуд. Дар натиҷаи сохтмони Ноб обанбори Норак ба вуҷуд омад. Пур кардани обанбор соли [[1972]] сар шуд, ки масоҳати он 98 км мурабаъ ҳаҷмаш 10,5 млрд. м3 чуқуриаш ба ҳисоби миёна 107 метр ва баландиаш 300 метр аст.
 
Шаҳр сию як деҳа дорад, ки дар ду ҷамоати деҳот мутаҳид шудааст. Дар шаҳр 8 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла Ноб-и Нораку [[Бойғозӣ]], заводи оҳану битон, заводи таҷрибавии механикӣ, фабрикаи «Оли Сомон», заводи нон ва ғйраҳо фаъолият мекунанд.
Имрӯз дар шаҳр маткабҳои миёна, литсей, коллеҷяи омӯзгорӣ, мактабҳои мусиқию расомӣ ва се боғчаҳо ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд. Беморхонаю дармонгоҳи замонави: ду нуқтаи тиббии деҳот, 9 дорухона дар хизмати мизоҷон қарор доранд. Шаҳрвандон имконият доранд фароғати худро дар варзишгоҳ (дорои 1500 ҷой), 5 толори варзиш, 2 ҳавзи оббозӣ, қасри маданият (дорои 700 ҷой), 6 клуб, китобхонаи марказӣ, ки бо ташаббуси маҷалаи «Дружба народов» соли 1974 ташкил ёфта, дорои 161,5 ҳазор нусха китоб мебошад гузаронанд, 14 китобхонаи деҳот дар хизмати мардум аст. Автовакзали замонавӣ ва 2500 нуқтаи телефон низ дар хизмати аҳолист.
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Норак"