Энергетикаи Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
энергетикаи Тоҷикистон
(бе тафовут)

Нусха 18:54, 11 октябри 2012

Нерӯи асоси энергетикаи Тоҷикистонро Нерӯгоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мекунанд. Ҳаҷми умумии муайяншудаи иқтидори Нерӯгоҳҳои барқии обӣ - 4070 МВт аст. Тоҷикистон дорои захираҳои бойи гидроэнергетикӣ мебошад. Ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ - 527 млрд. кВт. соатро ташкил медиҳад. Аз рӯи ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол мекунад.

Дар Тоҷикистон ҳоло чунин Нерӯгоҳҳои барқии обӣ амал мекунанд:

1.1. НБО Норак – бо иқтидори 3000 МВт

1.2. НБО Бойғозӣ– бо иқтидори 600 МВт

1.3. НБО Сангтӯда – 1 – бо иқтидори 670 МВт

1.4. НБО Сарбанд – бо иқтидори 240 МВт

1.5. НБО Шарашар – бо иқтидори 29,9 МВт

1.6. НБО Марказӣ – бо иқтидори 15,1 МВт

1.7. НБО Қайроқум – бо иқтидори 126 МВт дар Сирдарё

1.8 Силсилаи НБО Варзоб (НБО Варзоб -1, НБО Варзоб -2, НБО Варзоб -3) - бо иқтидори умумии 25.7 МВт.

1.9. Силсилаи НБО – и хурд.

Имрӯз дар Тоҷикистон сохтмони НБО Сангтӯда – 2 – бо иқтидори 220 МВт ва якчанд НБО – и хурд бо кӯмаки инвеститсионии давлати Эрон ва дигар давлату хазинаву бонкҳои хориҷӣ идома ёфта истодааст. Дар соли 2010 истеҳсоли энергияи барқ 14 млрд. 614 млн.кВт. соатро ташкил дод. Норасоии нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз моҳҳои октябрь то май соли оянда давом мекунад. Дар ин мӯҳлат бо карори Ҳукумати Тоҷикистон барои муассисаю корхонаҳо ва хонадони аҳолии шахру нохияхои ғайри пойтахт – ш. Душанбе, якчанд сол аст (аз миёнаи солҳои 90-уми сари XX то имрӯз [соли 2012]), ки лимити истифодаи барқ ҷорӣ карда мешавад. Ин амал барои рушди иқтисодиёт ва беҳдошти саломатии аҳолӣ зарар мерасонад. Сохтмони НБО Роғун – бо иқтидори 3600 МВт азнав дар соли 2010 сар шудааст. Ба истифода супоридани нерӯгоҳҳои барқии обӣ НБО Сангтӯда – 2 ва махсусан НБО Роғун норасоии нерӯи барқро дар Тоҷикистон бартараф хоҳанд кард.