Ёдгории меъморӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х тахрир
Сатри 1:
Ҳоло дар [[Тоҷикистон]] 840 бозёфти ҳафриёт, қариб 200 ёдгории[[ёдгорӣ|ёдгори]]и меъморӣ ва заиёда аз 120 номгӯй ёдгориҳои таърихию инқилобӣ мавҷуданд. Дар байни онҳо даҳҳо ёдгориҳои беназири оламшумуле ҳастанд, ки онҳо на танҳо ганҷинаи бебаҳои санъатанд, балки таҷассумгари фарҳанги қадимаи мардуми тоҷик ба шумор мераванд.
 
Нахустин ёдгории қадимтарини Тоҷикистон ғорҳои Помири Шарқӣ аст, ки дар он суратҳои ҳайвонот ва симоҳои афсонавӣ кашида шуда, ба ҳазорсолаҳои даҳуму панҷуми пеш аз мелод тааллуқ доранд. Аз замони неолити дерин (ҳазорсолаҳои панҷуму сеюми то мелод) дар [[Данғара]] сукунатгоҳи Кӯйи Булён маълум буда, фарши иқоматгоҳҳои он аз тахтасанг сохта шудааст. Инчунин ба ҳамон давр (замони энеолит ва ибтидои замони биринҷӣ) дар наздикиҳои [[Панҷакент]] - [[Саразм]] ба вуҷуд омадани сукунатгоҳи заминдории қадим тааллуқ дорад, ки дар он аз хишти хом ва девори похса маҳалҳои аҳолинишин, шоҳкориҳои меъморӣ ва ибодатгоҳҳо бунёд карда шудаанд. Маълум аст, ки аҳолии ин маҳал бо бисёр мамолики мутамаддини Шарқ, то ба фарҳанги мардуми Байнаннаҳрайн, Булуҷистон ва Ҳиндустон робитаҳои ҳарҷонибаи фарҳангию тиҷоратӣ доштаанд.
 
Дар асрҳои VI -IV то мелод давлатҳои сарзамини [[Осиёи Марказӣ]] дар тасарруфи давлати Хаҳоманишҳо буданд ва ин ба он мусоидат намуд, ки анъанаи меъморию бадеии тамаддунҳои хеле рушдкардаи Шарқ – [[Эрон]] ва ба василаи он Мидия, Бобулистон ва Миср ба [[Осиёи Миёна]] интиқол гардад.
 
Истилои Искандари Мақдунӣ дар асри IV то мелод халқҳои сарзамини Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистонро бо фарҳангу санъати юнониёни қадим ошно намуд. Дар ин ҷо давлати Юнону Бохтар ташкил ёфта, дар меъмории он таъсири нишонаҳои меъмории антиқаи Юнону Рим зоҳир гардид. Тимсоли шаҳрҳои қадимае, ки дар замони юнонию бохтарӣ бунёд шудаанд, Александрия Эсхатаи (Хуҷанди[[Хуҷанд]]и имрӯза) дар Яксарт (Сирдарё), Тахти Сангин дар мавзеи ба ҳам омадани дарёҳои Вахшу Панҷ ва дигарҳо ба шумор мераванд. Ҳоло дар бузургшаҳри Тахти Сангин маъбади мардумӣ кашф гардида, ки онро ба Худои дарёи Окс (Амударё) мансуб медонанд. Дар толору ҳуҷраҳои маъбад зиёда аз 5000 ашёи гуногуни зебу зинат, ороишоти меъморӣ, асбобу анҷоми рӯзгор ва ҳар гуна ашёи маъбад дарёфт шудаанд.
 
Дар бинокории салтанати Қушониён (асрҳои I-IV мелод) ва дини расмии бутпарастии он пайкараю наққошиҳо фаровонанд, ки сохтори хонаву ибодатгоҳҳоро зебу зинат додаанд. Яке аз бузургтарин ибодатгоҳҳои бутпарастӣ Аҷинатеппа аст, ки дар ҷануби Тоҷикистон воқеъ гардида, бо нигораю пайкараҳои зиёд ороиш ёфтааст. Дар байни маҷмааи пайкараҳои фаровон муҷассамаи дувоздаҳметраи Буддои хобида мавқеи хосса дорад. Аз ҷумлаи биноҳои сангдевори қадимаи ҳудуди Тоҷикистон Қалъаи Ямчуни Бадахшонро (асрҳои III то мелод – V мелод) ном бурдан мумкин аст, ки деворҳои сангину манораҳои баланди боҳашамат дорад.
 
Дар давраҳои аввали асри миёна мавзеъҳои асосии бинокорӣ қасрҳои заминдорон ва деворгирии атрофии маҳалҳои аҳолинишин ба шумор мерафт, ки минбаъд заминаи бунёди шаҳрҳо гардидаанд. Ҳанӯз дар асри V Суғдиёнcуғдиён аз Марви[[Марв]]и бостон то Туркистони Шарқӣ дар сар то сари роҳи тиҷорат маҳалҳои аҳолинишин сохта буданд. Он маҳалҳои атрофашон деворгирифта минбаъд ба марказҳои бузурги идорию фарҳангии [[Осиёи Миёна]] табдил ёфта, дар онҳо ибодатгоҳҳо, манзилгоҳҳо ва қасрҳо бунёд мегардиданд.
 
Бо вуҷуди ҳуҷуми арабҳо ва пайваста ба он тарҳи исломӣ пайдо кардани ҳунари меъморӣ дар асрҳои VII-VIII дар бинокорӣ дигаргунии ҷиддӣ ба амал наомад, баракс, мисли мақбараи [[Сомониён]], ки дар маркази нахустин пойтахти давлати тоҷикон – шаҳри [[Бухоро]] воқеъ аст, дар бобати тарҳу сохтор ва усули ороиши биноҳо ба такмил ёфтани ҳунари меъмории ислом сахт таъсир намуд. Дар асрҳои IX-X хишти пухта масолеҳи асосии сохтмони биноҳои боҳашамат гардида, ба меъморони ҳунарманд имкон фароҳам овард, ки ба бунёди сохтор ва намуди зоҳирии биноҳо тарҳи тоза бахшанд. Намунаи барҷастаи чунин усули меъморӣ як миқдор ёдгориҳои асрҳои IX-X дар ҷануби Тоҷикистон (оромгоҳҳои Хоҷа Дурбад ва Хоҷа Ҳаллоҷӣ дар Шаҳритус ва ё манораи хишти хоми ноҳияи Айнӣ) ба шумор мераванд, ки бо усули анъанвӣ аз хишти хом ва ё бо усули тадриҷан маъмулгардида аз хишти пухта сохта шудаанд (маҷмааи боҳашамати қасри бузургшаҳри [[Ҳулбук]] дар [[ноҳияи Восеъ]], оромгоҳ-мадрасаи Хоҷа Машҳад дар [[ноҳияи Шаҳритус]], маҷмааи ду оромгоҳи Хоҷа Нақшрон дар [[ноҳияи Турсунзода]] ва дигарҳо).
 
Аз ҷумлаи шаҳрҳои дар асри Х дар сарзамини Тоҷикистон бунёдгардида пойтахти Хуттал (Хатлон) бузургшаҳри Ҳулбукро номбар кардан мумкин аст. Мавзеи ҷолиби таваҷҷӯҳи Ҳулбук қасри ҳокими Хуттал аст, ки маркази он саҳни зебое ба шакли мураббаъ дорад. Бозёфтҳои ашёи ороиши кандакорӣ (порчаҳои гаҷкорӣ, ки ҳар гуна нақшҳои барҷастаи ҳайвоноти афсонавии одамшакл, нақшу нигорҳои ҳандасагӣ, наботот ва ғайра доранд) аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳунармандони асрҳои миёнаи Хуттал соҳиби маҳорати баланди бадеӣ будаанд.
Сатри 36:
 
[[Гурӯҳ:Таърихи Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ёдгориҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Фарҳанги Тоҷикистон]]
[[en:Culture of Tajikistan]]
[[fa:فرهنگ تاجیکستان]]