HTML: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''HTML''' - забони ҳиперматнии Шабакаи Ҷаҳонӣ. Ин забон бори аввал аз тарафи [[Тим Бернерс-Ли]] ихтироъ шудааст.<br />
 
Забони нишонагузории гиперматн аз маҷмўи элементҳое, ки сохтори ҳуҷҷат ва тарзи намоиши онро идора мекунад, иборат аст. Нишонагузории ҳуҷҷатҳо бо ёрии аломатҳои махсуси нишонагузорӣ – тегҳо (tag) ба амал бароварда мешавад. Тегҳо барои браузерҳо нишондод буда, тарзи намоиши ҳуҷҷат (фораматиронии символҳо, ташкили абзатсҳо, ҷадвалҳо ва ҳ.к.) ва алоќаи он бо дигар [[URL]]-ресурсҳо (HTML-саҳифаҳо, расмҳо, серверҳо)-ро аниќ мекунад.
Забони HTML дар натиҷаи раванди дуру дарози тараққии системаҳои иттилооти фавқулматнӣ, ки пайдоиши онҳо дар гузаштаи дур ниҳон аст, ба вуҷуд омадааст. Ғояи ин гуна системаҳо аз тарафи В. Буш соли 1945 дар пешниҳодҳо барои сохтани системаи иттилооти электромеханикии Memex ҷорӣ шуда буд. Ғояи системаи иттилоотии фавқулматнӣ аз он иборат аст, ки корбар имкони аз назар гузарондани санадҳо (сафҳаҳои матн) ба он тартиберо дорад, ки дар он ба вай ин бештар писанд аст, балки на пайдарпаӣ, чи гунае ки ҳангоми хондани китоб аст. Аз ин рӯ истилоҳи фавқматнро метавон ба таври кўтоҳ ҳамчун матни ғайрихаттӣ (нелинейный) таъриф намуд.
Ин бо роҳи сохтани механизми махсус барои рабти сафҳаҳои мухталифи матн ба воситаи пайвандҳои ([[Links]]) фавқматнӣ ноил мешавад, яъне матни оддӣ дорои пайвандҳои “хаттӣ”-и намуди “баъдӣ-қаблӣ” мебошад, аммо дар фавқматн боз ҳар қадаре, ки лозим бошад пайвандҳои бисёри дигареро сохтан мумкин аст. Намунаҳои фавқматн доиратулмаорифҳо мебошанд, ки дар онҳо матни ҳар як мақола пайвандҳо ба мақолаҳои дигарро доро мебошанд ва он мақолаҳо, дар навбати худ ба пайвандҳо бо ким-кадом дигар мақолаҳоро доро мебошанд ва ҳоказо.
Ба қадри кофӣ возеҳ аст, ки системаҳои фавқматнӣ воситаҳои хеле қулайи нигоҳдорӣ ва пайвастсозии иттилооти гуногуннавъе мебошанд, ки дар компютерҳои бисёри муттаҳид дар шабака истифода мешавад.
Механизми дар назари аввал, соддаи сохтани пайвандҳо масъалаи хеле мураккаб мебошад, зеро пайвандҳо бо ишора кардан ба кулли санад статистикӣ (статическими), пуё (динамическими), муттаҳид (ассоциированными) мешаванд, ё бо ишора кардан танҳо ба қисми ҷудогонаи санад метавонанд заминавӣ (контекстӣ) шаванд. Тараққии минбаъдаи ин равиши ба то ҳадди мафҳуми фавқрасона (гипермедиа) тавсия додани мафҳуми фавқматн аз ҳисоби ба он шомил гардонидани дигар манбаъҳои иттилоотӣ масалан, нигора (графика), иттилооти савтию (аудиовию), басарӣ (видеоӣ) боис мешавад. Таҳиягарони HTML бояд се масъаларо ҳал мегардонад:
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/HTML"