Роёна: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
ZéroBot (баҳс | ҳисса)
х r2.7.1) (робот илова карда истодааст: crh:Kompyuter
Сатри 2:

== Таърих ==
Одамони қадим бо сифати асбобҳои ҳисобкунӣ аз чӯбҳо, сангчаҳо, тасмаҳои сӯхтор, ресмонҳои гиреҳдор ва ѓайраҳо истифода мекарданд. Тақрибан 1500 сол муқаддам асбоби ҳисобкунии чӯт (счет) пайдо шуд, ки аз он то ҳол истифода карда мешавад.

Соли 1642 олими фаронсавӣ Блез Паскал мошини механикии ҳисобкуниро ихтироъ намуд, ки вай ададҳои то ҳашт рақам доштаро ҷамъ мекард. Соли 1694 математики олмонӣ Готфрид Вилгелм Лейбнитс мошини ихтирокардаи Паскал – ро такмил дода, мошини механикиро сохт, ки вай амали ҷамъ ва зарбро иҷро мекард. Соли 1820 олими фаронсавӣ Чарлз Калмар арифмометрро сохт, ки вай чор амали арифметикиро иҷро мекард. Дар нимаи авали асри 19 математики бузурги англис Чарлз Беббиҷ лоиҳаи мошини универсалиросохт, ки онро худи ӯ мошини аналитики номид.

Мошини Ч. Беббиҷ аз рӯи хусусиятҳо ва қисмҳои пешбинишудааш ба мошинҳои ҳисоббарори муосир хеле шабоҳат дошт. Он ба монанди компютерҳо хотира, қисми коркардабароии маълумот, қисми дохилкунӣ ва хориҷкунии маълумот ва ѓайраро соҳиб буд. Ҳатто барои ин мошин барнома низ сохта шуда буд.Онҳо аз тарафи аввалин барномасозии ҷаҳон, духтари шоири инглис Ҷон Байрон – Ада Лавлейс навишта шуда буд. Имрӯз ба шарафи ин хонум номи яке аз забонҳои барномасози «Ада» гузошта шудааст.

Ба ѓайр аз мошинҳои механикӣ боз мошинаҳои механикӣ боз мошинаҳои мошинаҳои ҳисоббарори механикию электромеханикӣ пайдо шуданд, ки онҳо барои ҳалли масъалаҳои гуногун истифода карда мешуданд.

Соли 1937 олимони амрикоӣ Ҷорҷ Атанасов ва Клиффорд Бери ба сохтани мошини ҳисоббарории электронӣ сар карда, соли 1940 онро сохтанд, ки барои ҳалли масъалаҳои физикию математикӣ пешбинӣ шуда буд.Онҳо пешниҳод карданд, ки барои инъикоси ададҳо аз системаи дуӣ истифода карда шавад.

Мошинаи пуриқтидори ЭНИАК соли 1945 дар Донишгоҳи Пенсилванияи ИМА таҳти роҳбарии П. Эккерт ва Ҷ. Моучли сохта шуд.

Бо ҳамин қарни МЭҲ қадамҳои аввалини худро гузошт.

== Наслҳои МЭҲ ==
МЭҲ – ҳо вобаста аз базаи омилӣ, зудкорӣ, ҳаҷми хотира ба наслҳо ҷудо карда мешаванд. Ин ҷудокунӣ хеле шартӣ буда, компютер метавонад аз рӯи базаи омилиаш ба як наслу ва аз рӯи хосиятҳои сохтор насл мансуб бошад.

Ба характеристикаҳои асосии МЭҲ зудкорӣ ва ҳаҷми хотираи фаврӣ дохил мешаванд. Зудкорӣ – бо миқдори миёнаи амалҳои мошина, ки дар як сония иҷро карда шудаанд баҳо дода мешавад. Ҳаҷми хотираи фаврӣ - бо миқдори калимаҳои мошинӣ чен карда мешавад.

Дар замони ҳозира панҷ насл маълум аст:

'''Насли якум'''. Насли якуми МЭҲ ба солҳои 40 – 50 – ум рост меояд. Базаи омилӣ – лампаҳои элоктронӣ, зудкорӣ – тақрибан 100 амал /сон, ҳаҷми хотираи фаврӣ – тақрибан 100 калима, реҷаи истифодабарӣ – монополӣ: захираҳои мошинӣ ва идоракунии он дар ихтиёри як шахс.

'''Насли дуюм'''. Насли дуюми МЭҲ ба солҳои 50 – 60 – ум рост меояд. Базаи омилӣ – транзисторҳо, зудкорӣ – тақрибан 10 000 амал/сон., ҳаҷми хотираи фаврӣ – тақрибан 10 000 калима,ҳаҷми хотираи берунӣ (дискҳо, лентаҳои магнитӣ) – тақрибан 10 млн.калима, реҷаи истифодабарӣ – коркарди пакетӣ, навишти барнома – забонҳои алгоритмӣ.

'''Насли сеюм'''. Насли сеюми МЭҲ ба солҳои 60 – 70 – ум рост меояд. Базаи омили – схемаҳои интеграли калон, зудкорӣ – тақрибан 10 млн. амал/сон., Хаҷми хотираи фаврӣ – тақрибан 10 млн. калима, ҳаҷми хотираи берунӣ – тақрибан 10 млрд. калима, усули истифодабарӣ – реҷаи вақти тақсимкардашуда бо коркарди пакетӣ.

'''Насли чорум'''. Аз солҳои 70 – ум сар карда насли чоруми МЭҲ ба истеҳсолот роҳ ёфтанд.Базаи омилӣ – схемаҳои интегралии аз ҳад калон, зудкорӣ – тақрибан як млрд амал/сония, ҳаҷми хотираи фаврӣ – тақрибан 10 млн. калима. Усули кор – истифодабарии шаклҳои шабакавӣ ва алоҳидаи компютерҳо.

'''Насли панҷум'''. Лоиҳаи мошинаҳои насли панҷум дар зинаи амалишавӣ мебошанд. Вале аллакай аз ин лоиҳаҳо ва нусхаҳои таҷрибавии МЭҲ хулоса баровардан мумкин аст, ки дар ин ҷо зудкорӣ бо хулосабарориҳои мантиқӣ омехта гардонида мешаванд. Усули муносибати байни истифодабаранда ва МЭҲ – мубоҳиса бо усули муқаррарии муоширати байни одамӣ мубаддал мегардад. Фанни барномасозӣ ҳамчун илм дар оянда барои истифодабарандагони МЭҲ аҳамияти актуалии худро гум мекунад.

== Шакл ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Роёна"