Роёна: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 3:
== Таърих ==
Одамони қадим бо сифати асбобҳои ҳисобкунӣ аз чӯбҳо, сангчаҳо, тасмаҳои сӯхтор, ресмонҳои гиреҳдор ва ѓайраҳо истифода мекарданд. Тақрибан 1500 сол муқаддам асбоби ҳисобкунии чӯт (счет) пайдо шуд, ки аз он то ҳол истифода карда мешавад.

Соли 1642 олими фаронсавӣ Блез Паскал мошини механикии ҳисобкуниро ихтироъ намуд, ки вай ададҳои то ҳашт рақам доштаро ҷамъ мекард. Соли 1694 математики олмонӣ Готфрид Вилгелм Лейбнитс мошини ихтирокардаи Паскал – ро такмил дода, мошини механикиро сохт, ки вай амали ҷамъ ва зарбро иҷро мекард. Соли 1820 олими фаронсавӣ Чарлз Калмар арифмометрро сохт, ки вай чор амали арифметикиро иҷро мекард. Дар нимаи авали асри 19 математики бузурги англис Чарлз Беббиҷ лоиҳаи мошини универсалиросохт, ки онро худи ӯ мошини аналитики номид.

Мошини Ч. Беббиҷ аз рӯи хусусиятҳо ва қисмҳои пешбинишудааш ба мошинҳои ҳисоббарори муосир хеле шабоҳат дошт. Он ба монанди компютерҳо хотира, қисми коркардабароии маълумот, қисми дохилкунӣ ва хориҷкунии маълумот ва ѓайраро соҳиб буд. Ҳатто барои ин мошин барнома низ сохта шуда буд.Онҳо аз тарафи аввалин барномасозии ҷаҳон, духтари шоири инглис Ҷон Байрон – Ада Лавлейс навишта шуда буд. Имрӯз ба шарафи ин хонум номи яке аз забонҳои барномасози «Ада» гузошта шудааст.

Ба ѓайр аз мошинҳои механикӣ боз мошинаҳои механикӣ боз мошинаҳои мошинаҳои ҳисоббарори механикию электромеханикӣ пайдо шуданд, ки онҳо барои ҳалли масъалаҳои гуногун истифода карда мешуданд.

Соли 1937 олимони амрикоӣ Ҷорҷ Атанасов ва Клиффорд Бери ба сохтани мошини ҳисоббарории электронӣ сар карда, соли 1940 онро сохтанд, ки барои ҳалли масъалаҳои физикию математикӣ пешбинӣ шуда буд.Онҳо пешниҳод карданд, ки барои инъикоси ададҳо аз системаи дуӣ истифода карда шавад.

Мошинаи пуриқтидори ЭНИАК соли 1945 дар Донишгоҳи Пенсилванияи ИМА таҳти роҳбарии П. Эккерт ва Ҷ. Моучли сохта шуд.

Бо ҳамин қарни МЭҲ қадамҳои аввалини худро гузошт.

Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Роёна"