Пайдоиши ҳаёт: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 6:
* [[#Панспермия|Назарияи панспермия]]
* [[#Назарияи ҳолати статсионарӣ|Назарияи ҳолати статсионарӣ]]
* [[#Назарияи худпайдоиши ҳаёт|Назарияи ҳолатихудпайдоиши статсионарӣҳаёт]]
 
Дар айни ҳол назарияҳои ''худпайдоиш'' ва ''ҳолати статсионарӣ'' танҳо аҳамияти таърихӣ ва/ё фалсафӣ доранд. Чунки натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ба ин назарияҳо мухолиф мебошанд.
Назарияи панспермия бошад мавзӯи пайдоиши ҳаётро масъалаи асосии худ намешуморад, он танҳоро варо ба замонҳо қадим ва норавшани коинот мебарад. Вале аз он чун фарзияе дар бораи пайдоиши ҳаёт дар рӯи замин сарфи назар кардан нашояд.
Инчунин, ба ин рӯйхат баъзан назарияи аз тарафи худо офарида шуданро ([[креатсионизм]]ро) ворид мекунанд, ҳарчанд ки он илмӣ нест.
 
=== Таҳаввулоти биохимиявӣ ===
Сатри 20:
* Пайдоиши [[сафеда]]
* Пайдоиши ҷисмҳои сафедадор
ваТаҳқиқотҳои астрономӣ нишон медиҳанд, ки [[ситора]]гон ва низомҳои сайёравӣ аз моддаи газу гардӣ ба вуҷуд омадаанд. Дар баробари [[метал]]ҳо ва оксидҳояшон дар таркиби он [[ҳидроген]], [[аммиак]], об ва [[карбоҳидрид]]и соддатарин — [[метан]] мавҷуд буданд.
 
Шароити пайдоиши ҷараёни ҳосилшавии сохторҳои сафедадор аз замони пайдоиши нахустин [[уқёнус]] муҳайё гардид. Дар муҳити об карбоҳидридҳои мураккаб ба тағйироту табдилёбии гуногун дучор мешуданд. Дар натиҷаи чунин мураккабшавии сохти [[молекула]]ҳо моддаҳои боз ҳам мураккабтари органикӣ, аз қабили [[карбоҳидрат]]ҳо пайдо шуда метавонистанд.
 
Илм собит намуд, ки дар натиҷаи таъсири нурҳои ултрабунафш бо роҳи сунъӣ натанҳо [[аминокислота]]ҳо, балки дигар моддаҳои биохимиявиро ҳосил кардан мумкин аст. Яке аз дастовардҳои муҳими биохимияи имрӯза синтези пурраи молекулаи сафеда мебошад: [[гормон]]и [[инсулин]], синтез карда шуд, ки он тамоми мубодилаи карбоҳидратҳоро назорат мекунад.
 
Мувофиқи назарияи Опарин, қадами оянда дар роҳи пайдоиши ҷисмҳои сафедадор ташаккулёбии қатраҳои [[коатсерват]] буданд. Дар шароитҳои муайян қабати обии молекулаҳои органикӣ сарҳадоти муайян пайдо менамуд ва онро аз муҳити [[маҳлул]] ҷудо мегардонид. Молекулаҳое, ки бо қабати обӣ иҳота шуда буданд ба ҳам мепайвастанд ва комплексҳои бисёрмолекулавӣ — коатсерватҳоро ба вуҷуд меоварданд.
 
Қатраҳоикоатсерватӣ, инчунин ҳангоми омезиши [[полимер]]ҳои гуногун ба вуҷуд омада метавонистанд. Дар айни замон Дар ин муддат якҷошавии молекулаҳои полимерӣ ба сохтҳои бисёрмолекула ба амал меомад, ки онҳоро чун қатрае дар зери [[микроскоп]] дидан мукин буд.
 
Қатраҳо метавонистанд аз берун моддаҳоро ба тарзи низомҳои кушод фурӯ баранд. Ҳангоми ба қатраҳои коатсерватӣ дохил шудани [[катализатор]]ҳои гуногун (аз он ҷумла [[фермент]]ҳо низ) дар дохили онҳо [[реаксияи химиявӣ|реаксияҳои химиявии]] гуногун, ба мисли [[полимеризатсия]]и [[мономер]]ҳои аз муҳити беруна воридшуда ба амал меомаданд. Аз ин ҳисоб ҳаҷм ва вазни қатраҳо калон мешуданд ва баъдтар онҳо ба ҷузъҳои нав тақсим мешуданд. Ҳамин тавр, коатсерватҳо метавонистанд афзоиш ёбанд, бисёр шаванд ва [[метаболизм|мубодилаи моддаҳоро]] ба ҷой оваранд.
 
Баъдтар қатраҳои коатсерватӣ ба интихоби табиӣ дучор мешуданд, ки боиси таҳаввулоти онҳо мегардид.
 
Ин назария ба ҷуз аз як масъалааш, ки онро муддати мадид қариб ҳамаи мутахассисон сарфи назар мекарданд, асоснок буд. Агар дар даруни коатсерватҳо ба таври бетартибона ягон - ягон сохторҳои сафедадори мувофиқ ҳосил мекарда бошанд (масалан, [[катализатор]]ҳое, ки ба коатсерватҳо имкони рушд ва зиёдшавиро медиҳанд), пас онҳо чӣ гуна дар даруни коатсерват миқдоран зиёд шуда, ба наслҳои нави коатсерват мегузаштанд? Назария дар ҳалли масъалаи нусхабардории дақиқи сафедаҳо дар даруни коатсерват ва наслҳои оянда оҷиз монд.
 
 
=== Манбаъҳо ===