Пайдоиши ҳаёт: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 36:
Ин назария ба ҷуз аз як масъалааш, ки онро муддати мадид қариб ҳамаи мутахассисон сарфи назар мекарданд, асоснок буд. Агар дар даруни коатсерватҳо ба таври бетартибона ягон - ягон сохторҳои сафедадори мувофиқ ҳосил мекарда бошанд (масалан, [[катализатор]]ҳое, ки ба коатсерватҳо имкони рушд ва зиёдшавиро медиҳанд), пас онҳо чӣ гуна дар даруни коатсерват миқдоран зиёд шуда, ба наслҳои нави коатсерват мегузаштанд? Назария дар ҳалли масъалаи нусхабардории дақиқи сафедаҳо дар даруни коатсерват ва наслҳои оянда оҷиз монд.
 
====Олами КРН чун бунёдгузори ҳаёт.====
 
Зиёд шудани маълумот оиди [[коди генетикӣ]],[[кислотаҳои нуклеинӣ]] ва биосинтези сафедаҳо боиси падид омадани назарияи ба куллӣ нав оиди пайдоиши ҳаёт на аз сафедаҳо, балки аз [[КРН|кислотаи рибонуклеинат]] гардид. Кислотаҳои нуклеинӣ ягона намуди [[полимер]]ҳои биологӣ мебошанд, ки сохтори макромолекулярии онҳо имкон медиҳад нусхаи пайдарпайии худро аз нав тавлид кунанд. Аз ин рӯ, на сафедаҳо, балки танҳо кислотаҳои нуклеинӣ метавонанд маводи генетикӣ, яъне молекулаҳои худтавлидсоз, ки микросохтори хоси худро дар наслҳояшон такрор месозанд, бошанд. Мувофиқи якчанд андешаҳо маҳз КРН, на [[КДН]] метавонист маводи генетикии ибтидоӣ бошад.
 
''Якум'', дар синтези химиявӣ ва реаксияҳои биохимиявӣ [[рибонуклеотидҳо]] пеш аз дезоксирибонуклеотидҳо меоянд; дезоксирибонуклеотидҳо - маҳсули дигаргуншавии рибонуклеотидҳо мебошанд.
 
''Дуввум'', дар равандҳои қадимтарин ва умумитарини [[метаболизм]]и ҳаётӣ бештар маҳз рибонуклеотидҳо, аз ҷумла барандагон энергетикии асосии намуди рибонуклеозид-полифосфат ([[АТФ]] ва ғ.) во мехӯранд.
 
''Сеюм'', Азнав пайдо шудани КРН бе иштироки КДН мегузарад, механизми бозтавлидёбии КДН бошад, ҳатто дар олами табии ҳозира низ иштироки ҳатмии КРН-ро дар синтез силсилаи КДН талаб мекунад.
 
''Чаҳорум'', КРН дар баробари дорои ҳамаи функсияҳои КДН буданаш, метавонад баъзе функсияҳои ба сафедаҳо хос, аз ҷумла [[катализ]]и реаксияҳои химиявиро иҷро кунад. Ҳамин тавр, мо метавонем бигӯем, ки КДН ин шакли дертар таҳаввулшудаи КРН мебошад, ки барои иҷрои функсияҳои бозтавлид ва нигоҳдории нусхаҳои ягонаи [[ген|генҳо]] дар таркиби [[геном]]и ҳуҷайра бе иштироки бевосита дар[[биосинтез|биосинтези]] сафедагон иҷро кунад.
 
=== Манбаъҳо ===