Пайдоиши ҳаёт: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 47:
 
''Чаҳорум'', КРН дар баробари дорои ҳамаи функсияҳои КДН буданаш, метавонад баъзе функсияҳои ба сафедаҳо хос, аз ҷумла [[катализ]]и реаксияҳои химиявиро иҷро кунад. Ҳамин тавр, мо метавонем бигӯем, ки КДН ин шакли дертар таҳаввулшудаи КРН мебошад, ки барои иҷрои функсияҳои бозтавлид ва нигоҳдории нусхаҳои ягонаи [[ген|генҳо]] дар таркиби [[геном]]и ҳуҷайра бе иштироки бевосита дар[[биосинтез|биосинтези]] сафедагон иҷро кунад.
 
=== Назарияи ҳолати статсионарӣ ===
 
Мувофиқи ин назария Замин ягон вақт пайдо нашудааст, он аз азал буд; дар он ҳамеша ҳаёт буд ва агар дигаргун мешуд ҳам хеле кам тағйир меёфт. Мувофиқи ин назария [[намуд (биология)|намудҳо]] ҳеҷ гоҳ пайдо нашудаанд, онҳо аз азал буданд ва ҳар кадоми онҳо ду имконият — миқдоран дигар шудан ва пурра нест шуданро дорад.
 
Аз рӯи баҳодоҳои кунунии дар асоси таҷзияи радиоактивӣ буда, Замин тақрибан 4,6 млрд сола аст. Усулҳои дақиқтари муайянкунии синни Замин санаҳои боз ҳама қадимтарро нишон медиҳанд. Инро асос гирифта, тарафдорони назарияи ҳолати статсионарӣ ақидаи аз азал мавҷуд будани Заминро бештар густариш медиҳанд. Вале ин фарзия ба куллӣ аз маълумоти [[астрономия|астрономияи]] ҳозира фарқ мекунад. Мувофиқи ин маълумот ҳар як [[ситора]] ва мутаносибан низомҳои сайёравии онҳо дар як муддати муайяни вақт арзи ҳастӣ намуда, баъд нобуд мешаванд. Аз ин рӯ, дар айни замон назарияи ҳолати статсионарӣ чун назарияи илмӣ пазируфта намешавад.
 
 
=== Назарияи худпайдоиши ҳаёт ===