Рамазон (моҳ): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
хNo edit summary
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Сатри 7:
#Таъна задан
#Бахили нардан
 
 
----
Ба номи Худованди бахшояндаву мехрубон.
Рамазони бобаракат.
 
Худоё осон бигардон ва сахт магир ва осон бикун эй осон гардонанда, ва Худоё анчоми кори маро ба хайр баргардон.
Ситоиш мар Худоро ки моро халк кард ва моро ба ибодати худ амр намуд ва барои ибодат ва бандаги карданашро ичро кардану донистан, Куроъни бузург ва паёмбари гиромий ки номи шарифашон Мухаммад (салалоху алайхи ва салом) аст фиристод ки дуруд ва рахмати Худо ба у ва ба ахли оила ва хамсухбатони у бод.
Баъд аз дуъо ва дуруд гуфтан дар мавриди рамазони бобаракат бисёр гуфтаннду навиштаанд ва бисёр чизхоро шунидаем локин мо хам барои савоб дар ин макола як ду сухан дар мавриди рамазон ба тарзи сода ва фахмо гуфтани хастем.
Рамазон дар лугат ба маънои сузонанда омадааст, ки гунохи яксолаи бандагонро месузонад ва дар ин бора расули Худо мефармояд:
- Рамазон гунохонро месузонад хамчунон, ки охангар оханро месузонад ва хама чизхои нодаркории у месузад, ва рамазон хам гуноххои шахси рузадорро месузонад ва пок месозад.
Дар ин чо як чизро тазаккурсозанд,ки ин маънои онро надорад, ки шахси бе парво ёздах мох гунох ба чо оварад ба умеди он ки дар рамазон худро аз гунох пок месозад, балки рамазон он гуноххеро месузонад, ки шахси мусалмон надониста ва аз руи хато кардааст.
Сабаби фарз шудани руза дар рамазон фармудаи Худованд аст дар сураи(Баккара" ояи 183 мебошад:
- Ва Руза яке аз Панч рукни ислом буда барои муъминон фарз (яъне лозим ба ичро) мебошад ва озори гайри мусулмон руза дорад савоб намешавад).
Ва аввалан бояд кабули кайд аст, ки хар мусулмон рузаро хамчун ибодат яъне хос барои бандаги кардани Худованд ба чой оварад, на ба хотири он,ки саломатиаш хуб шавад ва ё ин ки шугли дустдоштааш бошад зеро ин ки мо мусулмонхо фармудахои Худовандро бояд ба чо оварем, хох дар он фоидаро бибинем хох набинем ба мо зарур аст,ки ичро созем, чун,ки ахли мо бандагон аз бисёр чизхои, ки фармудаи Худованде аст, ки моро халк кардааст кутохи мекунанд ва ба хикмати асоси он расида наметавонанд.
 
Руза дар шариат ба маънии боз истодан аз хурдаану нушидан ва кам хобрафтан ба зану мард аст ва,руза дар забони араби ба калимаи "сави" омадааст ва савм дар лугат ба маънои боз истоданан аст аз тамоми корхои ношоиста бинобар хамин хар як рузадоро зарур аст , ки худро аз тамоми корхоеки дар дини ислом манъ карда шудааст ё но хуш пиндошта шудааст боз истод.
Бояд донист , ки дар Руза се фарз аст:
- Авал ният кардани рузагирандааст аз шаб ки фардо руза мегирад.
- Дуввум худдори кардан аст аз хурдан ва нушидан аз дамидани субхи содик то фуру рафтани офтоб.
- Саввум бозистодан аст аз заношуи кардан дар ин мудат. Шахсонеро рузагири фарз мебошад, ки аз мардон аз 12-сола боло бошад ва аз занон аз 9-сола боло башад.
Руза ногирифтан ичозат аст барои бемороне, ки духтурони хакики тавсият додаанд, ки Руза гирифтан ба саломатии эшон зарар мерасонанд ва инчунин барои аз акл бегонагон ва мусоирон ва заноне, ки хуни хаиз дидаанд ва ё хуни баёд аз таваллуди кудак "нифос" дидаанд, ба инхо Руза гирифтан тамоман ичозат нест.
Ва аммо заноне, ки хомиладоранд ва ё кудаки ширмехурдаги доштабошанд агар ба худашон ва ё ба кудакашон хауфи зарраро хис кунанд ба инхо хам рузаро хурдан ичозат мебошанд. Аммо хамаи ин нафарон вакто,ки рузхои душворашон сипари шуд,рузаро казо медонанд. Ва тарзи рузаро казо доштани ин нафарон бо ин тарз аст, ки дар хар руз рузаро хурданашон хамонкадар руз рузхои казои мегиранд. Локин шахсоне, ки рузаро касдан хурдаанд ва казо гирифтан хоханд ба гайр аз як мох боз ду моху дах руз рузаи кафорат мегиранд.
 
Дар бораи вакти Руза хаминро гуфтани хастем, ки рузаро дар мохи рамазон, ки яке аз 12-мохи солшумории хичри камари мебошад ва мо ки медонем солшумории хичри камари аз 354 рузу 11 соат иборат буда аз солшумории хичри шамси 10 руз 21 соат кутохтар аст,ва саду се соли камари ба сад соли шамси рос меояд.Бино бар хамин мохи рамазон метавонад, ки дар тамоми чор фасли сол ояд ва саршавии мох аз дидани хилол (яъне мохи 1 рузаи рамазон ) шуруъ мешавад.
 
Барои хар як рузадор сунат (он корхое, ки гуфтаанд, ё кардаанд ё рузагир додан расули Акрам Мухаммади Мустафо салолоху алайхи ва ссалам ) ин аст ки пеш аз субх дамидан чизе бихурад (яъне сахархури ) ва баъд аз хурдан ба зикри Худо ва ё Куръон хони машгул шавад.Одатан бояд кушиш намояд,ки дар рузхои рамазон Куръон зиёдтар бихонад ва рузхоро факат бобехудагарди бо хобби зиёд нагузаронад ва дар вакти рузаро кушадан яъне баъди фуру рафтани офтоб чи дархосте, ки дорад аз Худо ба дуъо талаб намояд ва баъд бо дуъои махсус рузаашро бо мева (агар хурмо бошад бехтар аст) ё бо об ё бо намак кушода каме бихурад то меъдааш ором гирифтан, баъд ба намози шомро адо кардан машгул гардад. Ва аз чумла сунат аст ки дар шабхои рамазон баъд аз намози хуфтан намози таробех(маънояш – бад аз 4-ракаат рохат кардан аст) хонда шавад ва ин намозест, ки иборат аз 20-ракат буда ва чахор ракати хонда мешавад ва баъд аз хар чахор ракаъат ба микдори ин чахор ракат нишастан (яъне истирохат кардан)низ аз руи адаб аст. Чун,ки расули Худо се рузи рамазонро чунин намоз хондан ва аз тарси он, ки ба уматон вочиб яъне зарур гардад, ки ба сабаби нахондани гунахгор шаванд дигар дар масчид нахондан, ва баъд аз Дуне дар гузаштани паёмбари гироми ин намозро хар шаби рамазон дар масчид мехондаги шуданд ва мо низ хар шаби рамазон намози таровех мехонем ва онхое , ки имконият доранд, хамаи Куръонро дар даруни намози тарових хатме кунанд зеро савобахое зиёде дорад. Ва аз баракатхои рамазон ин аст, ки Худованд дар шаби 27-уми рамазон ки "шаби кадр" ном дорад Куръонро ба мо фиристодааст ва хар кассе шаби кадро ба намозу зикри Худо бедор гузаронад савоби хазор мохи тоату ибодатро ноил мешавад. Инчунин дар рамазон пеш аз он, ки тамом шавад ва намози иди рамазон хонда шавад барои хар шахсе, ки камбагал набошад вочиб яъне зарур аст, ки микдори 1,6 кг кандум аз сари хар як шахс ё пули он гандумро аз чониби худаш ва аз чониби зану фарзандонаш ба камбагалону бенавоёну мухточон саадака кунад
 
Ва дар охир якчанд гуфтахое аз суханони пайгамбари акрам Мухаммад Мустафо(с) -ро дар фазилати рамазон ба шумо пешкаш менамоем.
Расули Худо гуфтааст:
- дар чанат дарест номи он "район" аст, дохил мешаванд онро рузадорон дар рузи киёмат ва дохил намешавад аз он дар, кассе гайр аз рузадорон.
Боз мефармоянд:
- бандае аз бандахои Худо агар як руз дар роху ризои Худо руза дорад, дур мегардонад Худованд аз руи ин банда дузахро ба масофаи 70-сол .
Дар хадиси дигар омадааст:
- шахсе руза дорад рамазонро аз сидки дил ва барои ризои Худо, мебахшад Худованд хамаи гунохои гузаштаашро.
Ва боз гуфтааст расули Худо:
- вакти рамазон ояд кушода мешавад дархои чанат ва пушида мешаванд дархои дузах ва занчирбанд карда мешавад шайтонхоро.
Ин хадисхо аз китоби "Риёзу-с-солихин"оварда шудааст.
 
 
[[Category:Идҳои Исломӣ]]