Саъдӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
Сатри 24:
:Шояд, ки ба подшаҳ бигӯянд
:Турки ту бирехт хуни тоҷик.
ППППППППП
Саъдӣ аз ҷануби [[Эрон]], замини Форс бархоста ва ба Форс нисбат дошта, инчунин забонаш низ форсӣ буд. Аммо байни форсҳову тоҷикон аз қадим дар забон ва мансубияти миллӣ фарқ набуд. Бинобар ин Саъдӣ худро [[тоҷик]] номида, вале дар айни замон форс буд. Адабиёти форсу тоҷик ҳам, ки дар паҳнои бузурги Осиёи Миёнаву Эрон тараққӣ кардааст, бо сабабҳои мазкур ба ҳар ду халқи ҳамхуну ҳамзабон баробар тааллуқ дорад. Саъдӣ дар шаҳри Шерози вилояти Форс таваллуд ёфтааст. Соли ба дунё омадани ӯро устод [[Садриддини Айнӣ]] дар китоби ба тавсифи ҳаёт ва эҷодиёти вай бахшидааш бо тадқиқу муқоиса 1204 муқаррар кардааст. Номи шоир Абдулло, лақабаш Муслиҳиддин ва тахаллусаш Саъдист. Номаш баъдҳо аз гуфтор афтода ва ба унвони "Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ" машҳур гардидааст. Тарбияи ибтидоиро Саъдӣ дар назди падар гирифтааст. Фарзанди дӯстрӯи оила буда аз падар навозишу тарбияи хуб гирифтааст. Дар боби дуюми китоби "[[Бӯстон]]"-аш ҷавониро чунин ёд мекунад:
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Саъдӣ"