Мисгарӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

no edit summary
(Саҳифаи нав: Инсон бори нахуст дар асри санг бо мис шинос шуд. Дар он вақт ӯ бо фикри сайқал додани олоти сан...)
 
No edit summary
Инсон бори нахуст дар асри [[санг]] бо [[мис]] шинос шуд. Дар он вақт ӯ бо фикри сайқал додани олоти сангини худ тасодуфан бо миси табиӣ бархурд ва пиндошт, ки он ҳам як навъи санг аст. Аммо вақте ӯ хост, ки бо усули сохтани асбобҳои сангӣ аз миси табиӣ олот созад, маълум шуд, ки мис ба мисли санг пора нагардида, меёзад ва аз он олоти қираҳои тездори бурранда тайёр намешавад. Ёзиши миси табиӣ инсонро водор сохт, ки вай бо усули кӯфтани сард ороишот, аслиҳа ва олоти меҳнат созад. Ин давраи аввали истифодабарии миси табиӣ дар таърих энеолит – асри мису санг номида мешавад. Бо сабаби хеле мулоим будани миси табиӣ, аз он тайёр кардани олотҳои сахт имконнопазир буд. Бинобар ин, олотҳои мисӣ олотҳои сангиро иваз карда натавонистанд. Баъдтар инсон тавассути гудозиш аз маъдан барқарор кардани мисро аз худ кард. Мис дар ҳарорати 1083 градус гудохта мешавад. Барои чунин гудозиш шӯълаи гулхан ё оташдони одӣ кофӣ буд. Ҳамин тавр кӯраҳои маъдангудозӣ пайдо щуданд. Истеҳсоли ашёи мисӣ ба тариқи гудозиши маъдани мис дар ҳазораҳои VII-VI пеш аз милод оғоз ёфт. Ихтирои филиз дар таърихи инсоният инқилобе буд.
 
Дар ҳудуди Осиёи Миёна қадимтарин гудозиши мисро бостоншиносон аз ёдгориҳои энеолитии Туркманистони Ҷанубӣ кашф намуданд. Аз охири ҳазорсолаи IV пеш аз милод Саразми Панҷакант ба яке аз марказҳои бузурги филизгудозии қадими [[Осиёи Марказӣ]] табдил меёбад. Аз конҳои болооби Зарафшон тилло, нуқра, мис, сурб, қалъагӣ ва фирӯза истеҳсол карда мешуд. Аз ин ҷост, ки аз Саразм кӯраҳои филизгудозӣ ва ороишоти мисиро кашф намуданд. Баъдтар инсон ба мис қалъагиро омезиш дод ва дар натиҷаи ин филизи нисбатан мустаҳкам - биринҷиро ихтироъ кард. Бо ихтирои биринҷӣ санг ҳамчун воситаи асосии олотсозӣ мавқеи худро гум кард. Доир ба истеҳсол ва истифодаи мис аз ҷониби аҷдоди тоҷикон Ҳеродот (асри VI то милод), Страбон (асри I то милод) ва баъдтар ҷуғрофидонҳои асрҳои IX-XI маълумоти арзишманд додаанд. Масалан, Ҳеродот навиштааст, ки форсҳо дар сохтани найза, пайкон, зиреҳи асп ва табарзин аз мис истифода мекарданд. Ибни Хурдодбеҳ, Истахрӣ, Мақдисӣ ва дигар таърихнигорону ҷуғрофидонҳои асрҳои IX-XI ва минбаъда доир ба конҳои филиз ва филизгудозии тоҷикони Хуросону Мовароуннаҳр маълумот медиҳанд.
То давари исломӣ аз мис ниёгони тоҷикон зиёдтар зебу зинати мардонаю занон аз қабили дастпона, ангуштарӣ ва гӯшвор месохтанд. Истеҳсоли зарфҳои мисӣ истисно набуд, аммо зарфҳои мисӣ дар ин давра кам ва начандон мунаққаш сохта мешуданд. Масалан, аз ёдгории Ҳалқаҷари Хатлон, ки ба давраи юнону бохтарӣ ва кӯшонӣ мансуб аст, ороишот ва сиккаҳои зиёди мисиро дарёфт намуданд. То асри XV дар давраи Кӯшониён (асри 2 то милод- асри 4 милодӣ) аз ҳама бештар мис истеҳсол карда мешуд ва аз он ба тариқи зарбзанӣ сиккаҳои мунаққаш мебароварданд. Аксари маҳсулоти ороишии мисини аз Осиёи Миёна ёфтшуда ба давраи императории Кӯшониён мансубанд. Дар асрҳои аввали мелодӣ истеҳсоли зарфҳои мисӣ чандон роиҷ набуд. Баъди асри III-и мелодӣ истеҳсоли зарфҳои мунаққаш ва тасвирдори нуқрагӣ роиҷ мегардад.