Мисгарӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Сатри 1:
Инсон бори нахуст дар асри [[санг]] бо [[мис]] шинос шуд. Дар он вақт ӯ бо фикри сайқал додани олоти сангини худ тасодуфан бо миси табиӣ бархурд ва пиндошт, ки он ҳам як навъи санг аст. Аммо вақте ӯ хост, ки бо усули сохтани асбобҳои сангӣ аз миси табиӣ олот созад, маълум шуд, ки мис ба мисли санг пора нагардида, меёзад ва аз он олоти қираҳои тездори бурранда тайёр намешавад. Ёзиши миси табиӣ инсонро водор сохт, ки вай бо усули кӯфтани сард ороишот, аслиҳа ва олоти меҳнат созад. Ин давраи аввали истифодабарии миси табиӣ дар таърих энеолит – асри мису санг номида мешавад. Бо сабаби хеле мулоим будани миси табиӣ, аз он тайёр кардани олотҳои сахт имконнопазир буд. Бинобар ин, олотҳои мисӣ олотҳои сангиро иваз карда натавонистанд. Баъдтар инсон тавассути гудозиш аз маъдан барқарор кардани мисро аз худ кард. Мис дар ҳарорати 1083 градус гудохта мешавад. Барои чунин гудозиш шӯълаи гулхан ё оташдони одӣ кофӣ буд. Ҳамин тавр кӯраҳои маъдангудозӣ пайдо щуданд. Истеҳсоли ашёи мисӣ ба тариқи гудозиши маъдани мис дар ҳазораҳои VII-VI пеш аз милод оғоз ёфт. Ихтирои филиз дар таърихи инсоният инқилобе буд.
 
== Таърих ==
 
Дар ҳудуди Осиёи Миёна қадимтарин гудозиши мисро бостоншиносон аз ёдгориҳои энеолитии Туркманистони Ҷанубӣ кашф намуданд. Аз охири ҳазорсолаи IV пеш аз милод Саразми Панҷакант ба яке аз марказҳои бузурги филизгудозии қадими [[Осиёи Марказӣ]] табдил меёбад. Аз конҳои болооби Зарафшон тилло, нуқра, мис, сурб, қалъагӣ ва фирӯза истеҳсол карда мешуд. Аз ин ҷост, ки аз Саразм кӯраҳои филизгудозӣ ва ороишоти мисиро кашф намуданд. Баъдтар инсон ба мис қалъагиро омезиш дод ва дар натиҷаи ин филизи нисбатан мустаҳкам - биринҷиро ихтироъ кард. Бо ихтирои биринҷӣ санг ҳамчун воситаи асосии олотсозӣ мавқеи худро гум кард. Доир ба истеҳсол ва истифодаи мис аз ҷониби аҷдоди тоҷикон Ҳеродот (асри VI то милод), Страбон (асри I то милод) ва баъдтар ҷуғрофидонҳои асрҳои IX-XI маълумоти арзишманд додаанд. Масалан, Ҳеродот навиштааст, ки форсҳо дар сохтани найза, пайкон, зиреҳи асп ва табарзин аз мис истифода мекарданд. Ибни Хурдодбеҳ, Истахрӣ, Мақдисӣ ва дигар таърихнигорону ҷуғрофидонҳои асрҳои IX-XI ва минбаъда доир ба конҳои филиз ва филизгудозии тоҷикони Хуросону Мовароуннаҳр маълумот медиҳанд.
То давари исломӣ аз мис ниёгони тоҷикон зиёдтар зебу зинати мардонаю занон аз қабили дастпона, ангуштарӣ ва гӯшвор месохтанд. Истеҳсоли зарфҳои мисӣ истисно набуд, аммо зарфҳои мисӣ дар ин давра кам ва начандон мунаққаш сохта мешуданд. Масалан, аз ёдгории Ҳалқаҷари Хатлон, ки ба давраи юнону бохтарӣ ва кӯшонӣ мансуб аст, ороишот ва сиккаҳои зиёди мисиро дарёфт намуданд. То асри XV дар давраи Кӯшониён (асри 2 то милод- асри 4 милодӣ) аз ҳама бештар мис истеҳсол карда мешуд ва аз он ба тариқи зарбзанӣ сиккаҳои мунаққаш мебароварданд. Аксари маҳсулоти ороишии мисини аз Осиёи Миёна ёфтшуда ба давраи императории Кӯшониён мансубанд. Дар асрҳои аввали мелодӣ истеҳсоли зарфҳои мисӣ чандон роиҷ набуд. Баъди асри III-и мелодӣ истеҳсоли зарфҳои мунаққаш ва тасвирдори нуқрагӣ роиҷ мегардад.
 
Шаҳрҳои Балх, Ҳаловард (Вахш), [[Бухоро]], [[Исфаҳон]], [[Самарқанд]], Шаҳрисабз, Истаравшан, Тошканд ва Хева марказҳои қадимаи мисгарии тоҷикон маҳсуб мешаванд. Беҳуда нест, ки номи яке аз давлатҳои дар асри IX – ташкилкардаи ниёгони тоҷикон - Давлати Саффориён ба касби мисгарии асосгузорони он марбут аст. Авҷи аълои мисгарии тоҷикон ба давраи Сомониён рост меояд. Акнун дар ин давра дар шаҳрҳои марказии тоҷикон аввал раста ва дӯконҳои ҷудогона ва баъдтар маҳалҳои мисгарӣ ташаккул меёбанд. Бостоншиносон аз боқимондаи шаҳри Ҳаловарди Хатлон дафинаи зарфҳои мисию биринҷии давраи сомонӣ- кӯза, коса ва шамъдонҳоро кашф карданд, ки дар онҳо нақшҳои ислимӣ, зооморфӣ ва эпиграфӣ ба назар мерасанд. Дар маркази баъзе зарфҳо нақшҳои барҷастаи ҳандасавӣ назаррабо мебошанд. Аз Истаравшан низ чунин дафинаи зарфҳои ҷаззобу зебои мунаққаш кашф шуд, ки он бо номи «дафинаи Қалъаи Баланд» машҳур аст. Аз ин зарфҳо маълум мешавад, ки ҳунармандони мумтози истаравшанӣ тавонистанд дар ороиши зарфҳо нақшҳои растанигӣ, эпиграфӣ ва зооморфию геометриро бо роҳи буриш ва кандакорию кӯбиш омезиш дода, онҳоро зебою назаррабо омода намоянд. Масалан, дар яке аз зермонҳои истаравшанӣ тасвири саги шикорӣ, заргуш, шерҳои афсонавӣ, нақшҳои мудаввар ва катибаи куфӣ ба хубӣ кандакорӣ шудааст. Навъҳои гуногуни хати кӯфӣ асоси нақшҳои эпиграфии даврони сомониро ташкил медиҳанд. Дар асрҳои XIV-XV низ ҳунари мисгарӣ равнақ меёбад. Дар ин давра истеҳсоли дегҳои калон - лангарҳо ва қандилҳои мунаққаш афзоиш ёфта, зарфҳоро бо нақшҳои эпиграфии иборат аз оёти қуръонӣ, абёти классикони форсу тоҷик - Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил ва Ҷомӣ дар шакли катибаҳои кӯфӣ, насх, настаълиқ ва сулс зебу зинат медоданд. Дар давраи ҳукумронии Шайбониён ҳунари мисгарӣ инқироз меёбад. Ҳатто дар асри XVI зарфҳои мисиро об карда, аз онҳо сиккаҳои мисӣ зарб мезананд. Мисгарии тоҷикон дар асрҳои XIX-XX бо нигаҳдошти анъанаҳои қадима дар Осиёи Миёна боз рушду нумӯъ меёбад.
 
Мисгарони чирадаст аз мис офтоба, кӯза, коса, шоҳкоса, лаълӣ, чойҷӯш, чойнак, сурмадон, шамъдон, дастшӯ, туфдон, чилим, носкаду, ӯсмаҷӯшак, харбузатарошак, рангдон, қаламдон, ва ороишоти занонаю мардона тайёр мекарданд. Бо сабаби мулоим буданаш мис барои мунаққашсозӣ хеле мусоид аст. Нақшҳои зарфҳои мисиро ба чор гурӯҳи асосӣ - ислимӣ, ҳандасавӣ, зооморфӣ ва эпиграфӣ тақсим кардан мумкин аст. Хусусияти хос ва хеле муҳими нақши тоҷикии зарфҳои мисӣ аз он иборат аст, ки ҳар як нақш номи алоҳидаи худро дорад. Барги бед, барги маҷнун, бодом, бодоми сарбаргӣ, бодоми сармадохил, бодоми пушти моҳӣ, бутта, гулдона, гули ғӯза, мадохили дурафтора, мадохили якрафтора, гулъизори ироқ, ислими бодом, ислими қаламфур, ислими муғча, ислими нимхишт, меҳроби барги бед, баргак, баргаки калон (шоҳбарг), себарга, гули ихтиёр, гули нав, ҳаштгул, маҷнунбарг, гули машъал, чорбарга машҳуртарин нақшҳои навъи ислмии зарфҳои мисӣ мебошанд. Нақшу нигори зарфҳои мисӣ дар зарфҳои сафолӣ, сангӣ, тиллоӣ, нуқрагӣ, биринҷӣ, чӯбӣ ва ёдгориҳои меъморӣ низ ба назар мерасанд.
Line 22 ⟶ 24:
То охири чоряки аввали асри XX Бухоро маркази асосии истеҳсоли зарфҳои мунаққаши мисӣ ба ҳисоб мерафт. Муқаддам Мукаррамов, Абдусалом Ҳомидов, Ғулом Ҳасанов, Мирусмони Хуҷандӣ, Олими Шаҳрисабзӣ аз зумраи мисгарони машҳури асри ХХ мебошанд. Дар асри XX тасвири ёдгориҳои меъморӣ дар зарфҳои мисӣ роиҷ мегардад. Чунончӣ соли 1936 мисгари бухороӣ Абдусалом Ҳомидов дар маркази як лаълӣ мақбараи Исомили Сомониро хеле моҳирона кандакорӣ намудааст. Чунин анъана то имрӯз низ идома дорад.
 
Нақшу нигори зарфҳои мисӣ таҷассумгари олами зебою рангини ҳунари тоҷикон буда, дар онҳо роз ва рамзи таъриху фарҳанги гузаштаи дурахшони ниёгон нуҳуфтааст ва ҳозиронро бо ҷаззобияти худ мафтун месозад.<ref>Абдувалӣ Шарипов, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод</ref>
 
== Манбаъ ==
<references>
 
[[fa:هنر مسگری]]
Абдувалӣ Шарипов, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод