Буддо дар ҳолати нирвана: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Буддо дар ҳолати нирвана
(бе тафовут)

Нусха 01:58, 27 апрели 2013

Муҷассамаи Буддо дар ҳолати нирвана.

Таърих

Ин бозёфти нодир дар соли 1966 утоқи рақами 23 (рақам шартӣ аст) аз ёдгории Аҷинаттеппа пайдо шудааст. Дарозии муҷассама 12.92 м. ташкил медиҳад, баландиаш 2.5. Бостоншиносон ва тармимгарон мучассамаро ба 92 қисм ҷудо карда ба Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ оварданд. Солиёни зиёд дар анбори ин Пажӯҳишгоҳ нигоҳ дошта мешуд. Соли 2001 ба шарофати 10 солагии истиқлолияти Тоҷикистон, муҷассамаро барқарор намуда дар осорхонаи навтаъсиси "Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон" ба намоиш гузоштанд. Феълан як нусхаи айнани ин муҷассама дар яке осорхонаҳои шаҳри Аичии Ҷопон гузошта шудааст. Нусхаи дигар дар бинои нави Осорхонаи Миллӣ, ки дарҳои худро соли кунунӣ барои тамошобинон хоҳад кушод, ба марази тамошо гузошта шудааст.

Пайвандҳои беруна

[1]

Манобеъ

Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон”, - Душанбе, 2011