Осоишгоҳи Зумрад: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 1:
Осоишгоҳи «Зумрад» дар қисми ҷанубу ғарбии водии Фарғона, дар соҳили дарёи Исфара, дар баландии 940 метр аз сатҳи баҳр, дар масофаи 3 километр аз маркази шаҳр, 110 километр аз маркази вилояти Суғд - шахри Хуҷанд ҷойгир шуда, дар нишемангоҳҳои кӯҳҳои Вороруд доман паҳн кардаааст. Мавзеи «Зумрад» ба осорхонаи табиӣ шабоҳат дорад ва зебоманзартарин қисми ноҳияи Исфара ба шумор меравад. Ин мавзеъ бо табиати афсункор, манзараҳои зебо, ҳавои софу беғубор, меваҳои шарбатрез, дарахту буттаҳои ороишӣ, дарёи шӯхи кӯҳиву ҳавзҳои пуроб аз қадим манбаи сиҳативу омили табобат барои мардум будааст.

Зумрад аз ҷумлаи беҳтарин осоишгоҳҳои ҷумҳуриамон буда, дорои 3 хобгоҳи замонавӣ ва 2 котедж (ҳамагӣ барои 500 ҷой), 3 бинои табобатӣ барои қабули 250 нафар дар як соат, қасри «Шифокорон» барои 300 ҷои нишаст бо китобхона ва толори рақсӣ, чойхонаи пур аз нақшу нигори Сино, осорхонаи Тибби тоҷик ба номи Мирзо Олимов, ошхона барои табобатгирандагон бо 500 ҷои нишаст, барои коргарон бо 60 ҷои нишаст, қаҳвахона, озмоишгоҳи саририву биокимёвӣ, шӯъбаи ташхиси вазифӣ, шӯъбаи дандонпизишкӣ мебошад.

Зумрад - яке аз марказҳои бузурги табобатӣ ва ташхисӣ буда, то имрӯз 200 ҳазор нафар шаҳрвандоноро солим гардонидааст.
Осоишгоҳи «Зумрад» бо пешниҳоди кумитаи ҳизбии шаҳри [[Исфара]], шахсан котиби якум Ортиқбой Қурбонов декабри соли 1975 ташкил шуд ва [[Олимов Мирзо]] сардухтури ин осоишгоҳи байниколхози таъин гардид. Имрӯз дар ин ҷо зиёда аз 30 омили табобатӣ, чор шӯъбаи муолиҷа, се хобгоҳ барои 500 нафар, қасри "Шифокорон", [[Чойхонаи Сино]] ва "Осорхони тиббӣ тоҷик" барои мардум хизмат карда истодааст.
== Мавқеи ҷуғрофӣ ==

Зумрад маркази варзишӣ шифоӣ бо 37 намуди дастгоҳҳои муолиҷавӣ, мизҳо барои биллиард, тенниси рӯимизӣ, майдончаи волейболу бадминтон, майдончаи рақсӣ буда, ба табобатгирандагон 25 намуди хизматрасонии маданӣ ва маишӣ расонида мешавад.

Ҳудуди умумии осоишгоҳ 20 гектар буда онро буттаҳою дарахтони нодири ороишию мевадиҳанда, гулу гулбуттаҳо зебоӣ мебахшанд. Дарёчаи шӯхи Исфара, ҳавзу ҷӯйборҳои ҳудуди осоишгоҳ ҳаворо аз озон бой намуда ба мардум таровати махсусе ҳадя менамоянд, чаҳ - чаҳи булбулу хониши паррандагони ин мавзеъ асабро ором намуда ба ҷисму ҷони инсон оромию фараҳ мебахшанд.
Осоишгоҳи «Зумрад» дар ҳудуди ноҳия [[Исфара]], дар қисмими ҷанубу ғарбии водии Фарғона ва дар доманаи каторкуҳҳои Туркистон, дар баландии назди 900 метр ҷойгир шудааст. Осоишгоҳ дар ҳудуди музеи табии, дар қисми зеботарини ноҳия бунёд ёфтааст.

Ин ҷо ҳама сарватҳои зеризаминию кӯҳӣ, олами ноботот ва меҳнати боғбони моҳиру устои гулдаст бо ҳам муҷассам гардидаанд. Хама якчоя чун як симфонияи нозуки табиату табобат садо медиҳанд. Аз шаҳри [[Исфара]] то деҳаи [[Ворух]], дар масофаи наздик 50 километр дарёчаи шухи он аз баландии ҳазор метр нишеб ҷорӣ мешавад. Аз қуллаи баланди барфпуши куҳҳои Туркистон (гиреҳи яхбандии Мастчоҳ, сароби дарёи Исфара) то деҳаи Равот паси ҳам сохти геологӣ, таркиби ҷинсҳои куҳӣ, иқлиму наботот ва дигар элементҳои табиат тағйир меёбад. Вақто ки дар резишгоҳи дарёчаи куҳӣ киштукори баҳорӣ оғоз меёбад, дар [[Ворух]] куҳҳо барфпӯш меистад, дар Исфара зардолу мепазад, дар мавзеи Беди Каҷ он гул мекунад, дарё сероб мегардад. Дар масофаи наздик 60—70 километр дар резишгоҳ тобистону дар куҳсор — зимистон!

Мардуми [[Исфара]]и бостонӣ аз қадимулайём бо касби боғбонӣ машғуланд, ки мавқеи асосиро дар ин води зардолу ишғол менамояд. Дар ҳудуди ноҳияи [[Исфара]] 63 навъи зардолу пар-вариш карда мешавад, ки баъзеи онхо шӯҳрати умумиҷаҳонӣ пайдо карданд.

Мирсанҷалию бинигорӣ, зарифию тоҷибоии он чанд намоишгоҳҳои байналхалкиро оро додаанд ва баҳои баланди мутахассисону донишмандонро гирифтаанд.

Исфара музеи геологӣ аст ва аз ин рӯ вай боигарии табиии гуногун дорад. Шаҳри [[Исфара]] яке аз ноҳияҳои мутараққии ҷумҳурӣ буда, зиёда аз 20 корхонаи саноатӣ ва 10 колхозу совхози он бо маҳсулоти аълосифати саноатию хоҷагии қишлоқаш шӯҳраташро ба тамоми иттифоқ ва берун аз ҳудуди он баланд бардоштааст. Дар бораи пайдоиши калимаи «Исфара» чанд ақидаҳо мавҷуданд. Ба фикри мо вай аз калимаи «Истфарори» каме тағйир ёфта, «Ист,— фароғат кун» ташкил ёфтааст., ки имрӯз, осоишгоҳи мо ҷавоби он аст.

Сабаби «Фароратғоҳ» будани ин диёр пеш аз ҳама ба табиати хушманзара ва обу ҳавои софаш ва мардуми меҳнатдӯсташ вобаста аст. Релефи сеҳрнок, куҳҳои рангоранг, ҳавои куҳии таркибаш аз чангу гард, микробҳою бактерияҳо ва моддаҳои химиявӣ софбуда, ва бар хилофи он ҳавои аз озон оксиген бой, мевахои шарбатрез, обу ҳавои субтропикӣ ва дигар факторҳоӣ мусбӣ, гаравӣ саломатӣ ва омили табобат кардани меҳнаткашонанд. Дар масофаи 35 километр аз осоишгоҳ дар 40° 11' арзи шимолӣ ва 70° 17' тули шарқӣ бо Гринвич дар мавзеи селраҳаи ҷамоати «КИМ» дар қатори конҳои нафт манбаъҳои обҳои минералӣ ва озокерит, ки чандин асрҳо боз аз чуқурии 350—450 метр ба руйи замин баромада чорӣ мешавад манбаи шифобахши «Оби шифо» мавҷуд аст. Ривман А. И. соли 1972 формулаҳои махсусро истифода бурда, исбот намуд, ки синну соли манбаи «Оби шифо» аз 12 то 15 миллион солҳоро дарбар мегирад. Хусусиятхои шифобахшии обҳои сульфид, аз замонхои қадим маълум буд.

Олими бузурги энсиклопедист эҷодкори «Қонунҳои илми тибб» Абӯали Ибни [[Сино]] ҳануз дар асрҳои Миёна навишта буд: оби шӯр аз касалиҳое, ки сабабаш ба хунукӣ ё намнокии миҷоз вобаста аст, ба мисли дарду варами пайвандҳо, сует гаштани узвҳои бадани одам, аз касалихои дикки нафас (астма) ва касалиҳои гурда ёрӣ мерасонад. Оби шӯр сабзиши устухонҳои шикастаро тезонда беморонеро, ки ба яраю ҷароҳати пӯст, ва касалии чипкон (пучак-фрункулёз) гирифторанд дармон мебахшад ва дам шудани (бод гирифтани) шикамро нест мекунад. Оби олтингугирд (гази гугирддор) бошад ба системаи асаб оромию ҳаловат мебахшад. Дардҳои ихтилочиро (спазм) сует менамояд, пусту бадани беморро аз рихинаку гармиҷаҳо ва ҷароҳату доғҳои кунҷитак тоза мекунад. Оби олтингугирд зиёдатиҳое, ки сабаби варам кардани пайванду буғумҳо, ҷигару сипурз мешаванд, маҳлул мегардонад. Дар вақти қабули обҳои минералӣ эҳтиёткориро фаромӯш накарда, оҳиста-оҳиста ба об дохил шуданро лозим медонад.

Гачанде ки хусусиятхои шифобахши обҳои минералии гази гугирддор дар охирҳои асри XIX ва аввали асри XX дар асоси тадкикотхҳои илмӣ исбот шуда бошад, вале чуноне ки дар боло изҳор кардем имрӯз ҳам маслиҳату усулҳои Синои бузург дар хусуси истифода бурдани обҳои минералӣ шавқу завқи табибони замони моро ба ҳамсадоию ҳамоҳангӣ бо ӯ даъват мекунад. Мувофиқи адабиётҳои мавҷуда «Оби шифо»-ро аввалин маротиба соли 1889 тадқикотчии рус Тейх навиштааст. Мувофиқи маълумотҳои Тейх оби ба руйи замин фаввора зананда соф буда, маззаи шӯру тунд дошта ва реаксияаш турш мебошад. Дар як литр об боқимондаҳои моддаҳои сахт баробари 11477 мг, аз он ҷумла намаки ош (NaCI) 8946 мг ва гази гугирд дорад.

Оби минералии ин манбаъ ба гуруҳи обҳои таркибаш аз гази олтингугирд ва хлор бой буда дохил мешавад. Ҳарорати об дар ҷойи баромадаш 20 градус С, дебиташ 3 хазор литр дар як шабонарӯз мебошад. Шароити истифода бурдан надорад. Соли 1967 бо ташаббуси роҳбарони маҳаллии ноҳияи Исфара ва шӯъбаи тандурустии он вақте ки аз тадқиқотҳои аввалини Тейх 78 сол гузашта буд, идораи дар Осиёи Миёна будаи «Геоминводи» СССР корҳои ҷустуҷӯиро cap карданд, ки мақсади охири он муайян намудан ва ба ҳисоб гирифтани захираҳо ва истифода бурдани ин оби фоидабахши камёбу нодир буд. Натиҷаи тадқиқотҳои гузаронда нишон дод, ки чуқурии кони об аз 350 то 450 метр буда, агар аз чоҳи № 1 дар як сония 0,5 литр об ҷорӣ шавад, аз чоҳи №6 дар як сония 0,8 литр ҷорӣ мешавад ва дар давоми 24 соат бошад зиёда аз 30 м3 оби аз зеризамин баромада боз ба қаъри замин дохил мешавад. Ғайр аз он мушоҳидаҳои мунтазам гузаронда шуда нишон доданд, ки дар таркиби ин об то 15 мэв фоиз намакҳои калтсий ва дар як литри он то 96 мг бром мавҷуд аст.

Таркиби минералии об дар қисми ҷанубии манбаъ дар як литраш 87,0 намакҳои гуногун дошта бошад, дар қисми шимолии манбаъ бошад дар як литраш 120,0 —125,0 ҳар хели намак-ҳо дошта, ва маҳлули рализи об бӯи тезутунди олтингугирди зиёде дорад, ки миқдори он дар як литр аз 380 то 544 мг-ро ташкил мекунад. Ана аз ҳамин сабаб хам ин оби каёмебу нодир аз чихати фоиданокй ва шифобахшӣ беҳамто мебошад. Таркиби химиявии чоҳи № б («Оби шифо»)-ро корманди Институти Марказии тадқиқоти илмии курортологӣ ва физиотерапияи Вазорати нигоҳдории тандурустии [[СССР]] Г. Л. Вейнреп июни соли 1969 гузаронд,. ки формулаи химиявии он чунин аст: H2SO524 мг. M^i Na, Cl, Mg, К. РН 6,2.

== Омилҳои табобатӣ ==

Дар осоишгоҳ чунин бемориҳо табобат карда мешаванд:

Ҳоло лабораторияи химиявии санатория мунтазам таркиби химиявии обро санҷида дастраси табибон гардондааст. Мувофиқи тавсияномаи Институти курортология ва физиотерапия ва метериалҳои ҷамъшудаи мутахассисони шифохонаи «Зумрад» "Оби Шифо"-ро барои табобати беморони системаи асаб беморони системаи рагҳои гардиши хун ва касалиҳои дил, касалиҳои пайванду устухону мушакҳо ва касалищои занона ба таври васеъ бомуваффақият истифода мебаранд.

Бемориҳои дилу шараён

Бемориҳои узвҳои ҳаракат

Солхои 1980 бо ташаббуси маъмурияти санатория дар дуди шифохона аз тарафи идораи «Геоминвод» чоҳкобӣ гузаронида шуд. Ҷустуҷӯ нишон дод, ки дар дохили шифохона обҳои минерализатсияаш сустбуда кам нестанд. Чоҳи раками 2/82, ки дар таркиби он маъданҳо 2,8—3,0 г/л-ро ташкил менамоянд аз намакҳои сульфати магнию кальций ва натрий иборатанд ва чунин формулаи химиявй доранд: (SO4—75, Mg—20-25, Са—30-35, Na—38-63 экв%) РН 7,2.

Бемориҳои асаб ва сутунмӯҳра

Бемориҳои узвҳои дохилӣ

Ишқораш сует мебошад. Анализро 16 ноябри соли 1982 дар лабораторияи Институти тадқиоти илмии курортология ва физиотерапияи Вазорати нигоҳдории тандурустии СССР аналитикҳо Вейнреп ва Морозов иҷро карданд. Мувофиқи тавсияномаи мутахассисони Институт таркиби оби номбаршуда мутобиқи оби минералии Маскав мебошад ва барои табобати беморони гирифтори дарди меъда: захми меда ва рӯдаи 12-ангушта, касалиҳои пардаҳои луобии меъдаю рӯда, касалиҳои якумраи ҷигар, талхадон, ғадуди зери меъда ва гурдаю роҳдони пешоббарорӣ бомуваффақият истифода бурдан мумкин аст. Ин оби шифобахш дар лоиҳа, адабиётҳо ва матбуоти даврӣ бо номи оби шифои «Исфара» паҳн гардидааст.

Амрози занона

Омилҳои асосии табобатии осоишгоҳ оби маъданноки гази гӯргирддоштаи «Оби Шифо», лойқаи шифобахш, муми кӯҳӣ, нафтшифоӣ, усулҳои физиотерапевтиву табобати тибби шарқӣ ва варзишшифоӣ мебошанд.

Чоҳи 1/82, ки дар болотари қишлоқи Зумрадшоҳ, ёфт шуд, дар таркиби он миқдори маъданҳо (М 3, 4—4,0 г/л)-ро ташкил медиҳанд. Ин оби фоидабахш ҳам ба гуруҳи обҳои: хлору сулфату—магнию калций ва натрийдор дохил шуда, формулаи химиявии он чунин аст: Са—25*39, SO4—60-70, Mg—20, Са—23-26, Na—50-60 ЭКВ%—РН—7,2-7,4 мебошад ва таркиби химиявиаш бо оби типи Кришталев мутобикқт дорад. Мувофиқи ГОСТ-и 13273-73 барои табобати касалиҳои меъда (гастрит), касалиҳои рӯда (колит) касалиҳои якумраи ҷигар (гепатит) роҳҳои талхабарору талхадон (холецистит), вайроншавии мубодилаи моддаҳо (касалии канд, диатез, окса-лурия) касалии ғадуди зери меъда (панкреатит) истифода бурдан тавсия шудааст.

Ин обро ҳоло заводи шарбатбарории [[Хуҷанд]] бо номи оби шифобахши "Зумрад" ташвиқоту тағрибот намуда, аз руи лоиҳа чораҷуиҳои конкрети мебаранд, аз ин ру шубҳае нест, ки дар аввалҳои соли 1989 ин оби фоидабахш дастраси мардум мегардад. Ин буд як қатра аз он хазинаи бои сарватҳои табии Исфара, ки яке аз омилҳои табобат кардани ҳар гуна касалиҳо мебошад.
== Пайвандҳои беруна ==
* [http://elint.kunstkamera.ru/catalog/muzej_narodnoj_mediciny_imeni_mirzo_olimova/ Осорхонаи тибби тоҷик ба номи Мирзо Олимов]