Осоишгоҳи Зумрад: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
Осоишгоҳи «Зумрад» дар қисми ҷанубу ғарбии водии Фарғона, дар соҳили дарёи [[Исфара]], дар баландии 940 метр аз сатҳи баҳр, дар масофаи 3 километр аз маркази шаҳр, 110 километр аз маркази вилояти [[Суғд]] - шахри [[Хуҷанд]] ҷойгир шуда, дар нишемангоҳҳои кӯҳҳои Вороруд доман паҳн кардаааст. Мавзеи «Зумрад» ба осорхонаи табиӣ шабоҳат дорад ва зебоманзартарин қисми ноҳияи [[Исфара]] ба шумор меравад. Ин мавзеъ бо табиати афсункор, манзараҳои зебо, ҳавои софу беғубор, меваҳои шарбатрез, дарахту буттаҳои ороишӣ, дарёи шӯхи кӯҳиву ҳавзҳои пуроб аз қадим манбаи сиҳативу омили табобат барои мардум будааст.
 
Зумрад аз ҷумлаи беҳтарин осоишгоҳҳои ҷумҳуриамон буда, дорои 3 хобгоҳи замонавӣ ва 2 котедж (ҳамагӣ барои 500 ҷой), 3 бинои табобатӣ барои қабули 250 нафар дар як соат, қасри «Шифокорон» барои 300 ҷои нишаст бо китобхона ва толори рақсӣ, чойхонаи пур аз нақшу нигори [[Чойхонаи Сино|Сино]], [[осорхонаи тибби тоҷик ба номи Мирзо Олимов]], ошхона барои табобатгирандагон бо 500 ҷои нишаст, барои коргарон бо 60 ҷои нишаст, қаҳвахона, озмоишгоҳи саририву биокимёвӣ, шӯъбаи ташхиси вазифӣ, шӯъбаи дандонпизишкӣ мебошад.
 
Зумрад - яке аз марказҳои бузурги табобатӣ ва ташхисӣ буда, то имрӯз 200 ҳазор нафар шаҳрвандоноро солим гардонидааст.