Сармад: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
хNo edit summary
No edit summary
Сатри 20:
 
Тахтасанги кӯҳсораш, тахти Сомони ман аст
 
==Модар ==
 
Захми дилро нӯшдору меҳри модар будааст,
Дидаҳо аз нури рӯи ӯ мунаввар будааст.
 
Шеъри тифлон мешавад эҷод бе ҳарфу қалам,
Кӯдаконро дасти модар ҳамчу минбар будааст.
 
Кӯдакиҳоям ба ёд ояд, дилам гум мезанад,
Як дами тифлона бо умре баробар будааст.
 
Дар нигоҳи гушна охир хирмани зар ҳеҷ нест,
Донаи гандум беҳ аз сад зевар будааст.
 
Сар ба рӯи болини қу беватан осуда нест,
Хоби ширин сар ба рӯи санги кишвар будааст.
 
Сад ҳазорон корзор андар замиру ҷони мост,
Ҳар ки бар худ ғолиб ояд, ӯ музаффар будааст.
 
Дил ба фарёд омаду бар Сармади шӯрида гуфт,
Беҳтарин ганҷе, ки гум кардем модар будааст.
 
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Сармад"