Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 15:
Пас аз имзои Мувофиқатномаи сулҳи Тоҷикистон дар моҳи июни соли 1997 шароит барои бозгашти аъзои ҳизби наҳзати исломӣ ба кишвар фароҳам шуд ва дар моҳи августи соли 1999 ин ҳизб дубора ба расмият шинохта шуд.
 
Он замон [[Саид Абдуллоҳи Нурӣ]], раҳбари Иттиҳоди мухолифони давлати Тоҷикистон дар анҷумани ҳизби наҳзати исломӣ ба раҳбарии ин ҳизб интихоб шуд.
 
Мунтақидони Нӯрӣ ӯро бештар ба муъомила бо давлат ва ҳимояти ошкор аз Эмомалӣ Раҳмон, муттаҳам мекарданд.
Сатри 23:
Ҳизби наҳзати исломӣ бо номзади худ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1999 ширкат дошт. Дар ин интихобот Давлати Усмон, намояндаи ин ҳизб, танҳо ҳудуди 4 дар сад аз орои интихобкунандагонро ба даст овард.
 
Ин ҳизб дар ду интихоботи порлумонӣ дар солҳои 2000, 2005 ва 20052010 муваффақ шуд дунафарӣ аз намояндагони худро вориди порлумон кунад.
== Протоколи 32-20 ==
 
24 ноябри соли 2012 таҳти роҳбарии [[Эмомалӣ Pаҳмон]] ҷаласа бо иштироки роҳбарони ургонҳои қудратӣ ва дахлдор гузашт, ки нусхаҳои протоколи он дар сомонаи русии "Звезда.ру" нашр шуданд. Дар матни ин нусхаҳо, ки асил буданашон тасдиқ нашудааст, омадааст:"...Вазорати корҳои дохила- Қаҳҳоров А.А, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ - Ятимов С.С, Кумитаи оид ба корҳои дин - Холиқов А.Г якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби имкониятҳои соҳибкорону фаъолони маҳалҳо харитаҳои сиёсии минтақаву маҳалҳои мамлакатро таҳия карда, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, хусусан роҳбарону масъулони сохторҳои ибтидоии онротаҳти назорати қатъӣ ва доимӣ қароор дода, доир ба муайян кардани рӯйхати пурраи аъзои ҳизб ва маҳаллу суроғаи зисти онҳо, ошкор намудани тарзу усули кори таблиғотти ҳизб, инчунин ба пешбурди кори ҷиддӣ, аз ҷумла бо роҳи ҳавасмандгардонӣ аз сафҳои ҳизб кашидани онҳо чораҷӯӣ намояд." "…доир ба гузаронидани санчиши низоми шиносномаи шахрвандони мамлакат,хусусан пойтахти он, муайян кардани он, ки онхо аз кучо ва чи вакт омадаанд, инчунин мансубияти хизбии онхо, бо дарназардошти масъалаи торафт аз хисоби занон афзудани шумораи аъзои ХНИТ фаъолияти муназзам ва мунтазамро ба рох монанд»,“...Ҷиҳати дар ВАО (расонаҳо) таҳия ва нашр намудани маводди фошкунандаи фаъолияти ғайриқонунии ҲНИТ чораҷӯӣ намоянд.”
Дар вокунишҳои нахустин масъулини баландпояи ҳукумат ин ҳуҷҷати ба нашррасидаро тақаллубӣ номиданд. Ду намояндаи мардумии ҲНИТ дар Парлумони кишвар ба унвони Додситони куллӣ ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода дархост фиристода аз ӯ хоҳиш карданд, ки дар масъалаи «Протоколи 32-20» расман ибрози нуқтаи назар кунад.Додситони кулли ҷумҳурӣ дар посухи худ ба ин дархост эълон дошт, ки дар ҳақиқат, дар санаи мазкур дар ҳукумат чунин як ҷаласае таҳти раҳбарии Президент баргузор гардидааст. Вале санаде, ки дар ин ҷаласа қабул шудааст, аз он «Протоколи 32-20» ба куллӣ фарқ мекунад. Шерхон Салимзода «Протоколи 32-20»-ро, ки дар матбуот ба нашр расид, тақаллубӣ ва бепоя хонд.
==Теъдоди аъзои ҲНИТ==
Бино ба гузориши Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар анҷумани ин ҳизб дар авохири моҳи декабри гузашта теъдоди аъзои ин ҳизб болиғ ба 50 ҳазор нафар аст.
 
Ҳафтаномаи “Наҷот” ва маҷаллаи “Сафинаи умед” аз ҷумлаи нашрияҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.
 
Ҳизби наҳзати исломӣ ба интихоботи порлумонии 28 феврал, аз тариқи феҳристи ҳизбӣ 20 номзад ва дар ҳавзаҳои инфиродӣ 20 номзади дигар пешниҳод кардааст. Ин ҳизб ҳамчунин бо 165 номзад дар интихоботи шӯрои вилоятӣ ва 982 номзад дар интихоботи шӯроҳои ноҳияӣ ширкат хоҳад кард.
== Роҳбарони ҲНИТ ==
[[Саид Абдуллоҳи Нурӣ]]