Муҳаммадҷон Шакурӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 6:
|Зодгоҳ= [[Бухоро]]
|Пеша=[[адабётшинос, забоншинос]]
|Даргузашт=[[16 сентябр]]и соли [[2012]]
|Вафот=[[16.09.2012]]
}}
'''Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ''' ([[30 октябр]]и соли [[1926]] (феврали [[1925]]), [[Бухоро]]) - адабётшинос, забоншинос, пажӯҳишгар, адиб ва нависандаи тоҷик, аъзои Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва Фарҳангистони забону адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон, яке аз муаллифони Қонуни [[забони тоҷикӣ]] аст.
Сатри 12:
== Зиндагинома ==
[[File:Muhammadjon_Shakuri.jpg|thumb|Муҳаммадҷон Шакурӣ ва ҳамсарашон, дар манзили устод, Наврӯзи соли 2010]]
Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ (расман Муҳаммад Шарифович Шукуров, то моҳи майи соли 1992 дар навиштаҳояш Муҳаммадҷон Шукуров имзо мегузошт) бино бар шиноснома 30 октябри соли [[1926]], аммо дар ҳақиқат моҳи феврали соли 1925 дар Бухоро зода шудааст.
 
Падараш Шарифҷон–махдум Садри Зиё (1865-1932) нависандаи тоҷик буд ки то инқилоби Бухоро (1920) дар баъзе тумон ва вилоятҳои аморати Бухоро қозӣ буда ва пас аз инқилоб чанде дар муассисаҳои Ҷумҳурияти Халқии Шўроии Бухоро (1920-1924), аз ҷумла дар идораи авқоф ва китобхонаи марказӣ кор карда, ва сипас зиндонӣ шуд ва дар зиндон аз дунё гузашт аст.
Сатри 19:
 
== Фаъолияти илмӣ ==
Шакурӣ соли [[1939]] аз Бухоро ба Душанбе мекӯчад. Аввал дар мактаби намуна ва баъд дар омўзишгоҳи омўзгорӣ таҳсил мекунад. Соли [[1941]] донишҷӯи забону адабиёти тоҷикӣ дар Донишгоҳи омӯзгории Душанбе шуд ва онро соли 1945 хатм кардааст. Ҳамзамон бо донишҷўӣ, соли 1943 то 1945 дар идораи рўзномаи «Тоҷикистони Сурх», ки имрўз «Ҷумҳурият» ном дорад, кор карда ва дар охирҳои соли 1944 чанд гоҳ дар Институти таърих, забон ва адабиёт (бахше аз Шўъбаи Фарҳангистони улуми шўравӣ дар Тоҷикистон) лаборант буда аст.
 
Пас аз хатми Донишкадаи омӯзгории Душанбе дар соли 1945 устоди ин донишкада шуд. Дар солҳои 1945 - 1946 устоди Донишкадаи муаллимии Кўлоб буд. Сипас ба Душанбе баргардашт ва дар Донишкадаи омўзгории Душанбе то соли 1953 аз адабиёти қадим, забони тоҷикӣ, хониши хониши матн, равиши омўзиши забону адабиёт дарс гуфт. Ҳамзамон солҳои 1948 - 1951 дар аспирантураи ин донишкада таҳсил дошта ва устоди раҳнамояш Холиқ Мирзозода буд. Мавзуъи пажӯҳишаш «Эҷодиёти Сиддиқии Аҷзӣ (1865-1927)» буда, вале азбаски ҳангоми баррасӣ дар Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 29 декабри 1952 Аҷзӣ шоири иртиҷоъӣ дониста шуд, пажӯҳишномааш рад шуд ва заҳмати сесолааш бар бод рафт.
 
Соли [[1953]] пажӯҳишро дар «Хусусиятҳои ғоявиву бадеъии «Ёддоштҳо»-и Айнӣ (қисми 1 ва 2)» оғоз кард ва онро соли [[1955]] дар Пажўҳишгоҳи шарқшиносии Фарҳангистони улуми Иттиҳоди Шўравӣ бо раҳнамоии профессор Иосиф Брагинский ба поён расонда ва [[28 февралифеврал]]и [[1958]] рисолаашро дифоъ ва унвони номзади илми суханшиносӣ дарёфт кард.
Шакурӣ аз соли [[1951]] то [[1989]] нахуст корманди илмӣ ва аз соли 1959 мудири шўъбаи адабиёти шўравии тоҷикӣ дар Пажўҳишгоҳи забону адабиёти Рўдакӣ буд ва асосан дар риштаи нақди адабӣ ва таҳқиқи таърихи адабиёти муосири тоҷикӣ машғул буд. Дар ин замон дар таълиф ва таҳрири «Очерки (таърихчаи) адабиёти советии тоҷикӣ» саҳм гузошт дар ду ҷилд солҳои [[1956]]-[[1957]] ба тоҷикӣ чоп шуда ва мухтасари он дар як ҷилд ба русӣ дар [[Маскав]] соли [[1961]] ба табъ расида аст.
 
Вай ҳамчунин узви гурўҳи таҳқиқи насри классикии форсӣ-тоҷикӣ дар Пажўҳишгоҳи забону адабиёти Рудакӣ ба раҳбарии профессор И.С. Брагинский буд ки чандин асари насри классикӣ ва омиёнаро, аз ҷумла «Синбоднома»-и Заҳирӣ, «Ҳотами Той», «Самаки айёр», «Шоҳнома»-и мансури қиссахонҳо, «Ҷомеъулҳикоёт» ва ғайраро ба табъ расонид. Мавзуи аслии пажӯҳиши Шакурӣ дар ин Пажӯҳишгоҳ нақши суннатҳои назму насри классикии форсӣ-тоҷикӣ дар насри нави реалистии тоҷикӣ дар садаи 20 буд ва натиҷаҳои пажўҳишаш дар чанд мақолаву китоб, аз ҷумла дар китоби «Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ» (1973) баён шудааст.
 
Шакурӣ ҳамроҳ бо [[Холиқ Мирзозода]], [[Атахон Сайфуллоев]], [[Абдураҳмон Абдуманнонов]], Лариса Демидчик ва Раҷаб Амонов узви гурӯҳи пажӯҳиш ва таълифи «Таърихи адабиёти шўравии тоҷикӣ. Инкишофи жанрҳо» буд ки чаҳор ҷилд аз шаш ҷилди он солҳои 1978 - 1984 чоп шуда аст. Пажӯҳишгарон аз он шаш ҷилд мухтасаре дар ду ҷилд ба забони русӣ омода карданд ки дар Пажўҳишгоҳи адабиёти ҷаҳон (Маскав, Фарҳангистони улуми шўравӣ) чун намунаи тозаи таърихнигорӣ хуш пазируфта шуд вале ин ду ҷилд ҳам чоп нашуд.
Солҳои 1960 - 1970 Шакурӣ дар заминаи нақди адабии насри муосири тоҷикӣ ва масъалаҳои забони форсии тоҷикӣ, ба хусус масъалаҳои амалӣ ва корбасти ҳаррўзаи он, ки бештар ҷанбаи ҷомиашиносӣ дошт, фаъол буд. Натиҷаи ин пажўҳишу баррасии забони матбуоти ҷорӣ, радиову телевизион, навиштаҳои илмии вай китобест ба номи «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад», ки соли 1964 дар маҷаллаи «Шарқи сурх» (имрўза «Садои Шарқ») ва соли 1968 ба шакли китоб ба чоп расид. Чопи дувуми он соли 1986 ва нашри севумаш соли 2005 сурат гирифт, ки иборат аз 400 саҳифа аст.
Сатри 37:
Вай солҳои 1969 - 1970 дар Пажўҳишгоҳи адабиёти ҷаҳон дар Маскав пажӯҳишномае дар «Масъалаҳои жанр ва услуб дар насри муосири тоҷикӣ» навишт ва соли 1971 онро дар Пажўҳишгоҳи шарқшиносии Маскав дифоъ карда унвони доктори илми суханшиносиро дарёфт кард. Ин рисола дертар ҷилди чаҳоруми «Таърихи адбиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо»-ро ташкил кард (Душанбе, Дониш, 1980).
 
Шакурӣ аз соли 1956 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳаст ва дар солҳои 1968 - 1991 узви Шўрои нақду адабиётшиносӣ дар Иттиҳодияи нависандагони Шўравӣ буд. Соли 1981 бо пешниҳоди Фарҳангистони улуми Иттиҳоди Шўравӣ узви вобастаи Фарҳангистони улуми Тоҷикситон интихоб гардид. Соли 1987 узви пайваста (академик)-и Фарҳангистони улуми Тоҷикистон интихоб шуд. Соли [[1989]] ба муддати панҷ сол узви Риёсати [[Фарҳангистони улуми Тоҷикистон]] буд. Аз соли 1996 узви пайвастаи Фарҳангистони забону адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад.
 
Муҳаммадҷон Шакурӣ яке муаллифони нахустин Қонуни забони тоҷикӣ аст ки 22 июли 1989 дар иҷлосияи Шўрои Олӣ тасвиб шуда ва забони форсии тоҷикиро забони давлатии Тоҷикиситон эълом карда буд.