Фарқият байни намунаҳои "Тригонометрия"

===Функсияҳои тригонометрӣ===
{{асос|Функсияҳои тригонометрӣ}}
Дар [[риёзиёт]], '''Функсияҳои тригонометрӣ''' гуфта [[функсия (риёзӣ)|функсияҳои]] [[кунҷ]]ро меноманд; Онҳо барои омӯзиши [[секунҷа]]ҳо, тарҳрезии ҳодисаҳои даврӣ ва бисёр татбиқоти дигар заруранд. Онҳо одатан ҳамчун [[нисбат]]и ду тарафи секунҷаи росткунҷа, ки дорои кунҷест баён карда мешаванд. Инчунин, онҳоро чун дарозии порчаҳои гуногун аз [[давраи воҳидӣ]] таъриф додан мумкин аст. Таърифҳои нави функсияҳои тригонометрӣ онҳоро чун [[қаторҳои беохир]] ё ҳалҳои [[муодилаҳои дифференсиалӣ| муодилаҳои дифференсиалии]] маълуме тавсиф дода, соҳаи қиматҳои онҳоро то ададҳои манфиву мусбат ва ҳатто [[ададҳои комплексӣ|комплексӣ]] муайян менамоянд.
Дар айни замон шаш функсияи асосии тригонометриро истифода мебаранд, ки ном ва муодилаҳои вобастагии онҳо аз ҳамдигар дар ҷадвали дар поёнбуда оварда шудаанд. Хусусан, барои чаҳор функсияи охирин, ин вобастагиҳо чун ''таърифи'' ин функсияҳо дода шудаанд, вале шумо метавонед онҳоро ба тарзи геометрӣ ё дигар намуд тасвир кунед ва ин вобастагиҳоро бароред. Чанд функсияи дигар ҳастанд, ба монанди [[версинус]] (1 − cos θ) ва [[экссекант]] (sec θ − 1), ки пештар дар ҷадвалҳои куҳан буданд, вале дар айни замон истифода намешаванд. Вобастагиҳои бештари ин функсияҳоро дар [[Рӯйхати айниятҳои тригонометрӣ|ин ҷо]] хоҳед ёфт.
7 502

edits