Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
New page: Осорхонаи миллии бостонии [[Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи Илмҳои Ҷумҳури...
 
No edit summary
Сатри 1:
Осорхонаи миллии бостонии [[Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон]] [[4 апрел]]и соли [[1996]] ташкил шуда, аз соли [[ 2001]] барои тамошобинон дарҳои худро боз кардааст.
Дар бойгонии осорхона зиёда аз 100 ҳазор бозёфтҳои бостоншиносӣ мавҷуд аст, ки аз ахди санг то охири асрҳои миёнаро дар бар мегирад.
 
Дар толорҳои осорхона изи одамони ибтидоӣ, ки аз нишемангоххои [[Кулдара]] 1-6 (800 ҳазор сол то милод), [[Қаратоғ]], Лоҳутӣ 1-12 (600 ҳазор сол то милод), [[Оби мазор]] 13-17 (500-400 ҳазор сол то милод) ба даст омадаанд ва инчунин ёдгориҳои маданияти неолитии [[Ҳисор]], ки аз тамоми манотиқи чумҳурӣ кашф шудаанд, гузошта шудааст.
 
Ба нахустин марказҳои тамаддун бошад ёдгории аҳли [[энеолит]] ва биринҷии [[Саразм]], ки дар болооби [[Зарафшон]] ҳаффорӣ шудааст, алоқаманд мебошад. Инчунин дар толорҳои осорхона теъдоди зиёди бозёфтҳои аҳди биринҷӣ (маданиятҳои бостоншиносии[[ Қайроқум]], [[Вахш]],[[ Бишкент]]) гузошта шудаанд, ки ба тамаддуни мардуми кишоварз ва саҳронишин мансубанд. Тақдири таърихии одамони аҳди бостон, ки дар [[Тоҷикистон]]и имрўзӣ зиндагӣ кардаанд мушкил ва фоҷианок будааст. Дар қарнҳои VI-IV то милод [[Осиёи Миёна]] дар ҳайати шоҳаншоҳии [[Ҳохоманишиён]] буд. Солҳои 30-юми қарни IV то милод ин шоҳаншоҳӣ аз тарафи [[Искандари Мақдунӣ]], ки бо як ғолибият [[Осиёи Хурд]], [[Миср]], давлатҳои [[Шарқи Наздик]]ро тасарруф кард, шикаста шуд. Танҳо 100 сол баъд, дар нимаи дуюми қарни III то милод, замони мавҷудияти шоҳигарии [[Юнону-Бохтар]] мардуми Осиёи Миёна ба тамаддуни гуногунҷабҳа ва боҳашамати [[элинистӣ]] шинос шудаанд.
 
Маьбади [[Окс]] дар шаҳраки [[Тахти Сангин]], дар ҷанубии Тоҷикистон (резишгоҳи [[дарёи Вахш]] ва [[Панҷ]]) ҳоло яке аз ёдгориҳои пурмуҳтавои меъмории замони Юнону-Бохтарӣ мебошад, ки дар қисмати шимоли [[Амӯдарё]] омӯхта шудааст. Дар он омезишёбии тамаддуни элинистӣ ва маҳаллиро мебинем. Охири қарни II-I то милод ин маъбади боҳашамат ва бой ба вайрона табдил меёбад. Ҳуҷуми қавмҳои [[кўчӣ]] аз дохили [[Осиё]] (муалифони антиқа онҳоро тохарӣ, чиниён юечҳо меноманд) ба тамаддуни Юнону-Бохтарӣ интиҳо гузошт ва империяи [[Кўшониён]]ро ба вуҷуд овард.
 
Осори замони тохарӣ-юечӣ дар ҳудуди Тоҷикистон асосан аз [[қургон]]ҳо ва қабристонҳои қарнҳои I то милодӣ - III милод ба даст омадаанд. Муҳаққиқони ёдгориҳои ибтидои асри миёнаро кашфиётҳои беҳамто интизор буданд: боқимондаҳои меъморӣ, чубкорӣ, муҷассамаҳо, гаҷкорӣ, деворнигораҳо ва ғайра, ки дар Сурд, Истаравшан, [[Тохаристони Шимолӣ]], аз қасрҳо, маъбадҳо, хонаҳои сарватмандон, тоҷирон, дайрҳои будоӣ ва ғайра ёфта шудаанд. Ҳар бозёфти нави санъати тасвирӣ моро ба фаҳмиш ва дарки маънавиёт ва адабиёти ниёгони тоҷикон наздик месозад. Дар пешрафти маданияти ноҳияҳои мухталифи [[Осиёи МиёнаиМиёна]]и ибтидоӣ асри миёна ягонагии умумии тараққиёт дида мешавад.
 
Муҷассама ва деворнигораҳои [[Панҷакенти Қадим]], [[Бунҷикат]] шоҳкориҳои тамаддуни ҷаҳонӣ мебошанд. Дар осорхона бозёфтҳои дайри будоии [[Аҷинатеппа]] мақоми махсусро доранд, ки аз ҳама машҳураш муҷассамаи 13 метраи «[[Буддо дар нирвана]]» мебошад, ки ба қарнҳои VII-VIII милодӣ мансуб аст.
 
Осори шаҳраки кӯҳканон [[Бозордара]] дар [[Помири Шарқӣ]] (асри XI милодӣ), [[Мушистон]] дар [[води Зарафшон]] (асрҳои X-XI милодӣ), [[Кони Мансур]] дар ноҳияи [[Хуҷанд]] (асрҳои IX-XI милодӣ), моҳияти муҳими илмӣ доранд.
Дар қарнҳои IX-XII пешрафт ва тараққиёти маданияти шаҳрӣ ва хунармандиро бозёфтҳои [[Хулбук]] (пойтахти [[Хутал]]), [[Сайёд]], [[Лагман]] ва [[Хуҷанд]] муаррифӣ менамоянд.
 
Бояд махсусан фонди тиллоии осорхонаро қайд кард, ки онҷо нодиртарин осори заргарй, хунармандӣ ва сиккаҳои мутаалиқи қарнҳои III то милод ва XIX милодӣ маҳфуз ҳастанд.
 
Ҳамин тариқ боздид аз Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон имконият фароҳам меоварад, ки ба таърих ва маданияти халқи [[тоҷик]] аз наздик шинос шавем.