Қаҳрамони Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
==Қаҳрамони Тоҷикистон==
[[Акс:HERO_OF_TAJIKISTAN.svg]]
[[Акс:Hero Tadschikistan.png|thumbnail|Ситораи «Қаҳрамони Тоҷикистон»]]
Унвони олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон '''Қаҳрамони Тоҷикистон''' барои хизматҳои шоиста дар назди давлат ва халқ супорида мешавад. Унвон ба шаҳрвандоне, ки барои озоди, истиқлолият ва рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон каҳрамонии ҳарбӣ ва меҳнатӣ намудаанд супорида мешавад. Унвони '''Қаҳрамони Тоҷикистон''' 31 июли соли 2001 ҷорӣ гардидааст.
 
Сатри 10:
'''[[Садриддин Айнӣ]]''' (с.1878 – 1954) - Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва диг., ки ба 29 заб. хориҷӣ нашр шудаанд. Соли 1997 бо унвони олии '''Қаҳрамони Тоҷикистон''' мукофотонида шудааст.
 
[[Акс:Hero TadschikistanHERO_OF_TAJIKISTAN.pngsvg|10px]]
'''[[Нусратулло Махсум]] Лутфуллоев''' (с. 1881 – 1938) - Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. С.1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, с.1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Ноҳақ қатл карда шудааст. Соли 2006 бо унвони олии '''Қаҳрамони Тоҷикистон''' мукофотонида шудааст.
 
[[Акс:Hero TadschikistanHERO_OF_TAJIKISTAN.pngsvg|10px]]
'''[[Шириншоҳ Шоҳтемур]]''' (с.1899 – 1937) - Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. С.1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, с. 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Ноҳақ қатл карда шудааст. Соли 2006, бо унвони олии '''Қаҳрамони Тоҷикистон''' мукофотонида шудааст.
 
[[Акс:Hero TadschikistanHERO_OF_TAJIKISTAN.pngsvg|10px]]
'''[[Бобоҷон Ғафуров]]''' (с.1909 – 1977) - Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якўми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари Пажуҳишгоҳи шарқшиносии ИҶШС. Соли 1997 бо унвони олии '''Қаҳрамони Тоҷикистон''' мукофотонида шудааст.
 
[[Акс:Hero TadschikistanHERO_OF_TAJIKISTAN.pngsvg|10px]]
'''[[Мирзо Турсунзода]]''' (с.1911-1977) -Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»(1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тољикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру(1967) сарфароз шуда буд. Соли 2001 бо унвони олии '''Қаҳрамони Тоҷикистон''' мукофотонида шудааст.
 
[[Акс:Hero TadschikistanHERO_OF_TAJIKISTAN.pngsvg|10px]]
'''[[Эмомалӣ Раҳмон]]''' - [[Президент]]и Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, такроран солҳои 1999 ва 2006 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Соли 1999 барои мустаҳкам намудани давлатдории соҳибистиқлол ва пойдории сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони олии '''Қаҳрамони Тоҷикистон''' мукофотонида шудааст.<ref name=""> Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик.Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010,с.14</ref><references />