Авесто: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 53:
Ҳеч миллате дар ҷаҳон чунин асри гаронбаҳои таърихи надорад. Мо аз ин мефахрем, меболем ва бояд пайваста аз панду андарзхои он бахравар бошем, зеро маънавиёти миллати мо аз он сарчашма гирифтааст. Матни пурраи Авасторо дар замони забткорихо Искандари Макдуни сухтанд. Мувофики ахбори таърихи Авасто дар ду нусха дар 12 хазор пусти гов бо оби тилло навишта шуда буд ва яке дар хазинаи шохи дар Персеполис ва дигаре дар маъбад нигох дошта мешуд. Макдунихо касри шохро горат карда,баъд оташ заданд ва Авасто хамрохи дигар китобхои хазина сухт. Нусхаи дуюмро ба Юнон бурданд ва ончо нобуд гашт. Мувофики гуфтаи муаррихи юнони Плини, Авастои Зардушт китоби бузургтарин дар чахон ва аз 2 миллион байт иборат буд. Тахмин меравад, ки Плини ин маълумотро аз хамон нусхаи ба Юнон бурда гирифта аст. Баъди юнонихоро аз Ориёшахр рондан Портхо ба гирд овардани Авасто пардохтанд ва ин кор ба анчом расида буд ё не, мо намедонем.Ба хар холл Авасто дар замони Сосониён аз нав мураттаб мешавад. Аммо ба Сосониён аз 1200 боб 347 бобро баркарор кардан муяссар гардид. Азбаски Авасто бо лахчаи мардуми Бохтар навишта шуда буд, барои фахмидани вай лугати тафсирие тартиб дода шуд, ки он «Занд» ном дошт.Дар замони Сосониён мубадон Авасторо мувофики шархи Занд мефахмиданд. Тафсири пахлавии Занд аз 2094200 вожа иборат буд.
 
Авасторо дубора арабхо сузониданд.Дар асрхои VII-IX арабхо точиконро ба бефарханги таъна мезаданд ва ба иззати нафси онхо мерасиданд. Дар мукобил гурруи миллии онхо бедор шуд ва номи миллати худро точик-точдор аз нажоди пок муаррифи сохтанд ва ба тарчимаи осори хатти худ ба араби шуруъ намуданд.Дар замони халифа Маъмун, ки модараш аз точикони балх буд мубохисае байни диндорони мусулмон, насрониён ва иброниён ташкил карда шуд,ки дар он мубади зардуштибо Номи Озарфаранбаг ширкат дошт.Дар ин мубохиса Озарфаранбаг нисбат ба хамаи намояндагони динхои дигар дастболо шуд ва халифа ба у ичозат дод, ки дар бораи Авасто ва ойини Зардушт китобе мураттаб кунад. Озарфаранбаг ба навиштани китобе ба номи «Динкард» Сар мекунад, лекин онро тамом карда наметавонад, зеро уро динжорони исломи куштанд. Навиштани «Динкард»-ро мубад Озарбод давом дода, ба охир мерасонад «Динкард» мухтасаран дарбораи бахшхои Авасто, аз чумлаи 21китоби замони Сосониён маълумот медихад.<ref> Бобоҷон Ғафуров.Тоҷикон.Китоби I-II. - Душанбе, Ирфон, 1998.Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011.</ref>
 
Дар хамин давра якчанд китобхои дигар монанди «Ардовирафнома», «Минуи хирад», «Бундахишн» ва дигар адабиёти зардушти навишта шуданд, ки мо аз онхо дар бораи ойини Маздаясно маълумот мегирем.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Авесто"