ГНУ/Линукс: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 17:
 
==Муњити графикии KDE==
Программаи ќабатии KDE – интерфейси пурра ва функсионалии истифодабарандаро муњайё сохта, ўро бо равзанањо ва меню, ки барои идораи файлњо ва иљрои программањо заруранд, таъмин менамояд. KDE ќабати стандартии командавиро иваз наменамояд, вай танњо истифодаи Linux-ро осон мегардонад. Дар асл KDE – ин лоињаи озод ва аз якдигар новобастаи садњо лоињакашони дунё ба шумор рафта, бањри эљоди муњити кории мўътадил ва самарабахши мизњои кории замонавї, танзимшаванда ва устувор, ки асосашонро архитектураи шабакавии компонентї ва шаффоф ташкил медињад, равона карда шудааст.
Соли 2001 версияи KDE 2.1 эљод шуд, ки вай муњити кории пуриќтидор, ќулай ва бо Интернет интегратсияшудаи Linux ба шумор меравад. Дар ин версия программаи Konqueror - WWW-браузери замонавї ва менељери файлї ва инчунин KDevelop – муњити программасозї барои такмили KDE њамроњ карда шудааст. Ин версия бо 33 забони љањон тарљума шудааст ва зиёда аз 100 пакети программањоро, аз ќабили бозињо, графика, мултимедиа, шабака, утилитњо ва ѓайра дар бар мегирад.
Командањоро одатан бо ёрии меню ё пиктограммањо дохил мекунанд. Агар онњоро бо ёрии интерфейси сатри командавї дохил кардан лозим бошад, он гоњ аз равзанаи shell (терминал, консол) истифода мебаранд. Аз равзанаи shell ќабати программавии Midnight Commander-ро низ ба кор даровардан мумкин аст, ки намуди зоњирї ва тарзи кори он ба Norton Commander хеле шабоњат дорад. На бояд фикр кард, ки кор бо файлњо ва системаи файлии Linux танњо тавассути сатри командавї амалї гардонида мешавад. Менељери файлии Konqueror имконият медињат, ки аз воситањои замонавии кор бо файлњо истифода бурда шавад. Вале донистани командањо ба истифодабаранда имконият медињад, ки тамоми нозукињои СО Linux ба таври самарабахш азхуд карда шавад.
 
 
== Барномаҳо ==