Ғанӣ Абдулло: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
No edit summary |
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) х таҳрир |
||
Сатри 1:
'''Ғанӣ Абдулло''' (Тав. 11.03.1912, гузари Cӯфӣ Розиқи ш. [[Самарқанд]] – ваф. 28.01.1984, ш. [[Душанбе]]), драматург, шоир, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1962), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1972). узви Иттифоки нависандагони Тоҷикистон (с.1934).
'''Ғанӣ Абдулло''' [[11 март]]и соли [[1912]] дар [[Самарқанд]] зода шуудааст. Соли [[1932]] факултаи адабиёти [[Донишгоҳи омӯзгории Самарқанд]]ро хатм кард ва ба [[Душанбе]] омад. Корманди илмии [[Пажӯҳишгоҳи омӯзгории Комиссариати маориф]], [[котиби Иттифоқи нависаандагони Тоҷикистон]], роҳбари [[Театри Давлатии Лоҳутӣ]] буд.▼
==Тарҷумаи ҳол==
▲
== Фаъолияти эҷодӣ ==
Фаъолияти эҷодиаш ибтидои с. 30 оғоз шудааст. Маҷмӯаҳои ашъораш “Ситораҳои сохтмон” (Д., 1932) ва “Бо номи Веддинг» (1933) дар Тошканд ба табъ расидааст. Шеъру достонҳои тоҷикии ӯ дар маҷмӯаи “Садо” гирд оварда шудаанд (1935). Дар ин муддат чанд мақолаи илмиаш ба табъ расидаанд. Яке аз онҳо “Ҷалол Икромӣ ва эҷодиёти ӯ” (1933). Аз ин баъд ба навиштани асарҳои саҳнавӣ миён бастааст. Муаллифи драмаҳои “Вахш” (1933); варианти дуюмаш “Водии бахт” (1934), “Рустам ва Сӯҳроб” (бо ҳамқаламии А.Пирмуҳаммадзода, 1935), “Шӯриши Восеъ” (1936), “Пеш аз субҳ” (1949), “Шарафи инсон” (1956), “Суруди кӯҳсор”, “Тӯфон” (бо ҳамқаламии Шамсӣ Қиёмов, 1957), “Ҳуррият” (1964), “Мо аз Боми Ҷаҳон” (1965), “Ҷомӣ ва Навоӣ” (1969), “Сарбозони инқилоб” (1971), “Фарёди ишқ” (1975), “Ситораҳои умед” (1975, дар бораи Шириншо Шотемуров), “Шамъи маърифат” (1978, дар бораи С.Айнӣ), “Мурғи саҳар” (1980, дар бораи А.Лоҳутӣ) , “Рухшона” (1982). С. 1972 барои драмаҳои “Ҳуррият” ва “Сарбозони инқилоб” сазовори Ҷоизаи давл. Тоҷ. ба номи Рӯдакӣ гардидааст. Беҳтарин асарҳояш дар маҷмӯаи “Ҳуррият” (1972) гирд оварда шудаанд. Бисёр асарҳои навис.рус ва ҷаҳон, аз ҷумла, пиесаи “Духтари бебисот”-и А.Островский, “Ҷавоне аз шаҳри мо”-и К.Симонов, “Платон Кречет”-и А.Корнейчук, “Арӯси оташ”-и Ҷ.Ҷабборлӣ, “Қурбонӣ”-и Р.Такҳур, “Доми фиреб”-и Т.Драйзер ва диг.-ро ба тоҷ. гардонидааст. Баъзе асарҳояш ба заб. русӣ, ӯзб. ва диг. халқҳои собиқ СССР тарҷ. ва нашр шудаанд.
== Мукофоту ҷоизаҳо==
* Бо ордени “Дӯстии халқҳо”,
* “Нишони Фахрӣ”,
* Ифтихорномаи Фахрии През. Сов. Олии Тоҷикистон ва Туркистон мукофотонида шудааст.
* Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Яке аз кӯчаҳои ш. Душанбе ба номаш гузошта шудааст.
{{bio-stub}}▼
==Манобеъ==
Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, - с.13-14
{{bio-stub}}
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]▼
▲{{bio-stub}}
[[Гурӯҳ:Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ]]
[[Гурӯҳ:Адибони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ: Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ]]
▲[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Дар Самарқанд таваллудшудагон]]
[[Гурӯҳ:Рӯзи 13 март таваллудшудагон]]
[[Гурӯҳ:Соли 1912 таваллудшудагон]]
]
|