Саразм: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Addbot (баҳс | ҳисса)
х Bot: Migrating 14 interwiki links, now provided by Wikidata on d:q422929 (translate me)
х Илова
Сатри 1:
'''Шаҳркадаи [[Саразм]]''' - яке аз ёдгориҳои қадимтарини давраи энеолит ва аввали асри биринҷӣ [[Осиёи Миёна]] мебошад. Номгузории [[Саразм]] аз калимаи тоҷикии «саризамин» ба вуҷуд омадааст.<ref>[http://www.sogdianapamir.tj/tajik-cities/sogd-region/penjikent.html]</ref>.
ОнСаразм дар Тоҷикистонсоҳили чапи яке аз дарёҳои бузурги [[Осиёи Миёна]] - [[Зарафшон]], дар баландии 910 м аз сатҳи баҳр 15 км ғарбтар аз шаҳриш. [[Панҷакент]] ва 45 км дуртар аз ш.[[Самарқанд]] ҷойгир аст. <ref>http://www.sogdianapamir.tj/tajik-cities/sogd-region/penjikent.html</ref>. ҷойгир аст.
 
== Санагузорӣ ==
СаразмСаразми бостон ба солҳои 3400 – 2000 п.м. мансуб аст.
== Ҳафриёт==
Барои илми бостоншиносӣ, умуман барои кулли инсоният кашфи бошишгоҳи Саразм бозёфти беназир будааст. Бояд таъкид кард, ки заҳматҳои нахусткашшофи Саразм Абдулло Исҳоқиро нимаи дуюми солҳои 70 саромад. Бо амри тасодуф пиронсоле як сокини маҳаллӣ бо насаби Тайлонов табарзин меёбад ва пас аз шаш соли андеша оқибат онро ба Исҳоқӣ медиҳад ва сири Саразм Рушан мешавад. Акнун бахти археолог механдад ва ковишҳо шурӯъ мегарданд.
 
Шаҳркадаи Саразм масоҳати умумии 100 гектарро дарбар мегирад
Шаҳри Саразм дорои қаср ва маъбад, маҳаллаҳо ва кўчаҳо буд. Саразмиҳо бо кишоварзӣ ва чорвопарварии хонагӣ машғул буданд. Истеҳсол ва коркарди фулузот низ хеле инкишоф ёфта буд, маъданро аз конҳои гирду атроф мегирифтанд. Ҳини ҳафриёт кўраҳои фулузгудозӣ, хумдонҳои сафолпазӣ ва 150 намуд ашёҳои биринҷӣ ба монанди корд, ханҷар, табарзин, нўги найза, мўҳри сурбӣ, ашёҳои тиллоӣ ва нуқрагӣ ёфт шудаанд. Заргарӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, бофандагӣ ва соҳаҳои дигар низ тараққӣ карда буд. Саразмиҳо бо сокинони ҷанубу шарқии [[Туркманистон]], шимоли [[Эрон]] ва Балуҷистону[[Балуҷистон]]у [[Сиистон]] иртиботи фарҳангӣ доштанд.
Шаҳркадаи Саразм аввалин мероси таърихии Тољикистон аст, ки соли [[2010]] '''ба феҳристи мероси умумибашарии ЮНЕСКО''' дохил шудааст.
== Таърих ==
Шаҳрсозӣ дар тамоми сайёраи Замин ҳанӯз дар миёнаи дуюми ҳазораи IV ва ибтидои ҳазораи III қабл аз мелод дар Шумеру Акад ва Мисру Ҳиндустон, дар ҳазораи III-II дар Чин, ҳазораи I дар Мезоамерика ва танҳо дар ҳазораи II пеш аз милод дар Аврупои шарқӣ оғоз шудаанд. Ана Саразми Панҷакенти Тоҷикистон ҳам дар охири ҳазораи IV пеш аз милод вобаста ба хамун сол рушд кардаасту инкишоф. Ба чандин далел метавон Саразмро шаҳри қадима чи ки ҳатто пеш аз қадима номид. Вижа, биноҳои монументали, кӯчаҳои сангфаршуда, нобаробарии молу мулки, ба табақаҳои иҷтимои ҷудошавии ҷомеъа, савдову тиҷорат, дӯконҳои сонеъи, кишоварзӣ, чорводории айлоқӣ ва хонагӣ, кулолгарӣ, маъданҷӯиву маъдангудозӣ, заргарӣ, бофадандагиву ресандагӣ, чармгарӣ, сангтарошӣ ва коркарди чӯб хуллас ҳама чи ки он вақт буд ва ҳоло ҳам ин пешаҳо маъмуланд. Ҳамин аст рукнҳои шаҳрсозӣ, ки хоси Осиё мебошанд. Аслан наметонад як қабила бе кӯмаку дастгирӣ ва мубодилаи таҷрибаи қабилаи ғайр ба муддати тӯлони пойдор бимонад. Мавкеъи ҷуғрофии Саразм имкон дод, ки аз қавму қабоили дигар дониши иловагӣ гиранду бо дониши хеш онро синтез кунанд. Инчунин ба пешрафти савдову тиҷорати байни қабилаҳо, ки яке аз роҳҳои марказии он аз Саразм мегузашт, пеш аз хама нишонаҳои зерин асос шудаанд: тахассуси байниқабилавӣ, алоҳида рушд кардани кишоварзӣ аз ҳунармандӣ, аммо дар шакли мутамарказ, тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ва васоити истеҳсолот, пешрафти чорводории хонагӣ ва коҳиш ёфтани мавқеъи шикор дар ҷомеъа, азхудкунии сарватҳои табии ва бисёр-бисёр чизи дигар. Ин муҷиб ба он шуда, ки суғдзамин ҳам ба воситаи Саразми бостонӣ ба роҳи абрешим шомил мегардад.
 
Аз бозёфтҳои Саразм рушан мешавад, ки лоҷуварди Бадахшон, ақиқи Қайроққум, фирӯзаи Хоразму Фарғона, зарфҳои наққошишудаи фарҳанги Балуҷистону Систону Балх тавассути иртиботи тиҷоратӣ ба Саразм ворид гаштаанд. Маҳз саразмиён дар шимолу шарқӣ Осиёи Маркази паҳнкунандагони лоҷуварду маҳсулоти маъданӣ ба ҳисоб мераванд.
Шаҳркадаи Саразм аввалин мероси таърихии Тољикистон аст, ки соли [[2010]] ба феҳристи мероси умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст.
 
Барои халқи тоҷик бошад фахри беинтиҳо ва далели мӯътамад, ки решаҳои тоҷик то ба куҷо меравад. Пас метавон мудаъи шуд, ки маҳз мо тоҷикон ба ҷаҳон таммадун додаем ва оғози таммадун аз мулки тоҷик сарчашма мегирад. Солҳои аввали омӯзиши Саразм ақидае роиҷ буд, ки гӯё Саразм аз теппачаҳои начандон калон ва деҳоти аз ҳам дур мураттаб аст, ки ба давраи энеолит рост меояд. Вале тадқикоту омӯзиш ва зери кишти зироатҳо собит кард, ки ин андеша билкул ботил аст. Саразм шаҳр аст на деҳот.
Иқлими мусоид, шароити қулай, боду ҳавои соз мардуми нахустро дар Саразм сарҷамъ кард. Инчунин барои ба роҳ мондани саноати сабуку вазнин кӯҳҳои Зарафшон ҳам созгор будааст. Ҳамчунин бозёфтҳои Саразм либосҳои пашмӣ ва дастгоҳҳои бофандагӣ, сӯзанҳо аз сангу устухон, кӯзаву кӯзачаҳои сафолӣ, коркарди кургошиму қалъагӣ ки истакону зарфҳо, мӯҳр аз он омада мешуданд, аз мис олотҳои рӯзгор корд, табар, тир бар тақвияти суханҳои мо далеланд. Синони пайкон, ки аз сангу мису биринҷ бо тароҳҳои гуногун сохта шудаанд, аз гароиш доштани мардуми онвақта ба шикор гувоҳӣ медиҳад. Аммо бо мурури замон ҳине ки чорводорӣ рушд мекунад, шикор ба хобби табдил меёбаду бас, ки то ҳол маъмул аст.
== Пайнавиштҳо ==
===Маликаи Саразм===
<references/>
Лекин бояд қайд кард, ки гаронтарин бозёфти Саразм ин гӯри маликаи Саразм мебошад. Малика хеле ҷавон тахминан дар синни 25 солагӣ вафот мекунад. Аммо модар будани ӯ собит шудааст. Ба хок супоридани майит ҳам аҷиб мебошад. Ба он гунае ки тифл дар батни модар ҷойгир мешавад, ба ҳамон гуна ӯро дафн мекардаанд. Кадом малика беороишот аст? Вале чун реҳлат кард, ҷавоҳиру ороишот ҳам ҳамроҳи соҳибаш ба хок мерафтааст. Яъне номгӯи ороишоти Малика ин муҷассамаи худи ӯ аз гил, гарданбанди тиллоӣ, шаббаххо аз фирӯзаву лоҷувард, оҳаксангу ақиқу нуқра. Сафедаву упо ва ойина ин ҷиҳози ороишии малика будаанд. Аммо бино бар ривоятҳо арвоҳи маликаи саразм баъзан - баъзан шабона дар шаҳристон сайр мекунад. Инро ба кофтуковҳо рабт медиҳанд.
===Саразми бостон===
Саразм чор давраи чандҳазорсолиро гузаронидааст. Аз руйи деворҳои пайдошуда шаҳр аз чор қабат иборат аст, ки фосила байни ҳар давра беш аз ҳазорсолист. Ва тавре мушоҳида мешавад аз як давра ба давраи дигар иморатсози модерн шудааст.
 
Таҷрибаи чандинсолаи гирдоварда дар сохтани нахустшаҳри гетӣ мусоидат кардааст. Шаҳрчаи Саразм нақшаи муайяне надошт ва гирди он бо девори дифоъи муҳофизат намешуд. Зеро аз ҳасму аду хавф набуд. Чангу лашкаркашӣ дар натиҷаи рақобат баъдтар сар мезанад. Саразм дар айёми шаклгирӣ масоҳати беҳад калонро ишғол мекардааст.
Шаҳр чунон сохта шудааст, ки дар замони ҳозира ҳам дар бунёди шаҳрҳо ин омилҳо ба инобат гирифта мешаванд. Биноҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмурӣ ва ибодатхонаҳо.
Биноҳои истиқоматӣ аз биноҳои маъмурӣ ва маъбадҳо ба кулли фарқ мекунанд. Биноҳои истиқоматӣ аз се-чаҳор ҳуҷраҳои хурд-хурд, саҳни ҳавлӣ ва якчанд ҳуҷраи дигар барои маҳфузи анҷому лавозимоти рӯзгор иборат аст, ки тангкӯчаю паскӯчаҳоро ҷудо мекунад. Ин биноҳои истиқоматӣ дар ибтидои бунёд хеле сода будаанд. Бо мурури замон онҳо ҷадидтар мешаванд. Аз боқимондаҳои чӯбҳои пӯсида ва пайи чӯбҳо дар болои лойдевор аён аст, ки хонаҳо ва умуман иморатҳо аз ҳамон вақт бо чуб пӯшонида мешудаанд. Ба ростӣ, хонаҳои ҳозираи тоҷикҳо ба хонасозии ҳамон давра хеле ва хеле монанд аст, вижа ба кӯҳистони мо ва танҳо аз назари эътиқоди андак фарқ мекунад.
Раставу дӯконҳои ҳунармандӣ дар наздикии хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир шудаанд. Оташдонҳо барои маъдангудозӣ ҳам ёфт шудааст.
Биноҳои маъмурӣ бошанд аз якчанд толорҳои барҳавову даҳлезҳои баробарсамт иборат буда, бештари онҳо дар болои таҳкурсиҳои аз хишти хом сохташуда, дорои ду-се дари даромад ва якчанд тирезаҳои барҳавоянд. Маълум аст, ки меъморони бостонӣ сохти биноро пешакӣ матраҳ мекардаанд. Ҳокимони маҳалӣ аз ҳамин ҷо халқро идора мекарданд ва ҳатто қарору қоида ҳам ҳабул мешуддааст, ки бо ин мӯҳр тақвият меёфтанд. Ҳокими мутлақ доштани Саразми бостонӣ аз эҳтимол дур нест.
 
Саразмиёни бостон дар баробари барзгару ҳунарманд, тоҷиру меъмори замони хеш будан, дар рушди маданияти маънавӣ низ саҳм мегузоранд. Ҳанӯз аз охири ҳазорсолаи IV пеш аз милод дар биноҳои маъмулии саразмиён бузургдошти оташро мебинем, ки баъдан яке аз рукнҳои дини Зардуштӣ мегардад. Алъон якчанд маъбад дар Саразм бармало шудааст, ки аз эътиқоду эътимоди мардум дарак медиҳад. Дар маркази фарши толори ибодатхонаҳо оташдонҳои чоркунҷа сохта шуда, дар байни он ум ки начандон ҷуқуре барои барафрӯхтани оташ мавҷуд аст. Аз боқимондаи устухонҳо дар дохили баъзе иморатҳо маълум мешавад, ки қурбон кардани мол аз ҳамон вақт ба ҳукми одат даромадааст. Дар рӯзгори пешина гови муқаддаси турро қурбон мекардаанд. Воқеан мардуми Саразм истеъмоли чорвои 1-1,5 соларо меписандидаанд, чаро ки бештари устухонҳои боқимонда шаҳодат медиҳанд.
 
Кишоварзӣ ба сони дигар соҳаҳо дар Саразм то замони заволи он рушд кардааст. Сойи аз болои шаҳр ҷоришуда ба ин мусоидат мекард. Саразмиҳо рустанихоеро парвариш мекарданд, ки дар байни инхо ҷав ва гандум мавқеъи вижаро ишғол менамуданд. Намудҳои олоти деҳқонии Саразм бой нест. Каланди чӯбин, досҳои ҳархела ва шудгори ҷуфтӣ аз эҳтимол дур нест.
 
Дар масоҳати беш аз 100 га Саразмро бунёд кардаанд ва аҳолии он аз 3000 нафар иборат буда, дар марҳилаи интиҳоӣ, оқибат қариб, ки ба 10000 мерасад. Замони заволи Саразм аниқ аст, аммо сабабаш не. Танҳо ҳадс задан мумкин аст, ки ё аз хушк шудани сойи болои шаҳристон мардум ин ҷоро тарк кардаанд ва ё ҳодисаи табиие ба мисли Шарораи ҳозира онро ба харобазор табдил додаст. Ҳоло баъзе бозёфтҳо дар музейи Саразм маҳфузанд, вале аз сабаби набудани лабаратория ба вайроншавӣ даромадаанд.<ref> [http://www.safina.tj/sarazm_va_panjakent.html Саразм ва Панҷакент/ТВ Сафина]</ref>
== Манобеъ ==
Исаков А. Саразм. — Душанбе, 1991.
Раззоков А. Саразм. — Душанбе, 2009
 
== Пайвандҳои беруна ==
<references />
* [[Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО]]
* [http://mirtv.ru/content/view/69171/51/ МТРК «Мир»: Городище Саразм в Таджикистане объявлено историко-археологическим заповедником]
* [http://tdc.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=9:2010-02-24-10-08-36&catid=8:2010-03-01-05-24-12&Itemid=26&lang=ru/ Site of the ancient settlement of Sarazm]
Line 26 ⟶ 45:
* [http://www.advantour.com/rus/tajikistan/penjikent/sarazm-settlement.htm Пенджикент - Поселение Саразм]
 
 
* [[Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО]]
[[Гурӯҳ: Осиё]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Саразм"