Маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

== Маҷмӯи маҳсулоти миллӣ (МММ) ва усулҳои ҳисобкунии он ==
 
Натиҷаи фаъолияти иқтисоди миллиро мол ва хизматҳое ташкил медиҳанд, ки дар мӯҳлати муайяни вакт истеҳсол шудаанд ва онҳоро маҳсулоти миллӣ меноманд. Нишондиҳандаҳое, ки ҳаҷми маҳсулоти миллӣ ва умуман, натиҷаи фаъолияти иқтисоди миллиро нишон медиҳанд, бо тавсияи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) истифода карда мешаванд ва онҳоро нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ низ меноманд. Яке аз ҳамин гуна нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ маҷмӯи маҳсулоти миллӣ (МММ) мебошад.
 
'''Мувофиқи усули хароҷотҳо''' МММ бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:<br />
''''''''''MMM=C+Jg+G+N'''Bold text'''x'''''
Чӣ тавре ки аз ин формула бармеояд, таркиби МММ аз рӯи хароҷотҳо аз қисмҳои зерин иборат аст: хароҷотҳои истеъмолии шахсӣ (С), маблағгузориҳои умумӣ (Jg), хароҷотҳои давлатӣ (G) ва содироти соф (Nx).<br />
Ба хароҷотҳои истеъмолии шахсӣ (С) хароҷотҳо оид ба харидани маҳсулоти ниёзи аввала (хӯрокворӣ, пӯшока ва ғайра), молҳои истифодаашон дурудароз ва хизматҳо дохил карда мешаванд.<br />