Озмоишгоҳи сифати тухмӣ ва дони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Озмоишгоҳи сифати тухмӣ ва дон
(бе тафовут)

Нусха 05:59, 24 Декабри 2013

Озмоишгоҳи сифати тухмӣ ва дон дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Таърих

Соли 2006 бо дастгирии Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Тоҷикистон , ки аз тарафи Оҷонсии ҳамкории байналмилалии Шветсия (SIDA) маблағгузорӣ мегардад, сохта ба истифода дода шуд. .

Фаъолияти озмоишгоҳ

Озмоишгоҳ иборат аз 2 бахш, бахши аввал барои омӯхтани сифати тухмии кулли зироатҳои кишоварзӣ бахусус ғалладонагӣ, бахши дуввум барои омӯзиши касалиҳои фитопотологии зироатҳои ғалладонагӣ ва барангезандаҳои он равона гардидааст. Озмоишгоҳ бо дастгоҳҳои замонавии ташхиси сифати тухмӣ ва касалиҳои он ҷиҳозонида шудааст. Дар озмоишгоҳ як қатор санҷишҳои лабораторию ҳисобкуниҳои амалӣ марбут ба тухмӣ ва сифати он, ки барои агроном ва дигар мутахассисони тавъам ба он донистан зарур аст, гузаронида мешавад. Ҳисобкуниҳо аз қабили муайян намудани вазни 1000 дона тухмии зироатҳои мухталиф, муайян кардани меъёри тухмии киштшавандаи зироатҳо, меъёр ва нақшаи шинонидани лӯндаҳои картошка, муайян кардани миқдори зарурии қаламчаҳо барои кишт ва санҷишҳои лаборатории тозагии тухмӣ, қобилияти сабзиш, қувваи сабзиш, шаффофият, тозагии навъ, дараҷаи пуррашавии дон, лаёқати киштбобии тухмӣ, ширанокии дон ва амсоли ин баҳо дода мешавад.

Пайвандҳои беруна